Муҳандис оид ба ҳифзи меҳнат, техникаи бехатари ва бехатари аз сухтор
Муҳандис оид ба ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ аз сухтор ________________________________________
ӮҲДАДОРИҲОИ АСОСӢ:
• Иҷро, назорат ва таъмини риояи талаботи қонунгузории амалкунанда оид ба ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ аз сухтор;
• Муайян ва арзёбӣ намудани хавфҳо дар муҳит ва равандҳои корӣ, таҳия ва татбиқи сиёсат ва стратегияи марбут;
• Таҳияи ва татбиқи нақшаҳои бехатарӣ, ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ аз сухтор;
• Ташкили омӯзишҳо барои кормандон мувофиқи талаботҳои қонунгузорӣ;
• Гузаронидани санҷишҳои муҳити корӣ барои мутобиқат ба талаботи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ аз сухтор;
• Таҳлили таъсири муҳити зистии фаъолияти корхона ва назорати коркарди партовҳои хатарнок;
• Таҳия, татбиқ ва нигоҳдории сиёсати бехатарии аз сухтор ва тартиботи марбут;
• Гузаронидани арзёбиҳои хавфи сӯхтор ва аудитҳои мунтазам;
• Санҷиш ва нигоҳдории дастгоҳҳои хомӯшкунандаи сӯхтор, сигнализаторҳо, системаҳои пошидани об ва дигар таҷҳизоти муҳофизат аз сӯхтор;
• Гузаронидани машқҳои эвакуатсионӣ ва амалиёти таъҷилӣ;
• Омода ва таҳияи ҳисобот оид ба стандартҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ аз сухтор;
• Ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ аз сухтор.
ТАЛАБОТИ АСОСӢ:
• Маълумоти олии техникӣ;
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаҳо на кам аз 3 сол;
• Донистани қонунгузории амалкунанда, тартиби гузаронидани аудит, санҷиш ва муайянсозии хавфҳо;
• Қобилияти таҳияи нақшаҳои фавқулодда, шинос будан бо таҷҳизоти бехатарӣ ва талаботи нигоҳдории он;
• Шинос будан бо системаи HACCP;
• Малакаҳои хуби таҳлилӣ ва ҳаллу фасли мушкилот ва муошират;
• Истифодабарандаи хуби компютери шахсӣ ва системаҳои муосири иттилоотӣ;
• Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ – бартарият дорад.
Номзадҳо метавонанд дархостҳо / маълумотномаҳои (CV) худро ба почтаи электронии hr@serena.com.tj то 31 июли соли 2025 ирсол намоянд.
Телефон барои тамос: +992 93 566 0386 (танҳо дар рузҳо ва соатҳои корӣ).
Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “Муҳандиси ҲМ, ТБ ва БС” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад.
Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.
Эълонҳои монанд




Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust