Эксперти қарзӣ
ҶДММ ТАҚХ "Пайванд Гуруҳ" барои ишғоли вазифаи «Эксперти қарзӣ» озмун эълон менамояд.
Ҷойи кор: шаҳри Душанбе
Навъи шартнома: доимӣ (бо муҳлати санҷишӣ)
Музди меҳнат: шартномавӣ
ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
• Гузаронидани таҳлили молиявии мизоҷон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ);
• Арзёбии пардохтпазирӣ ва қобилияти қарзгирии муштариён;
• Омода намудани хулосаҳои қарзӣ ва пешниҳод ба Кумитаи қарзӣ;
• Назорати истифода ва саривақтӣ баргардонидани қарзҳо;
• Иштирок дар таҳияи тавсияҳо оид ба коҳиш додани хавфҳои қарзӣ;
• Муошират ва ҳамкорӣ бо мизоҷон дар марҳилаҳои гуногуни қарздиҳӣ.
ТАЛАБОТҲОИ ТАХАССУСӢ:
• Таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
• Камаш 2 соли таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкдорӣ, молия ё қарздиҳӣ;
• Донистани меъёрҳои қонунгузории молиявӣ ва қарзӣ;
• Маҳорати таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ;
• Дониши хуби компютерӣ (MS Office, Excel – сатҳи пешрафта);
• Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (англисӣ бартарӣ дорад);
• Маҳорати хуби муошират, масъулиятшиносӣ ва кор дар гурӯҳ.
ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ:
• Ариза (ё номзаднома) ба унвони Роҳбари Ташкилот;
• Тарҷумаи ҳол (CV);
• Нусхаи диплом ва замимаҳо;
• Нусхаи шиноснома;
• 2 адад акс (3х4).
МУҲЛАТИ ҚАБУЛ:
Ҳуҷҷатҳо то санаи 07.10. 2025 дар суроғаи зерин қабул карда мешаванд:
ш. Душанбе, кӯчаи А.Сино, ҶДММ ТАҚХ "Пайванд Гуруҳ", шуъбаи кормандон.
Почтаи электронӣ барои ирсоли ҳуҷҷатҳо: hr@payvand.tj
Телефон барои маълумот: (+992) 981110690
Эълонҳои монанд










Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust