Бойгонии таҳрири Қоидаҳои сомонаи Somon.tj
(созишномаи истифодабарӣ, замимаҳо ба он ва дигар ҳуҷҷатҳо)
Ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки нисбат ба муносибатҳо байни Истифодабарандагон ва Маъмурияти сомонаи Somon.tj ҳамон таҳрири Қоидаҳои сомона татбиқ мегардад, ки дар лаҳзаи бастани аҳди мушаххаси электронӣ (лаҳзаи қабули оферта) амал мекард.
Ба қувва даромадани таҳрири нави Қоидаҳои сомона маънои онро дорад, ки минбаъд ҳамаи амалҳои Истифодабарандагон дар Сомонаи Somon.tj тибқи таҳрири нави (амалкунандаи) Қоидаҳои сомона танзим карда мешаванд.
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъмурияти сомонаи Somon.tj нигоҳдорӣ, дақиқӣ ва бетағйирии ҳамаи таҳрирҳои қаблии Қоидаҳои сомонаро таъмин менамояд.
Истифодабарандагон барои ҳаллу фасли ҳолатҳои баҳсӣ ҳуқуқ доранд ба Маъмурияти сомонаи Somon.tj ҷиҳати дарёфти матни таҳрири қаблии Қоидаҳои сомона, яъне гирифтани шартҳои аҳди қаблан басташгудаи Истифодабаранда бо дархост муроҷиат намоянд.
Дархост метавонад тавассути шакли алоқа барои тамос дар Сомонаи Somon.tj ё ба суроғаи почтаи электронӣ ирсол карда шавад.