Ронандаи погрузчик
- Таҷриба: аз 3 сол
- Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ҶДММ "Заринк"
- Реҷаи кор: Берун аз ҷойи истиқомат
- Самти фаъолияти ширкат/корхона: Истеҳсолоти кӯҳӣ
Ширкати аврупоӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан барои иҷрои лоиҳаи калони истихроҷи маъдан дар ноҳияи Сангвори Боло (ноҳияи Тавилдара) ронандагони таҷрибадори погрузчикро бо таҷрибаи корӣ дар шароити конӣ ва риояи қатъии меъёрҳои бехатарӣ ба кор даъват менамояд. Муҳлати вахта, шароити расмию иҷтимоӣ ва ҳамаи таъминоти зарурӣ барои фаъолияти самаранок ва бехатар кафолат дода мешаванд.
Вазифаҳои асосӣ:
1. Идора ва рондани погрузчик барои борфарорӣ ва боркунии маводи конию истеҳсолӣ;
2. Таъмини амалиёти мунтазами борбардорӣ ва интиқоли мавод дар ҳудуди корхона/кон тибқи дастури диспетчер ё сардори участок;
3. Гузаронидани назорати рӯзмарраи техникии техника (шинаҳо, моеъҳо, чароғҳо ва ғ.), санҷиши ҳолати бехатари истифода;
4. Огоҳ намудани механик дар ҳолати пайдо шудани носозӣ ё садамаҳои эҳтимолӣ;
5. Гузаронидани ҳуҷҷатгузории техникии зарурӣ: варақаи роҳ, журналҳои назоратӣ, ҳисоботи корӣ (агар зарур бошад);
6. Риояи қатъии талаботҳои ҳифзи меҳнат ва қоидаҳои дохилии ширкат.
Талабот ба номзад:
1. Шаҳодатномаи амалкунандаи машинисти погрузчик;
2. Таҷрибаи кор на камтар аз 2 сол бо техникаи борбардор;
3. Дониши техникии ибтидоӣ оид ба таъмиру нигоҳдорӣ, санҷиши садамаҳои оддӣ;
4. Истеъдод барои кор дар муҳити истеҳсолӣ, масъулиятшиносӣ ва интизомнокӣ;
5. Қобилияти кор дар даста ва иртибот бо кормандони дигар.
Шартҳои кор ва кафолатҳо:
1. Кор дар асоси вахта (бо мувофиқа);
2. Нақлиёти хизматӣ аз шаҳри Душанбе то минтақаи корӣ ва баргашт;
3. Хӯроки севақта ройгон;
4. Ҷойи зисти ройгон, бо шароити муносиб ва гигиенӣ;
5. Либоси махсус ва воситаҳои ҳифзи шахсӣ аз ҷониби ширкат таъмин карда мешаванд;
6. Қабул ба кор тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо тамоми кафолатҳои иҷтимоӣ.
Эълонҳои монанд








Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust