Мутахассис оид ба Хизматрасонии Мизоҷон дар филиали ноҳияи Қубодиён

Қубодиён
Санаи ҷойгиршавӣ: 28.10.2025 14:05 ID эълон: 14875202
  • Таҷриба: аз 1 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: к. Ҷаббор Расулов 9
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Кори бонкӣ
Ҷойгиршавӣ: Қубодиён

Уҳдадориҳои асосӣ:

Машваратдиҳӣ ва мушаххасгардонии мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол, амонатгузорон ва қабулкунандагон/интиқолдиҳандагони маблағҳо.

Мусоидат ба мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол дар пуркунии варақаҳои зарурӣ барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзгирӣ, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.

Чоп кардани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо зарур мебошанд.

Воридсозии маълумоти зарурӣ ба ҳисоботҳои FORS ва таъминоти барномавии низоми интиқоли маблағҳо.

Гирд овардани ҳуҷҷатҳои зарурии қарзгирони имконпазир ва қарзгирони фаъол барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.

Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо.

Нусхабардорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Шуъбаи Андеррайтинг ва протсесесинги Саридораи ФТАҚХ.

Гузаронидани расмиёти ифтитоҳӣ (инаугуратсия) ҳангоми додани қарз ва кушодани суратҳисоби амонатӣ.

Санҷиш ва таъмини мутобиқати маълумотҳои шиносномавии мизоҷон бо маълумотҳои Таъминоти барномавӣ ва низоми Интиқоли маблағҳо.

Ташаккулдиҳӣ ва нигоҳдории парвандаҳои қарзӣ ва амонатии мизоҷон, инчунин ҷузвадони мизоҷ оид ба интиқоли маблағҳо.

Талабот нисбати номзадон:

Таҳсилоти олӣ / миёнаи махсус;

Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд;

Дониш оид ба маҳсулотҳои қарзӣ ва амонатӣ;

Таҷрибаи корӣ дар НАБ Flexcube;

Донишу малакаҳои кор бо компютер (Word, Excel, Internet, Outlook);

Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт;

Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 12 ноябри соли 2025 ба суроғаи ноҳияи Қубодиён, кӯч. И.Сомонӣ 208, идораи ФТАҚХ ФИНКА ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 119 31 96

Эълонҳои монанд

  • Мутахассис оид ба карзхои мушкилситон
    Уҳдадориҳои асосӣ:• Гузаронидани таҳлили сандуқи қарзии худ, бо истифода аз Ҳисоботҳо дар бораи кор бо қарзҳои мушкилситон;• Рӯёнидани қарзҳои батаъхирафтодае, ки ба сандуқи қарзии вай таалуқ доранд(WR1070), тибқи Дастур оид ба рӯёнидани қарзҳои батаъхирафтода;• Иҷрои нақшаҳои ҳармоҳа доир ба қарзҳои батаъхирафтода, ки ба сандуқи қарзии вай таалуқ доранд;• Гузаронидани корҳои фаҳмондаҳиҳӣ бо мизоҷони мушкилситон ва шахсони алоқаманди онҳо, боварӣ ҳосил кунондан ва моил карани онҳо ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар назди ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА»;• Ҳуҷҷатгузорӣ намудани натиҷаҳо ва тамоми маълумот дар бораи имконпазирии ситонидани қарз;• Ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти маълумот дар бораи далелҳои вайрон кардани расмиёт ва/ ё қаллобӣ (ҳам аз тарафи кормандони филиал, ҳам аз тарафи мизоҷ/шахси алоқаманд);Талабот нисбати номзадон:Таҳсилот:• Олӣ, таҳсилоти миёнаи техникӣ.Малакаҳои кор:• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.• Маҳорати созгорӣ бо одамон, ҳусни муошират;• Малакаҳои пешбурди гуфтушунид ва эътиқодманд намудани ҳамсӯҳбатони худ.• Малакаҳои таҳия намудани ҳисоботҳои техникӣ.• Малакаҳои кор дар компютер.• Қобилияти таҳлилӣ.Таҷрибаи корӣ: • Ҳадди ақал собиқаи 6-моҳаи корӣ дар бахши бонкдорӣ, ба мисли шуъба оид ба қарзҳои мушкилситон, шуъбаи қарзӣ, Филиал/МХМХ (ба истиснои вазифаи ронандагӣ ва корманди техникӣ), шуъбаи аудит/назорати дохилӣ, шуъбаи муҳосибот.________________________________________Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. ________________________________________Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 12 декабри соли 2025 ба суроғаи н. Ҷ.Балхӣ, кӯч Сино, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: 93 570 80 42, 93 575 15 33Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
    ФИНКА Таджикистан, Дирӯз 14:17, Ҷалолиддин Балхӣ (Румӣ)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Менеҷер оид ба Комплаенс
    Вазифахои ассосиМенеҷер оид ба Комплаенс аз болои мутобиқ будани фаъолияти ҶДММ ТАҚХ ФИНКА (ФТАҚХ) ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин сиёсатҳои FINCA IMPact ва қоидаҳо/расмиётҳои дохилии ҶДММ ТАҚХ ФИНКА назорат мебарад.Менеҷер оид ба Комплаенс бевосита дар ин раванд иштирок намуда, ба идоракунии комплаенс – хавфҳои ФТАҚХ мусоидат мекунад. Инчунин иҷрои вазифаҳои марбут ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), инчунин ошкор ва пешгирӣ намудани коррупсия; назорат аз болои риояи талаботи одоби касбӣ дар ФТАҚХ; кам кардани хавфи хароҷот (зарар) дар натиҷаи вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.ӮҲДАДОРИҲОИ АСОСӢФаъолияти назоратӣГузаронидани санҷишҳо вобаста ба мутобиқати фаъолияти ФТАҚХ ба талаботҳои:Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд БМТ);Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;Муассисаҳои дигари давлатӣ, ки ба салоҳияти бевоситаи онҳо танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ (ҶДММ) ва Ташкилотҳои қарзии хурд дахл дорад;Қонунҳои ҶТ, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» (МҚД/МТ/МПСҚО);Талаботи FINCA IMPact, ки дар сиёсати асосии Ташкилот инъикос ёфтааст – Subsidiary Policy Manual.Гузаронидани санҷишҳои ҳар моҳаи ҳисоботҳо, ки ба БМТ пешниҳод мешаванд:Гузаронидани санҷиши фаъолияти департаментҳо ва зерсохторҳои ФТАҚХ:Гузаронидани омӯзониш кормандони ташкилот оид ба МҚД/МТ/МПСҚО ва ёд додани таҷриба ва дониши андӯхтаи худ ба сифати устод, мураббӣ;Сафар ба минтақаҳои ҶТ. ДигарИҷрои дақиқ ва саривақтии дигар вазифаҳо / супоришҳои роҳбарият дар рафти ичрои вазифиахои ассосии оид ба комплаенс;ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ:Таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисодиёт, Хукукшиноси е молия афзалиятнок дониста мешавад;Таҷрибаи на камтар аз 2-сола дар соҳаи бонкдорӣ (бахши маблағгузории хурд, аудит, назорат);Дониши хуби талаботи танзимии берунӣ (Қонунҳои ҶТ, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзиро ба танзим меоранд – аз ҷумла ТАҚХ ва шахсони ҳуқуқӣ – аз ҷумла ҶДММ; Дастурамалҳои Бонки Милии Точикистон; Кодекси андози ҶТ; Кодекси Меҳнати ҶТ; дигар санадҳои меъёрӣ, ки фаъолияти ҶДММ ва ТАҚХ-ро ба танзим меоранд);Қобилияти хуби ташкилотчигӣ ва ҳамоҳангсозӣ;Малакаҳои хуб дар соҳаи молия, муҳосибот, саводнокии компютерӣ ва малакаи кор бо Microsoft Office ва қобилияти таҳлилӣ;Қобилияти холисона баҳо додани вазъият ва ифодаи дақиқи воқеият/фикру андеша дар ҳисоботҳо;Малакаҳои хуби таҳияи ҳисоботҳо, рӯнамоҳо (презентатсияҳо);Маҳорати зудомӯзӣ ва омӯзонидани дигар кормандон;Дониши ҳатмии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ афзалиятнок дониста мешавад;Надоштани доғи судӣ.Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 30 ноябри соли 2025 ба суроғаи ш. Душанбе, кӯч. Ҷ. Рассулов 9, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (44) 6002323Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
    ФИНКА Таджикистан, 21.11.2025 16:35, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассиси шуъбаи хазинадори оид ба хисоббаробаркунихо
    Ҳамарӯза санҷида дуруст кардани Беруннависи суратҳисобҳо бо маълумотҳои САБ.Ҳармоҳа санҷида дуруст кардани Беруннависи аз суратҳисобҳо бо маълумотҳои САБ.Гузаронидани амалиётҳои баҳисобгирии муҳосибии воридотҳо ба суратҳисоб тибқи Беруннависи бонкӣ.Омода кардани супоришномаҳои пардохтӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар системаи Интербанкинг ва дар ҳомили қоғазӣ, ворид кардани супоришномаҳои пардохтӣ ба САБ.Гузаронидани амалиёт аз рӯи ҳисобҳои муросилотӣ дар БМТ.Пешбурди файли мукотиба бо бонк, омода намудани мактубҳо ба Бонкхо.Омода намудани ҳуҷҷатҳо барои кушодани ҳисобҳои бонкӣ. Пешбурди феҳристи суратҳисобҳои кушодаи саридора ва филиалҳо.Омодасозӣ ва иваз кардани кортҳои нусхаи имзоҳо дар Бонкхои Партнер, пешбурди феҳристи кортҳои нусхаи имзоҳо дар Бонкхои Партнер.Пешбурди феҳристи қуттиҳои сейфии бонкии ба иҷора гирифта, файли шартномаҳои иҷораи қуттиҳои сейфӣ, нигохдории пулхои накдина ва дигар кимматхо дар ганчхонахо.Ташриф овардан ба Бонк барои пешниходи супоришномаи пардохтӣ, гирифтани Беруннавис аз Бонкхои Партнерхо ва ҳоказо.Санҷиши дурустии ситонидани ҳаққи хизмати бонкӣ аз суратҳисоб ва баҳисобгии он.Сари вақт ва дуруст гузаронидани амалиётҳо, таҳияи ҳисоботҳо.Сари вақт хабардор кардани Сардори шуъбаи Хазинадори дар бораи ҳама гуна тағйирот дар фаъолияти кори, ки ба кори шуъба таъсир мерасонанд.Иваз кардани кормандони шуъба мавриди зарурият.Сари вақт таҳия ва пешбурди картотекаи ҳуҷҷатҳои аввалия ва ҳуҷҷатҳои дигар доир ба қитъаи корӣ барои архив намудани минбаъда.Таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси бахисобгирии муҳосибӣ / иқтисодиёт / молия.Таҷрибаи корӣ дар муҳосибот ва молия.Дониши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (англиси афзалият).Покизакорӣ ва масъулияти баланди кори.Малакаҳои аълои муносибат, ҳусни муошират, маҳорати кор дар гурӯҳ.Дониши компютерӣ дар барномаҳои Microsoft Word, Excel, Access ва 1C мухосибот.Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 17 ноябри соли 2025 ба суроғаи ш. Душанбе, кӯч. Ҷ. Рассулов 9, идораи ТАҚХ ФИНКА ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (44) 6002323Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
    ФИНКА Таджикистан, 04.11.2025 16:15, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассис оид ба хизматрасонии мизочон дар шаҳри Конибодом
    ВАЗИФАҲОИ АСОСӢХизматрасонии мизоҷон:• Машварат додан ба мизоҷони эҳтимолӣ ва фаъол дар бораи маҳсулотҳои қарзии Ташкилот, муайян кардани талаботи мизоҷон ва пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ, ки ба талаботҳои эълоншуда ҷавобгу мебошанд;• Муайянкунии шахсияти мизоҷон аз рӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;• Мусоидат ба мизоҷон дар пуркунии варақаҳои лозимӣ;• Пур кардании аризаи электронӣ ва ворид кардани маълумоти зарурӣ дар бораи қарзгирандагон;• Дар рафти хизматрасонӣ ба мизоҷон маълумотҳои гирифта шударо дуруст ва бехато ворид намудан;• Чоп кардан ва нигоҳ доштани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо зарур мебошанд;• Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо;• Татбиқ ва риояи технология ва усулҳои қабулшудаи Ташкилот дар бораи хизматрасонии мизоҷон;• Гузаронидани расмиёти фаҳмондадиҳӣ ва имзогузории шартномаҳо ҳангоми додани қарз;• Саривақт огоҳ кардани роҳбарият дар бораи камбудиҳои мавҷуда дар самти хизматрасонии мизоҷон;
    Администратор, 29.10.2025 09:49, Конибодом
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Муҳосиб оид ба назорати хароҷот
    Подробности вакансииБаҳисобгирии тамоми хароҷотҳои маъмурӣ дар миқёси филиалҳо ва саридора.Баҳисобгирии хароҷоти сафарҳои хизматӣ, пардохти пешмузд ба кормандон, назорати мӯҳлатҳои пешниҳоди ҳисоботҳои пешпардохтӣ ва санҷиши ҳисоботҳои пешпардохтӣ оид ба сафарҳои хизматӣ.Омодасозии рӯзмарраи маълумот доир ба қитъаи кории худ барои файли барориш; гузаронидани маълумот аз системаи 1С ба системаи Флекскюб.Ҳар моҳ то санаи 6-ум ирсоли маълумот доир ба қарздории кормандон аз рӯи маблағҳои пешпардохтӣ, назорат аз рӯи саривақт пардохтшавии ин маблағҳо.Сари вақт дар ҷузвдонҳои алоҳида ҷойгирсозии ҳуҷҷатҳои аввалия ва ҳуҷҷатҳои дигари қитъаи корӣ барои супоридани минбаъдаи онҳо ба бойгонӣ.Сари вақт хабардор кардани Сармуҳосиб дар бораи ҳама гуна тағйирот дар фаъолият, ки ба кори шуъба ва Ташкилот таъсир мерасонад.Дастгирӣ намудани муносибатҳои мусбӣ бо кормандони шуъбаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот, инчунин бо шуъбаҳои дигар. Хабардор кардани онҳо дар бораи фаъолияте, ки бо кори онҳо алоқаманд аст.Иваз кардани кормандони шуъба дар мавриди зарурат.Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 15 ноябри соли 2025 ба суроғаи ш. Душанбе, кӯч. Ҷ. Рассулов 9, идораи ТАҚХ ФИНКА ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (44) 6002323Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
    ФИНКА Таджикистан, 01.11.2025 17:17, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Коллектор
    Гузаронидани корҳои фаҳмондаҳиҳӣ бо мизоҷони мушкилситон ва шахсони алоқаманди онҳо, хуҷҷатгузорӣ намудани натиҷаҳо ва тамоми маълумот дар бораи имконпазирии ситонидани қарз;Малакаҳои кор:Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.Маҳорати созгорӣ бо одамон, ҳусни муошират;Малакаҳои пешбурди гуфтушунид ва эътиқодманд намудани ҳамсӯҳбатони худ.Дархостҳои худро то 28 ноябри соли 2025 ба суроғаи ш. Хуҷанд, кӯч. И. Сомонӣ 76, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед. Телефон барои маълумот: +992 (99) 777-77-57Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
    Фирдавс, 17.11.2025 19:04, Хуҷанд
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Аудити беруна
    ЭЪЛОНФонди қарзии хурди «Фонди бозтамвил» барои гузаронидани аудити беруна аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар соли 2025 озмун эълон менамояд.ХУСУСИЯТҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ Ҳангоми тартиб додани хулосаи аудиторӣ талаботи зерин бояд ба назар гирифта шаванд: Муайян намудани қобили қабул будани тавзеҳот ва иттилооте, ки ҳангоми гузаронидани аудит аз роҳбар, корманд ё намояндаи Фонд талаб карда мешавад; Муайян намудани дараҷаи воқеии мутобиқати Фонд ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ, мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ; Шарҳ додани усули пешбурди китобҳо, ҳуҷҷатҳо, ҳисоботҳо ва инъикоси амалиёти барои мониторинг, аудити дохилӣ ва берунӣ зарурӣ истифодашаванда; Муайян намудани қобилияти кори ва мутобиқат ба талаботи роҳбарияти Фонд; Ошкор намудани камбудиҳои мавҷуда, эродҳо ва тавсияҳо оид ба бартараф намудани онҳо, инчунин ба амал баровардани тавсияҳо ва бартараф намудани камбудиҳои солҳои гузашта.Уҳдадориҳои иҷрокунанда дар доираи лоиҳа вазифаҳои зеринро дар бар мегирад: Тасдиқи Фонд дар он хусус, ки ташкилоти аудиторӣ ё ягон корманди он дар Фонд манфиатдор нест;  Мусоидат намудан ба Фонд дар риоя ва нигоҳ доштани қоидаҳои ташкили низоми дурусти баҳисобгирӣ; Мусоидат намудан ба Фонд дар нигоҳ доштани низоми дурусти назорати молиявӣ ва идоракунии хавфҳо; Дар давоми се моҳи баъди ба охир расидани соли молиявӣ, хулосаи аудиторӣ ва андешаҳои аудиторӣ оид ба пуррагӣ, беғаразӣ ва эътимоднокии ҳисоботи молиявӣ тартиб дода, дар бораи вазъи молиявии он ба Шӯрои парасторони Фонд маълумоти муфассал пешниҳод намояд; Мувофиқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти аудиторӣ хулосаи худро оид ба низоми таснифи қарзҳо ва таъминокии дороиҳои шубҳанок (аз ҷумла қарзҳои шубҳанок) ба Шӯрои парасторони Фонд ва Бонки миллии Тоҷикистон бо нишон додани камбудиҳо пешниҳод намояд;  Ба ҳар як узви Шӯрои парасторони Фонд ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳама гуна фаъолияти роҳбар, корманд ё намояндаи Фонд, ки ба ақидаи ӯ вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, хабар диҳад;Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои аудиторӣ, ки иҷозатномаи дахлдори Бонки миллии Тоҷикистонро доранд, тахассус ва таҷрибаи кофии аудити ташкилотҳои қарзӣ доранд, даъват карда мешаванд.Хизматрасонӣ бояд дар идораи марказии ФҚХ «Фонди бозтамвил» дар ш. Душанбе, к. Истаравшан 18, расонида шавад.Ширкатҳое, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, метавонанд пешниҳоди тиҷоратии худро дар лифофаҳои мӯҳршуда бо аломати “Озмуни барои гузаронидани аудити беруна аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти молиявии ФҚХ “Фонди бозтамвил” барои соли 2025” ба суроғаи ш. Душанбе, к. Истаравшан 18, ирсол намоянд.Нархҳо дар пешниҳоди тиҷоратӣ бояд бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сомонӣ бо назардошти ҳамаи андозҳо нишон дода шаванд. Пардохтҳо ба суратҳисоби бонкии хизматрасон бо таври ғайринақди амалӣ карда мешаванд.Шартнома оид ба расонидани хизматрасонии аудиторӣ бо хизматрасоне баста мешавад, ки пешниҳоди таклифи мувофиқро бо нарх ва ба тамоми талаботи Фонд дар ин озмун пешбинишуда ҷавобгӯй мебошад.Мӯҳлати қабули пешниҳодҳои тиҷоратӣ дар суроғаи боло қайд гардида дар лифофаҳои мӯҳршуда то соати 17-00 санаи 28 ноябри соли 2025.E-mail: office@rfund.tjТелефонҳо барои маълумот: 43 377 77 70
    ФҚХ Фонди бозтамвил, 03.11.2025 17:18, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассис оид ба ҳисоботҳои бозгардонии қарзҳо
    ЧСП "Бонки сармоягузори ва карзии Точикистон" вазифа холии Мутахассиси оид ба ҳисоботҳои бозгардонии қарзҳо эълон менамояд.Иҷрокунандаи ин вазифа барои ҳисобот додани амалиёти баргардондани қарзҳо, омузиш додани кормандони барқаркунии қарзҳо дар филиалҳои оид ба масъалаҳои таҳия намудани ҳисоботҳои зарурӣ. Ин корманд инчунин барои омода ва пешниҳоди дигар ҳисоботи ба қарз таъалуқдошта масъул мебошад. Талаботҳо:1. Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия /ё бонкдорӣ, ҳуқуқ, мудирият ва технологияи иттилоотӣ2. На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкдорӣ (бартарият ба таҷриба дар шуъбаҳои қарз, ҳисоботдиҳӣ ва кор бо парвандаҳои судӣ дода мешавад)3. Қобилияти истифода бурдани малакаҳои тафтишотӣ, таҳлилӣ барои беҳтар намудани баргардондани қарзҳо4. Қобилияти идоракунии кормандон дар муҳити душвор5. Донандаи забони точикӣ, руси ва англисӣ (бартарият дода мешавад, агар бошад)6. Шиносии хуб бо қонунгузории маҳаллӣ7. Малакаҳои қавии риёзӣ ва таҳлилӣ;8. Малакаҳои хуби бозоршиносӣ ва муошират9. Маҳорати баланди компютерӣ, ки одатан аз ҷониби Бонк талаб карда мешавад10. Дигар хусусиятҳо: пуррагӣ, таҳлили марбут ба ҳалли масоил, қарор қабулкунии қавӣ, созиши муносибатҳо, моуширати самаранок, мусоидат ба пешбурди кори дастаДовталабони хавасманд метонанд резюмеи худро ба почтаи hr@icb.tj на дертар аз 30 Ноябр ирсол намоянд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 25.11.2025 09:59, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассиси қарзҳои чакана дар н.Шахритус
    ҶСП “Бонки сармоягузори ва қарзии Тоҷикистон” ҷои кори холии вазифаи Мутахассиси робита бо мизоҷон, бонкдории чакана дар филиали н.Шахритус эълон менамояд.Мутахссиси робита бо мизоҷони чакана барои барпо кардан ва нигоҳ доштани муносибатҳои мустаҳкам бо мизоҷони Бонк, таъмини қаноатмандии баланди мизоҷон ва садоқати мизоҷон, масъул аст. Ин нақш ҳалли дархостҳои мизоҷон, ҳалли мушкилот ва расонидани дастгирии инфиродӣ барои кӯмак ба мизоҷон дар расидан ба ҳадафҳои молиявии худро, дарбар мегирад.Талаботҳо:• Маълумоти олӣ дар иқтисод, молия, бонкдорӣ ё дигар соҳаҳои алоқаманд;• Таҷрибаи на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкдорӣ, беҳтараш дар қарздиҳӣ ба мизоҷони хурду миёна/корпоративӣ• Саводнокии компютерӣ;• Шиносоӣ бо қонунгузории маҳаллӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;• Малакаҳои хуби риёзӣ ва таҳлилӣ;• Муоширати хуб ва пешбурди малакаҳо.Хоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ба почтаи электронии hr@icb.tj на дертар аз 12 Ноябр ирсол намоянд. Номгӯи вазифаро дар мавзӯи почтаи электронӣ ҳатман ишора намоед. Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 05.11.2025 13:50, Шаҳритӯз
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Эксперти қарзӣ
    ҶДММ ТАҚХ "Пайванд Гуруҳ" барои ишғоли вазифаи «Эксперти қарзӣ» озмун эълон менамояд.Ҷойи кор: шаҳри ДушанбеНавъи шартнома: доимӣ (бо муҳлати санҷишӣ)Музди меҳнат: шартномавӣ ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:• Гузаронидани таҳлили молиявии мизоҷон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ);• Арзёбии пардохтпазирӣ ва қобилияти қарзгирии муштариён;• Омода намудани хулосаҳои қарзӣ ва пешниҳод ба Кумитаи қарзӣ;• Назорати истифода ва саривақтӣ баргардонидани қарзҳо;• Иштирок дар таҳияи тавсияҳо оид ба коҳиш додани хавфҳои қарзӣ;• Муошират ва ҳамкорӣ бо мизоҷон дар марҳилаҳои гуногуни қарздиҳӣ.ТАЛАБОТҲОИ ТАХАССУСӢ:• Таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқӣ;• Камаш 2 соли таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкдорӣ, молия ё қарздиҳӣ;• Донистани меъёрҳои қонунгузории молиявӣ ва қарзӣ;• Маҳорати таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ;• Дониши хуби компютерӣ (MS Office, Excel – сатҳи пешрафта);• Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (англисӣ бартарӣ дорад);• Маҳорати хуби муошират, масъулиятшиносӣ ва кор дар гурӯҳ.ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ:• Ариза (ё номзаднома) ба унвони Роҳбари Ташкилот;• Тарҷумаи ҳол (CV);• Нусхаи диплом ва замимаҳо;• Нусхаи шиноснома;• 2 адад акс (3х4).МУҲЛАТИ ҚАБУЛ:Ҳуҷҷатҳо то санаи 14.11. 2025 дар суроғаи зерин қабул карда мешаванд:ш. Душанбе, кӯчаи А.Сино, ҶДММ ТАҚХ "Пайванд Гуруҳ", шуъбаи кормандон.Почтаи электронӣ барои ирсоли ҳуҷҷатҳо: hr@payvand.tj Телефон барои маълумот: (+992) 981110690
    Шуъбаи кормандон, 01.11.2025 16:30, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассис дар шуъбаи амалиётҳои асъорӣ ва танзими асъорӣ
    ҶДММ ТАҚҲ “Пайванд Гуруҳ” барои ишғоли вазифаи мутахассис дар шуъбаи амалиётҳои асъорӣ ва танзими асъори мудирияти муносибатҳои байналхалқӣ ва хазинадорӣ довталабонро ба кор даъват менамояд.Уҳдадориҳои асосӣ:• Ҷамъоварии маълумоти оиди қурби асъор дар бозори дохила ва таҳлили бозори асъор ва дар асоси он муайян намудани қурби асъор дар ташкилот. • Омода намудани қурби асъор ва пешниҳоди он барои тасдиқ ба роҳбарият. Ирсоли қурби бонк ба сохторҳои дахлдори ташкилот;• Назорат ва муайян намудани мавқеъи асъор;• Пешгӯии мавқеъи асъор дар асоси аҳдҳои эҳтимолии хариду фурӯши асъор аз ҷониби мизоҷон ва муайян намудани ҳаҷми хариду фурӯши асъор дар ташкилот дар давоми рӯз.• Омода намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ва ирсоли он ба сохторҳои дахлдор барои ба фурӯш баровардани асъори хориҷа дар ташкилот.• Ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти оиди воридоти эҳтимолии маблағи нақд ба ташкилот аз ҷониби мизоҷони ташкилот тариқи хазина ва суратҳисобҳои ташкилот ва дар асоси он пешгӯии бақияи маблағи нақд ва тақсимоти он вобаста ба зарурият (пур кардани провайдерҳо, банкоматҳо ва қонеъ гардонидани талаботи мизоҷони ташкилот ба маблағи нақд).• Таҳлил ва пешгӯӣ талаботи маблағи нақд дар ташкилот.• Назорати бақияи суратҳисобҳои ташкилот дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ; • Таҳлили гардиши пули нақд дар МХМХ-ҳо ва муайян намудани ҳадди ақал ва ниҳоии бақияи маблағи нақд дар МХМХ-ҳо дар охири рӯз.• Хизматрасонӣ ба мизоҷони ғайрирезидент;• Таҳлил ва пешниҳоди маълумот ба роҳбарият оид ба бақияи маблағҳои пули нақд дар хазина ва ҳисобҳои муросилотии ташкилот;• Оид ба фурӯши пули нақд бурдани гуфтушунидҳо бо бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ; • Пешбурди гуфтушунид барои ҳамкорӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳо барои кушодани ҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои хориҷӣ;• Равон намудани пули нақд ба бонкҳо барои пур намудани ҳисобҳои муросилотии ташкилот;• Таҳия намудани гузориш, фармоиш ва супоришномаҳо, ки аз фаъолияти мудирият бармеоянд;• Ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ташкилот; Талаботҳои асосӣ:• Маълумоти олии иқтисодӣ;• Таҷрибаи корӣ на кам аз 1-сола дар соҳаи бонкӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ (англисӣ афзалият дорад)• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;• Саводнокии компютерӣ (Word, Excel, PowerPoint, Internet, Outlook,) ва барномаҳои бонкӣ.Шартҳо:• Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа• Музди меҳнати хуби шартномавӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ (баландшавии музди меҳнат вобаста ба собиқаи кории ҳар сола, дастгирии иҷтимоӣ дар ҷашну маросимҳо, пардохти моҳонаи алоқаи мобилӣ) • Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии ТоҷикистонХоҳишмандон метавонанд Резюмеи худро ба почтаи электронии ташкилот hr@payvand.tj то санаи 14.11.2025 сол ирсол намоянд.Довталабоне ба озмун даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои тахассусии дар боло муқарраршуда ҷавобгӯ ҳастанд.
    Шуъбаи кормандон, 01.11.2025 16:31, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    ФИНКА Таджикистан ФИНКА Таджикистан

    Дар сайт аз май, 2016

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust