Хазинадор дар филиали н.Дусти

Дӯстӣ (Ҷиликул)
Санаи ҷойгиршавӣ: 03.07.2025 14:05 ID эълон: 14151425
  • Таҷриба: аз 1 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: к. Ҷаббор Расулов 9
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Кори бонкӣ

Ӯҳдадориҳои асосӣ:

• Ба мизоҷони ТАҚХ «ФИНКА» бо эҳтиром ва самимона хизматрасониҳои босифатро фароҳам меорад;

• Ҳангоми дубора шумурдани воситаҳои пулӣ бодиққатӣ ва покизакориро зоҳир намуда, дар вақти гирифтан ва ё таҳвили маблағҳои пулӣ ба хатогӣ роҳ намедиҳад;

• Шарту шароитҳои қарздиҳӣ ва сиёсату тартиботҳои ширкатро ба мизоҷони наву такрорӣ фаҳмонида медиҳад;

• Ҳангоми таҳвили воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсро тафтиш менамояд;

• Пеш аз қабул кардан ё таҳвили пул дуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои хазинавиро тафтиш мекунад ва мавҷуд будани ҳама имзоҳои заруриро санҷида мебарояд;

• Дар ҳолати ба зиммаи хазинадор вогузошта шудани ӯҳдадориҳои «ифтитоҳдиҳанда» («инаугуратор») – ӯ ба мизоҷон муқаррароти шартномаи қарзиро баён менамояд ва ба онҳо ҷадвали пардохти қарз, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида медиҳад.

• Воситаҳои пулии қабулшуда ва таҳвилшударо дар китобҳои хазинавии марбута сабт менамояд;

Ихтисоси матлуб:

• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯи тахассуси муҳосиб, иқтисодчӣ, мутахассиси молиявӣ;

• Мавҷудияти Шаҳодатнома (сертификат) барои иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ;

• Донистани кор бо компютер (барномаҳои Word, Excel);

• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ аст;

• Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;

• Покизакорӣ ва масъулиятнокӣ;

________________________________________

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

________________________________________ Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 15 июли соли 2025 ба суроғаи н. Дӯстӣ, кӯч. А.Рӯдакӣ 71, идораи ФТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 514 80 38

ҶДММ ТАҚХ ФИНКА тарафдори фароҳам овардани имкониятҳои баробари касбӣ барои мардон ва занон аст, аз ин рӯ мо ҳамаи занони соҳибихтисосро даъват менамоем, ки дар ин озмун фаъолона ширкат варзанд.

Барои таваҷҷуҳатон ба ташкилоти мо ташаккур изҳор менамоем!

Шартномавӣ
ФИНКА Таджикистан ФИНКА Таджикистан

Дар сайт аз май, 2016

Дигар молҳои ин фурӯшанда
Ба дигарон гуфтан
×

You need to pass document verification to proceed
Take a photo of document
Scan your face by camera
Pass document verification
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Your document verification is now being processed.
This usually takes up to 60 minutes.
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Error 400
Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
This account is verified by E-mongolia
Verify your account by E-Mongolia
  • verified
    This account has a verified association with E-mongolia
  • calendar
    Verified since
  • verified
    Your ad will be marked as verified
  • thumb
    Advertising will receive more attention and trust