Забоншинос - Лингвист Аз забони англиси ба точики
ЭЪЛОН ОИД БА ҶАЛБИ ЗАБОНШИНОС (ҚАРОРНОМАИ МУДДАТИИ КӮТОҲ)
Барои лоиҳаи якдафъаинаи тарҷумаи системаи нармафзорӣ ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (забони тоҷикӣ) ба мо забоншиноси касбӣ лозим аст.
Вазифаҳо:
• Тарҷумаи матнҳои система (интерфейс, огоҳӣҳо, паёмҳои хатогӣ, дастурҳо) ба забони давлатии тоҷикӣ
• Истифода ва мутобиқсозии истилоҳот мувофиқи меъёрҳои расмӣ ва забони адабӣ
• Санҷиш ва таҳрири матнҳо пас аз ворид шуданашон ба система
• Ҳамкорӣ бо дастаи техникӣ барои ҳамоҳангсозии дурусти матнҳо
Талабот:
• Таҳсилоти олӣ дар соҳаи филология, забоншиносӣ ё тарҷумонӣ
• Дористани аълои забони давлатии тоҷикӣ (имло, услуб, истилоҳоти расмӣ)
• Донистани хуби забони англиси
• Таҷриба дар тарҷумаи матнҳои расмӣ ва/ё техникӣ (IT – бартарӣ дорад)
• Диққати баланд ба ҷузъиёти забонӣ
Шароити ҳамкорӣ:
• Қарорномаи муддати кӯтоҳ (лоиҳавӣ)
• Пардохт аз рӯи ҳаҷми кор ё мувофиқа (пас аз суҳбат)
• Имконияти кори дурдаст (онлайн)
• Оғози кор – баъди интихоби довталаб
Чӣ тавр довталаб шудан:
Лутфан резюме (CV) ва намунаи кори тарҷумаи худро ба суроғаи зерин фиристед:
E-mail: mushovironteam@gmail.com
Телефон / WhatsApp: 90 481 0770
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust