Мутахассиси калони департаменти хазинадорӣ
Тахассус ва малакаҳои зарурӣ:
• Доштани дараҷаи магистр ё ҳадди ақал бакалавр дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ ё дигар ихтисосҳои марбут;
• Ҳадди ақал 1 соли таҷрибаи корӣ дар соҳаи хазинадорӣ;
• Доштани шаҳодатнома асосҳои ҳисобдории бухгалтерӣ;
• Собиқаи муваффақи бастани шартномаҳо, таҳлили бозор, идоракунии пардохтпазири;
• Донистани маҳсулоти бонкӣ;
• Қобилияти дастгирии дигар кормандон тавассути ҳалли масъала, омӯзиш ва дастгирӣ;
• Дониши барномаҳои MS Office ва маҳорати хуби кор бо компютер;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарӣ медиҳад.
Вазифаҳо ва масъулиятҳои асосӣ:
• Банақшагирӣ, харидорӣ аз сарчашмаҳои гуногун ва тақсимоти пули нақд
• Омодасозии ҳисоботҳои дохилӣ;
• Иштирок дар музоядаҳои коғазҳои қиматноки Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ);
• Иштирок дар амалиёти амонатии шабонарӯзии БМТ (Овернайт);
• Омодасозии пардохтҳо барои амалиётҳои анҷомёфта бо дигар бонкҳо;
• Хориҷ кардани амалиётҳо аз низоми ЦФТ (дар ҳолати хатои кормандони хазинаи мубодилаи асъор);
• Дархости пули нақд ва тангаҳои филизӣ аз Бонки Миллӣ тибқи дархости филиалҳо;
• Ҷавоб додан ба мактубҳои Шуъбаи хавф оид ба аз меъёри тасдиқшудаи роҳбарият зиёд шудани маблағ дар филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ (МХБ) ё суратҳисобҳои муросилотии бонк;
• Ташкили додугирифти пули нақд байни филиалҳо;
• Назорати мавҷудияти пули нақд дар ҳамаи филиалҳои бонк (барои ҳамаи асъорҳо);
• Дархост барои интиқоли пулҳои фарсуда ба Бонки Миллӣ;
• Дархост ба филиалҳо барои интиқоли пули нақд ба НБТ-Спот;
• Пур кардани суратҳисобҳои муросилотӣ тибқи дархости Шуъбаи низоми пардохт (SWIFT);
• Назорат ва бойгонӣ кардани ҳуҷҷатҳо (ҳуҷҷатҳои БМТ, ҳуҷҷатҳои дохилӣ, шартномаҳои байни бонкҳои муросилотӣ);
• Ва иҷрои дигар супоришҳои роҳбарият вобаста ба фаъолияти Департаменти хазинадорӣ.
Довталабони хавасманд метонанд резюмеи худро ба почтаи электрони hr@icb.tj ирсол намоянд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust