Корманди маркази тамос дар саридора
- Таҷриба: Бе таҷриба
- Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ш. Душанбе, 2 гузаргох кучаи Шарк 14
- Реҷаи кор: Рузона
- Самти фаъолияти ширкат/корхона: Маблаггузори
Вазифаҳои асосӣ:
• Қабул ва коркарди зангҳои воридотӣ;
• Машварат ва пешниҳоди маълумот дар бораи маҳсулот, хидматҳо, аксияҳо ва ғайра;
• Қабули шикоятҳо ва пешниҳодҳо ба номи ташкилот;
• Мукотибаи корӣ;
• Гузаронидани пурсишҳои мизоҷон;
• Коркарди дархостҳои мизоҷон тавассути каналҳои гуногуни дастрасии мизоҷон (Facebook, Instagram, Viber, Online чат, E-mail ва ғ.);
• Таҳлили иттилоотҳои ҷамъоваришуда;
• Иштирок дар таҳияи маҳсулоти нави бонкӣ;
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти – олӣ;
• Донистани забони тоҷикӣ ҳатмист, донистани забонҳои русӣ ва ё узбекӣ афзалият дорад;
• Суханронии салоҳиятноки хаттӣ ва шифоҳӣ, малакаҳои муоширати корӣ,
• Донистани барномаҳои компютерӣ (MS Office), корбари ботаҷрибаи Интернет
• Таҷриба дар соҳаи бонкӣ ё ташкилотҳои хурди қарзӣ афзалият дорад;
• Донистани одоби мукотибаи корӣ ва одоби гуфтугӯи телефонӣ.
Шароити корӣ:
• Пардохти саривақтии музди меҳнат;
• Имкони пешравӣ дар мансаб;
• Тренингҳо ва таълим;
• Пардохти алоқаи мобилӣ.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад. Ба занҳо афзалият дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи “Корманди маркази тамос”) ба суроғаи зерин дастрас намоянд: г ш. Душанбе, н. И. Сомони, 2 гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.org. Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10
Муҳлати охирин барои қабули ҳуҷҷатҳо: то соати 17:00 санаи 02 ноябри соли 2025.
Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд












Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust