Омӯзгори фанни Биология
🧬 ЭЪЛОН
Маркази забономӯзӣ Алфози Ширин дар ҷустуҷӯи омӯзгори фанни Биология мебошад, ки бо маҳорати баланд ва муҳаббат ба касби омӯзгорӣ метавонад дар таълиму тарбияи шогирдон саҳмгузор бошад.
Мо муҳити таълимии замонавӣ ва дӯстона пешниҳод менамоем, ки барои рушди касбӣ ва амалӣ намудани қобилияту истеъдодҳои омӯзгорон мусоидат мекунад.
✅ ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:
Маълумоти олии тахассусӣ дар соҳаи Биология
Таҷрибаи корӣ дар самти омӯзгорӣ на кам аз 1 сол (барои довталабони ботаҷриба афзалият дода мешавад);
Донистани усулҳои муосири таълим, истифодаи технологияҳои интерактивӣ (проектор, платформаҳои рақамӣ, омӯзиши онлайн);
Қобилияти фаҳмондани мавзӯъҳои мураккаб бо забони сода ва шавқовар;
Донистани забони русӣ ё англисӣ ба сатҳи фанниву гуфтугӯ (барои кор бо шогирдони гурӯҳҳои забономӯзӣ муҳим аст);
Маҳорати кор бо синну соли гуногун (хонандагони синфҳои 6–11, довталабон, донишҷӯён);
Одобу рафтори касбӣ, масъулиятшиносӣ ва диди эҷодӣ.
🎯 ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
Гузаронидани дарсҳои фанни Биология дар гурӯҳҳои хурд ва фардӣ (офлайн ва онлайн);
Омода кардани нақшаи дарсӣ, маводҳои методӣ ва супоришҳои санҷишӣ;
Баҳо додан ба пешрафти шогирдон ва таҳияи тавсияҳо барои рушди минбаъда;
Иштирок дар семинарҳо, машваратҳо ва чорабиниҳои дохили марказ;
Ҳамкорӣ бо дигар омӯзгорон ва маъмурияти марказ барои баланд бардоштани сифати таълим.
🏫 МО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ:
Муҳити кории дӯстона, эҷодӣ ва ҳавасмандкунанда;
Маоши рақобатпазир ва пардохтшаванда саривақт (ҳармоҳа/соатбайъ);
Соатҳои кории чандир (гибкий график) — мувофиқ барои омӯзгорони соати озод, донишҷӯёни курси боло ё омӯзгорони собиқадор;
Имконияти рушди касбӣ: семинарҳо, , дастгирии методӣ;
Таҷҳизоти муосири таълимӣ ва синфхонаҳои барҳаво.
📑 ҲУҶҶАТҲОИ ЛОЗИМА:
Нусхаи дипломи таҳсилоти олӣ ва замимаи он;
Тарҷумаи ҳол (CV) бо нишон додани таҷрибаи корӣ;
Нусхаи шиноснома ё шаҳодатномаи шахсият;
Маълумотнома аз ҷойи кор (агар мавҷуд бошад);
Шаҳодатномаҳо ё сертификатҳои иловагӣ (агар дошта бошед).
📅 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то санаи _______________
📞 Тамос бо мо:
📍 Суроға: ш. Душанбе кӯчаи Асадулло Гуломов 13 ориентир болои мости 103“”
📧 Email: jaloliddinkholov@mail.ru
📲 Телефон: +992 101999998
(WhatsApp / Telegram дастрас аст)
🌐 Сомона: www.alfozishirin.tj
🎓 Мо бесаброна интизори ҳамкории судманд бо Шумо ҳастем!
Бо мо дониши муосир ва муҳити илҳомбахш интизори шумост.
Эълонҳои монанд


Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust