Агроном-машваратчи
Вакансия: Агроном-машваратчӣ (ш. Кӯлоб)
Ширкати «Маркази аграрии» ш. Кӯлоб ба гурӯҳи худ мутахассиси соҳаи агрономиро ҷалб менамояд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо фурӯши воситаҳои ҳимояи растанӣ (ВҲР), нуриҳои минералӣ, тухмӣ ва ниҳолҳо мебошад.
📌 ВАЗИФАҲО:
• Машварат додан ба хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба парвариши зироатҳои кишоварзӣ;
• Таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ;
• Интихоб ва тавсия додани нақшаҳои мубориза бар зидди бемориҳо, ҳашарот ва алафҳои бегона;
• Гузаронидани намоишҳо, семинарҳо ва мулоқотҳои саҳроӣ;
• Ҳамроҳӣ ва дастгирии деҳқонон дар тамоми марҳилаҳои нашъунамои зироат;
• Пешбурд ва фурӯши воситаҳои ҳимояи растанӣ, нуриҳои минералӣ, тухмӣ ва ниҳолҳо ва ғайра.
📌 ТАЛАБОТ:
• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаи «Агрономия», «Ҳифзи растаниҳо» ё соҳаҳои алоқаманд;
• Таҷрибаи амалӣ дар кишоварзӣ на камтар аз 3 сол (беҳтараш дар соҳаи ҳимояи растаниҳо);
• Донистани технологияҳои муосири парвариши зироатҳои асосии минтақа (пахта, ғалладона, полезӣ, боғдорӣ, токзор);
• Қобилияти гузаронидани машварат ва презентатсияҳо;
• Иқтидор дар муошират ва муносибат бо деҳқонон;
• Омодагӣ ба сафари корӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон.
📌 МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ:
• Кор дар ширкати устувор ва рушдёбанда;
• Музди меҳнати муносиб (маош + фоиз аз фурӯш);
• Омӯзиш ва дастгирӣ аз ҷониби мутахассисони таҷрибадор;
• Имконияти рушди касбӣ ва пешрафт дар агробизнес;
• Нақлиёти хизматӣ барои сафарҳои саҳроӣ.
📌 ТАМОС:
Резюме-и худро то 25 сентябри 2025 ба почтаи электронии agricenter.tajikistan@gmail.com ё ба WhatsApp +992 933 44 55 56 фиристед.
Эълонҳои монанд


Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust