Шартномаи иҷозатномадиҳӣ
дар бораи пешниҳоди ҳуқуқи истифодаи Манбаи маълумоти Сомонаи Somon.tj ва Таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj)
Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур (минбаъд – Шартномаи иҷозатномадиҳӣ) байни Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рашод» (ҶДММ «Рашод», шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва амал менамояд, РМА:030016112, РЯМ:0310007280, суроғаи ҳуқуқӣ: ш. Душанбе, куч. Пушкин 10, ут. 13) ва Иҷозатномагир (Литсензиат) - ҳар як шахси қобили амал, ки ба синни 18 солагӣ расидааст ва аз Манбаи маълумоти Somon.tj ва Таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj) истифода мебарад, баста мешавад.
Шартномаи Иҷозатномадиҳии мазкур иловатан ба Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj баста мешавад, ки дар суроғаи https://somon.tj/about/rules/ ҷойгир шудааст, ва танҳо муносибатҳоеро, ки байни Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ва Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳангоми аз ҷониби охирон истифода будани Манбаи маълумоти Сомонаи Somon.tj ва Таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj) ба вуҷуд меоянд, танзим мекунад.
ИСТИЛОҲОТ ВА МАФҲУМҲО
Дар Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур, агар мазмуни он чизи дигареро талаб накунад, истилоҳот ва мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рашод», ки нишонаҳои он дар қисми муқаддимавии Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур нишон дода шудаанд, ҳуқуқдори Манбаи маълумоти Сомонаи Somon.tj ва Таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj) мебошад;
Иҷозатномагир (Литсензиат) ё Истифодабаранда – ҳар як шахси воқеии қобили амал, ки ба синни 18 солагӣ расидааст ва аз Манбаи маълумоти Сомонаи Somon.tj ва Таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj) истифода мебарад;
Тараф (Тарафҳо) – Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ва Иҷозатномагир (Литсензиат), ки дар алоҳидагӣ ё якҷоя зикр шудаанд;
Манбаи маълумоти Сомонаи Somon.tj, ё Манбаи маълумот – маҷмӯи сохтории иттилооти матнӣ, тасвирӣ (графикӣ) ва дигар маълумот, аз ҷумла Эълонҳо, ки дар шакли релятсионӣ ё дигар шакл нигоҳ дошта мешаванд. Манбаи маълумот тавассути интерфейсҳои барномавӣ (API) ва имкониятҳои функсионалии Сомона ва Барномаи мобилии Somon.tj дастрас аст. Тамоми иттилоот метавонад бо истифодаи мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ), API ё воситаҳои дигари дастрасӣ, ба тартиб дароварда ва коркард карда шавад. Иҷозатномадиҳанда дорои ҳуқуқи истисноӣ барои Манбаи маълумот мебошад;
Таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj), ё Таъминоти барномавӣ – маҷмӯи барномаҳо барои мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ), ки барои системаҳои Android ва iOS таҳия шудааст ва ба таркиби Сомонаи Somon.tj дохил мешавад. Таъминоти барномавӣ имконияти ҷустуҷӯ, илова кардан ва идоракунии эълонҳоро дар Манбаи маълумот пешниҳод менамояд, ва бо имкониятҳои функсионалии веб-сомона ва барномаҳои мобилӣ ҳамгиро буда, мувофиқ будан ва мутобиқати иттилоотро байни платформаҳои гуногун таъмин менамояд;
Барномаи мобилии Somon.tj – маҷмӯи барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj), ки дар асоси имконият ва функсияҳои Сомонаи Somon.tj таҳия шудааст ва барои дастгоҳҳои мобилӣ мутобиқ карда шудааст;
Сомонаи/барномаи Somon.tj – объекти таркибии моликияти зеҳнӣ, ки маҷмӯи барномаҳо барои мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) (таъминоти барномавӣ), веб-саҳифаҳо, манбаҳои маълумот, унсурҳои тасвирӣ (графикӣ) ва матнӣ, ва дигар иттилооти дар дохили он буда (контент) мебошад, ки дар сервери (компютери шабакавии) Иҷозатномадиҳанда ҷойгир аст ва барои истифода дар суроғаи https://somon.tj/, инчунин дар барномаи мобилии «Somon Эълонҳо» дар дастгоҳҳои мобилии ба шабакаи Интернет пайвастбуда, дастрас мебошад;
Сабт (Record) – воҳиди сохтории иттилоот , ки дар манбаи маълумот нигоҳ дошта мешавад. Ҳар як сабт бо истифода аз дархостҳои API ҳангоми илова намудани эълони нав тавассути интерфейси Сомонаи/барномаи Somon.tj эҷод карда мешавад;
Намудҳои иттилоот: ҳар як сабт метавонад дорои якчанд майдонҳои дорои намудҳои иҷозатдодашудаи иттилоот бошад, аз ҷумла матн, тасвирҳо, рақамҳо ва инчунин истинод ба манбаҳои беруна. Иттилоот дар ҷадвалҳои манбаи маълумот мувофиқи тарҳи пешакӣ муайяншуда, ки сохтори сабтҳоро тавсиф мекунад, сабт карда мешавад;
Ҳамкории API: эҷод кардан, таҳрир додан ва хориҷ намудани сабтҳо бо истифода аз RESTful API амалӣ карда мешавад, ки аз ҷониби Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) пешниҳод карда мешавад. API стандартҳои дархостҳои POST (барои эҷоди сабтҳо), PUT (барои навсозӣ), GET (барои хондан) ва DELETE (барои хориҷ намудан)-ро дастгирӣ менамояд. Ҳамаи ҳамкорӣ бо манбаи маълумот тавассути API бояд мушаххаскуниро бо истифода аз маҷмуи логин ва парол барои таъмини амнияти иттилооти Иҷозатномагир (Литсензиат), гузаранд;
Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj – маҷмӯи ҳуҷҷатҳое, ки муносибатҳоро байни Иҷозатномадиҳанда (Иҷрокунанда) ва Иҷозатномагир (Истифодабаранда) танзим менамоянд ва дар Сомонаи/Барномаи Somon.tj ҷойгиранд, яъне: Созишнома бо истифодабарандагон ва замимаҳо ба он (Шартномаи хизматрасонии пулакӣ, Нархномаи хизматрасониҳои пулакӣ ва замимаҳои дигаре, ки метавонанд аз ҷониби Иҷозатномадиҳанда (Иҷрокунанда) ҷорӣ карда шаванд ва дар Сомона/Барномаи Somon.tj ҷойгир карда шаванд), ва инчунин Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур;
Эълонҳо – пешниҳодҳои Истифодабарандагон оид ба харид, фурӯш, мубодила, тӯҳфа, иҷора, истифодаи мол, хизматрасонӣ, кор, ҷойҳои кории холӣ, резюме, ва пешниҳодҳои дигаре, ки Истифодабарандагон метавонанд дар Сомона/Барномаи Somon.tj ҷустуҷӯ намоянд бо мақсади бастани аҳдҳо;
Бақайдгирӣ – тартиби ташкилкунии Утоқи шахсӣ, ки дар он Истифодабаранда тавассути пур кардани шаклҳои дахлдор дар Сомонаи/Барномаи Somon.tj маълумоти заруриро барои ташкили Утоқи шахсӣ ва истифодаи Хизматрасонӣ/сервисҳои Иҷрокунанда пешниҳод менамояд; бақайдгирӣ танҳо дар сурати бомуваффақият гузаштани ҳамаи марҳилаҳои бақайдгирӣ тибқи дастурҳои нашршуда дар Сомонаи/Барномаи Somon.tj ва баъди ташкили Утоқи шахсӣ, ба анҷомрасида ҳисобида мешавад.
Сабти бақайдгирии Иҷозатномагир (Литсензиат) (Утоқи шахсии Истифодабаранда) – маҷмӯи маълумот дар бораи Иҷозатномагир (Литсензиат), ки рақами телефон ва таърихи паролҳои якдафъаинаро дар бар мегирад (OTP, One-Time Password). Ҳар дафъа ҳангоми воридшавӣ ба Утоқи шахсӣ ба Иҷозатномагир пароли беназири OTP тавассути SMS фиристода мешавад, ки барои мушаххаскунии якдафъаина истифода мешавад. Ин система амният ва махфияти иттилооти Иҷозатномагир (Литсензиат)-ро, тавассути ҳифзи дастрасӣ ба тавозуни Утоқи шахсӣ, таърихи истифодаи манбаи маълумот ва воситаҳои пардохт, таъмин менамояд. Пароли OTP ин рамзи муваққатӣ ва тасодуфан тавлидшуда мебошад, ки танҳо барои як ҷаласаи воридшавӣ ё транзаксия эътибор дорад ва барои таъмини амнияти иловагӣ тавассути пешгирии истифодаи такрории ҳамон рамз пешбинӣ шудааст.
Маҷмӯъ барои дастрасӣ ба Утоқи шахсӣ аз рақами телефони Иҷозатномагир (Литсензиат) ва пароли OTP (One-Time Password) иборат аст, ки ҳангоми ҳар як дархости воридшавӣ тавлид карда мешавад ва ба Иҷозатномагир (Литсензиат) тавассути SMS фиристода мешавад. Ин системаи мушаххаскунӣ сатҳи баланди амниятро таъмин менамояд, зеро пароли OTP танҳо барои муддати кӯтоҳ эътибор дорад ва дубора истифода намешавад. Пароли якдафъаина (OTP) ин рамзи муваққатӣ ва тасодуфан тавлидшуда мебошад, ки ба имзои шахсӣ дар шакли рақамӣ баробар мебошад ва барои пешгирии дастрасии бе тасвиб ба аккаунт пешбинӣ шудааст;
Интерфейси барои истифодабарандагон – усули мураккаб аст, ки ба Иҷозатномагир (Литсензиат) имкон медиҳад бо Манбаи маълумот ва ҷузъҳои дигари Сомона ё барномаи мобилӣ тавассути интерфейси кросс-платформа, ки барои истифода дар дастгоҳҳои дорои системаҳои гуногуни амалиетӣ, аз ҷумла Android ва iOS мутобиқ карда шудааст, ҳамкорӣ намояд. Интерфейс дастрасиро ба функсияҳои асосӣ таъмин менамояд, ба монанди иловакунӣ, ҷустуҷӯ, таҳриркунӣ ва хориҷ кардани эълонҳо, инчунин идоракунии танзимоти шахсӣ ва аккаунт. Тарҳи интерфейс барои қулай ва самаранок будани ҳамкорӣ барои истифодабарандагон таҳия шудааст, ва идоракунии ҳам сенсорӣ ва ҳам классикиро таъмин менамояд.
1. МАТЛАБИ ШАРТНОМАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
1.1. Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур шартномаи ҳамроҳшавӣ мутобиқи моддаи 1244 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, шартҳои Шартномаи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) дар шакли стандартӣ муайян карда шуда, аз ҷониби Иҷозатномагир (Литсензиат) танҳо бо роҳи ҳамроҳ шудан ба Шартномаи иҷозатномадиҳии пешниҳодшуда дар маҷмӯъ қабул карда мешаванд.
1.2. Бо Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ба Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқи истифодаи ройгони Манбаи маълумоти Сомонаи Somon.tj ва Таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj)-ро пешниҳод менамояд.
1.3. Ҳуқуқҳои зикршуда ба Иҷозатномагир (Литсензиат) барои истифода дар доираи муқаррарнамудаи Шартномаи иҷозатномадиҳӣ ва бо шарти риояи шартҳо ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи Шартномаи иҷозатномадиҳӣ дода мешаванд.
1.4. Ҳудуди амали ҳуқуқи ғайриистисноӣ ва ройгонӣ истифодабарии Манбаи маълумот ва Таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj): ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1.5. Муҳлати пешниҳоди ҳуқуқи ғайриистисноӣ ва ройгони истифодабарии Манбаи маълумот ва Таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj): 1 (Як) сол. Дар ҳолате, ки агар ҳеҷ яке аз Тарафҳо нияти қатъ кардани пешазмӯҳлатии Шартномаи иҷозатномадиҳиро изҳор накунад, амали он ба айнан ҳамин давра тамдид карда мешавад. Шумораи чунин тамдидкуниҳо бемаҳдуд аст.
1.6. Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур ягон хизматрасониро аз ҷониби Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) пешбинӣ намекунад, аммо ба Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқ (имконият) медиҳад, ки дар реҷаи автоматикунонидашуда тавассути Таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj) мустақилона бо Манбаи маълумот ҳамкорӣ намояд ва ба он иттилоот ворид намояд, онро таҳрир кунад, хориҷ кунад, нигоҳ дорад ва амалҳои дигарро иҷро намояд.
1.7. Иҷозатномагир (Литсензиат) кафолат медиҳад, ки ӯ Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкурро ихтиёран баста, барои бастан ва иҷрои Шартномаи иҷозатномадиҳӣ дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ аст, ва ҳамзамон Иҷозатномагир (Литсензиат) бо шартҳои Шартномаи иҷозаномадиҳӣ пурра шинос шудааст, моҳияти онҳоро мефаҳмад ва оқибатҳои амалҳои худро оид ба бастани Шартномаи иҷозатномадиҳӣ дарк менамояд.
2. ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ БАРНОМАИ МОБИЛИИ SOMON.TJ
2.1. Дар давоми муҳлати амали Шартномаи иҷозатномадиҳӣ ба Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқи ғайриистисноӣ ва ройгон (иҷозатномаи ғайриистисноии ройгон) барои насб, таҷдид, кушодан ва истифодаи минбаъдаи нусхаи барномаи мобилии Somon.tj дар дастгоҳҳои мобилӣ бо роҳҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- насб намудани барномаи мобилии Somon.tj шумораи номаҳдуди маротиба дар шумораи номаҳдуди дастгоҳҳои ба Иҷозатномагир (Литсензиат) тааллуқдошта, бо шарти пурра нигоҳ доштани барномаи мобилӣ дар шакле, ки он дар мағозаи дахлдори барномаҳои мобилӣ (Google Play, App Store ва ғайра) пешниҳод шудааст,
- истифода намудани имкониятҳои функсионалӣ, хадамот, хизматрасониҳо, воситаҳое, ки дар барномаи мобилии Somon.tj амал мекунанд ва барои Истифодабарандагон дар сомонаи Somon.tj дастрасанд,
- дастрасӣ ба насбкунӣ ва истифодаи версияҳои нави барномаи мобилии Somon.tj (ҳангоми нашр шудани онҳо).
2.2. Худуди амали ҳуқуқи ғайриистисноӣ ва ройгони истифодаи барномаи мобилии Somon.tj: худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.3. Ҳуқуқи истисноӣ ба барномаи мобилии Somon.tj ба Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) тааллуқ доранд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ҳимоя карда мешавад ва дар ҳеҷ сурат ба Иҷозатномагир (Литсензиат) намегузарад.
2.4. Иҷрои уҳдадорӣ аз ҷониби Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) оиди ба Иҷозатномагир (Литсензиат) пешниҳод намудани ҳуқуқи ғайриистисноии ройгони истифодаи барномаи мобилии Somon.tj дар лаҳзаи насбкунии (зеркашии) барномаи мобилӣ аз ҷониби Иҷозатномагир (Литсензиат) ба дастгоҳи мобилии худ тавассути мағозаҳои барномаҳои мобилӣ (Google Play, App Store ва ғайра) амалӣ карда мешавад.
2.5. Истифодабаранда шинос аст ва тасдиқ мекунад, ки иҷрои амал ва фармонҳо бо истифода аз мағозаи барномаҳо ва барномаи мобилии Somon.tj ин яке аз роҳҳои бастани шартномаҳо ва созишномаҳоест, ки барои истифодаи имкониятҳои функсионалӣ, хизматрасонӣ, воситаҳое, ки барои истифодабарандагон дар Сомонаи Somon.tj дастрасанд, зарур мебошанд.
2.6. Истифодаи барномаи мобилии Somon.tj танҳо бо шарти розигии пурра (аксепт)-и Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj ва шартҳои Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур, иҷозат дода мешавад. Истифодабаранда бо пахш кардани тугмаи мувофиқ дар барномаи мобилӣ розигии худро тасдиқ менамояд ва тасдиқ мекунад, ки ӯ бо шартҳои ин ҳуҷҷатҳоро шинос шудааст ва уҳдадор мешавад, ки онҳоро иҷро намояд.
2.7. Истифодаи барномаи мобилии Somon.tj бо роҳҳо ва мақсадҳое, ки Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj ва Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур пешбинӣ накардаанд, иҷозат дода намешавад.
2.8. Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ҳуқуқ дорад огоҳиномаҳои push-ро ба дастгоҳҳои мобилии Иҷозатномагир (Литсензиат) фиристад. Насб кардани барномаи мобилӣ дар дастгоҳи мобилӣ маънои розигии Иҷозатномагирро (Литсензиат) барои гирифтани огоҳиномаҳои push, аз ҷумла маълумоти дорои хусусияти иттилоотӣ ё рекламавӣ, дорад. Иҷозатномагир (Литсензиат) метавонад аз гирифтани огоҳиномаҳои push дар барномаи мобилии Somon.tj даст кашад тавассути танзимоти дастгоҳи мобилии худ.
2.9. Маҳдудиятҳои истифодаи барномаи мобилии Somon.tj:
- бо ягон тарз додани ҳуқуқ барои барномаи мобилии Somon.tj ба шахсони сеюм манъ аст
- мустақилона ё бо ёрии шахсони сеюм тағйир додан, эҷод кардани таъминоти барномавии пурра ё қисман ҳаммонанд ба ин барнома, такмил додан, тарҷума ба забонҳои дигар, иҷрои таҳлили муҳандисӣ, аз ҷумла бо мақсади такрористеҳсолкунӣ, декомпилятсия, ассемблятсияи баръакс, рамзкушоӣ, эмулятсия, вайрон кардани тамомияти системаи муҳофизатӣ, барқарор кардан ё кӯшиши барқарор намудани рамзи ибтидоӣ ё протоколҳои барномаи мобилии Somon.tj ё ягон қисм ё имкониятҳои функсионалии он манъ аст
- мустақилона ё бо ёрии шахсони сеюм таҷдиди унсурҳои тарҳ ё интерфейси барои истифодабарандагон дар барномаи мобилии Somon.tj, инчунин истифодаи барномаи мобилии Somon.tj, ягон қисм ё имкониятҳои функсионалии он дар таркиби мол, хизматрасонӣ ё пешниҳодҳо, ба истиснои истифодабарии бевоситаи имкониятҳои функционалии Сомонаи Somon.tj.
2.10. Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) бо салоҳдиди худ ба барномаи мобилии Somon.tj тағйирот ворид менамояд, таҳрир медиҳад, функсияҳои алоҳидаи онро васеъ менамояд, ё таҳия ва дастгирии техникии кори барномаи мобилии Somon.tj-ро қатъ мекунад, бе огоҳии пешакии Иҷозатномагир (Литсензиат).
2.11. Ҳама гуна тафсири (версияи) барномаи мобилии Somon.tj «as it is», «чун ҳаст» пешниҳод карда мешавад; ин маънои онро дорад, ки Иҷозатномадиҳанда оид ба барномаи мобилии Somon.tj ё имкониятҳои функсионалии алоҳидаи он кафолат пешниҳод намекунад, аз он ҷумла, Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ба Иҷозатномагир (Литсензиат) кафолат намедиҳад, ки:
- барномаи мобилии Somon.tj ё имкониятҳои функсионалии алоҳидаи он, таъсири мустақим ё ғайримустақими онҳо ва сифат ба интизориҳо ва ҳадафҳои Иҷозатномагир (Литсензиат) мувофиқат мекунанд
- барномаи мобилии Somon.tj ё имкониятҳои функсионалии алоҳидаи он пай дар пай, боэътимод ва бидуни хато пешниҳод карда мешаванд; Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ҳуқуқ дорад дастрасии Иҷозатномагирро (Литсензиат) ба барномаи мобилии Somon.tj боздорад, аз ҷумла бо сабаби гузаронидани корҳои техникӣ
- натиҷаҳое, ки тавассути истифодаи барномаи мобилии Somon.tj ё имкониятҳои функсионалии алоҳидаи он ба даст оварда мешаванд, бояд дақиқ ва боэътимод бошанд ё ва ба интизориҳои Иҷозатномагир (Литсензиат) мувофиқат кунанд.
2.12. Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) дар назди Иҷозатномагир ё шахсони сеюм барои ягон зарари марбут ба истифодаи барномаи мобилии Somon.tj ё ғайриимкон будани истифодаи он, аз он ҷумла аз сабаби хатогиҳои эҳтимолӣ ё корношоямӣ, ҷавобгар нест.
2.13. Муроҷиатҳои Иҷозатномагир (Литсензиат) оид ба кори барномаи мобилии Somon.tj метавонад ба Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) тавассути усул барои тамос дар барномаи мобилии Somon.tj ирсол карда шавад.
2.14. Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳза аз иҷрои Шартномаи иҷозатномадиҳӣ дар қисми марбут ба ҳуқуқи истифодаи барномаи мобилии Somon.tj даст кашад, ва барномаи мобилиро аз дастгоҳи мобилӣ пурра хориҷ кунад.
3. ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ МАНБАИ МАЪЛУМОТИ СОМОНАИ SOMON.TJ ВА ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВИИ «SOMON ЭЪЛОНҲО» (SOMON.TJ)
3.1. Тартиби пешниҳод намудани ҳуқуқи истифодаи Манбаи маълумот ва Таъминоти барномавӣ
3.1.1. Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ба Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқи ғайриистисноии ройгони истифодаи Манбаи маълумот, ки дар Сомонаи/барномаи мобилии Somon.tj ва Таъминоти барномавӣ ҷойгир шудааст, тибқи шартҳои Шартномаи Иҷозатномадиҳии мазкур пешниҳод менамояд.
3.1.2. Из тарафи Иҷозатномагир (Литсензиат) иҷро кардани Сабти бақайдгирӣ таҳти рақами тартибии ҷудошуда (id), ва/ё фаъолсозии интерфейси барои истифодабарандагон, маънои аз тарафи Иҷозатномагир баста шудани Шартномаи мазкурро дорад, ва маънои ризоияти бечунучарои Иҷозатномагирро (Литсензиат) бо тамоми шартҳои Шартномаи мазкурро дорад.
3.1.3. Ҳангоми истифодаи Манбаи маълумот Иҷозатномагир (Литсензиат) бо Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур, Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj, ки дар суроғаи https://somon.tj/about/rules/ ҷойгир мебошад, ва бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоӣ менамояд.
3.1.4. Истифодаи Манбаи маълумот танҳо дар асоси Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур иҷозат дода мешавад. Агар Иҷозатномагир (Литсензиат) шартҳои Шартномаи иҷозатномадиҳиро пурра қабул нанамояд, Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқи истифодаи Манбаи маълумотро бо ягон мақсад надорад. Истифодаи Манбаи маълумот бо вайрон намудани (иҷро накардани) ягон шарти Шартномаи иҷозатномадиҳӣ манъ аст.
3.1.5. Барои бастани Шартномаи мазкур ва истифодаи Манбаи маълумот Иҷозатномагир (Литсензиат) дар Сомона бақайдгирӣ менамояд ва/ё интерфейси барои истифодабарандагонро фаъол менамояд.
3.1.6. Бақайдгирии Иҷозатномагир (Литсензиат) ихтиёрӣ ва ройгон аст. Иҷозатномагир (Литсензиат) ба Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) кафолат медиҳад, ки ӯ ба синну соле расидааст, ки тибқи қонунгузорӣ барои аксепти Шартномаи мазкур иҷозат дода шудааст.
3.1.7. Барои ба итмом расонидани бақайдгирӣ, Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ба рақами телефони аз тарафи Иҷозатномагир (Литсензиат) нишондодашуда SMS-ро бо пароли якдафъаина (OTP) барои мушаххаскунии ибтидоӣ дар Утоқи шахсӣ мефиристад. Барои ба итмом расонидани бақайдгирӣ, Иҷозатномагир (Литсензиат) бояд ин ОТР-ро дар Сомона ворид намояд. Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ба Иҷозатномагир (Литсензиат) id (рақами тартибии Утоқ) медиҳад ва/ё интерфейси барои истифодабарандагонро фаъол менамояд.
3.1.8. Мушаххаскунии минбаъдаи Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳамеша бо истифода аз пароли якдафъаина (OTP), ки ба рақами телефони ӯ фиристода мешавад ва ба имзои шахсӣ баробар ба ҳисоб меравад, сурат мегирад.
3.1.9. Ҳама амалҳо бо Манбаи маълумот, ки бо воситаи сабти бақайдгирии Иҷозатномагир (Литсензиат) пас аз ворид кардани пароли якдафъаинаи (OTP) ба рақами телефони Иҷозатномагир ирсолшуда иҷро мешаванд, амали Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳисобида мешаванд.
3.1.10. Дар лаҳзаи бақайдгирии Иҷозатномагир (Литсензиат) дар Сомона дар асоси иҷозатномаи оддӣ, ба ӯ ҳуқуқҳои маҳдудгардида барои Манбаи маълумот дода мешаванд.
3.1.11. Ҳуқуқҳои бо иҷозатномаи мазкур пешбинишуда аз ҷониби Иҷозатномагир (Литсензиат) дар Сомона танҳо бо истифодаи воситаҳои барномавии Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) (Утоқи шахсӣ, интерфейси барои истифодабарандагон, модули барномавии «Somon Эълонҳо») амалӣ карда мешаванд. Ба Иҷозатномагир (Литсензиат) иҷозат дода намешавад, ки ба кори маҷмӯаҳои барномавии Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) бо ягон роҳ дахолат кунад ва/ё барномаҳои берунаро барои дастрасӣ ба Манбаи маълумот истифода барад.
3.1.12. Ба Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқ дода мешавад, ки ба Манбаи маълумот шабонарӯзӣ дастрасӣ дошта бошад, ба истиснои вақти корҳои пешгирикунанда.
3.1.13. Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқ дорад Манбаи маълумотро бо усулҳои дар Иҷозатномаи мазкур тавсифшуда, дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.
3.1.14. Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқ надорад номгуйи Манбаи маълумот, нишонаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ё дигар ишораҳо ба ҳуқуқдорро тағйир диҳад ва/ё хориҷ намояд.
3.1.15. Намуди зоҳирӣ (формат, андоза ва дигар параметрҳо)-и Эълон бояд ба параметрҳои муайяннамудаи Сомона мувофиқат кунад.
3.2. Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) уҳдадор мешавад:
3.2.1. Ба Иҷозатномагир (Литсензиат) имконият диҳад, ки ҳуқуқи истифодаи Манбаи маълумотро тибқи шартҳои Иҷозатномаи мазкур амалӣ намояд.
3.2.2. Коршоямии Сомона, Манбаи маълумот ва Утоқи шахсиро дар давоми муҳлати амали шартнома таъмин намояд.
3.2.3. Аз ҳисоби худ корношоямии Сомона, Манбаи маълумот ва Утоқи шахсиро ҳангоми ошкоркунии онҳо ҳарчи зудтар бартараф намояд.
3.2.4. Пешниҳод намудани дастрасӣ ба Утоқи шахсии Иҷозатномагир (Литсензиат) танҳо тавассути маҷмуи логин ва парол.
3.2.5. Сабтҳои Иҷозатномагирро (Литсензиат) дар Манбаи маълумот дар давоми муҳлати амали шартнома нигоҳ дорад.
3.2.6. Коркарди сабтҳои Иҷозатномагирро (Литсензиат) таъмин намояд.
3.3. Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ҳуқуқ дорад:
3.3.1. Ба кори Сомона, маҷмӯи барномавии «Somon Эълонҳо», Манбаи маълумот, инчунин ба шартҳои шартномаи мазкур бе огоҳии пешакии Иҷозатномагир (Литсензиат) дар давоми муҳлати амали шартнома тағйирот ворид намояд.
3.3.2. Эълонҳои Иҷозатномагирро (Литсензиатро) хориҷ кунад, рад намояд, таҳрир диҳад, агар онҳо хилофи Қоидаҳои Сомона ва/ё қонунгузорӣ бошанд ва агар Эълонҳо ҳуқуқи шахсони сеюмро вайрон намоянд.
3.3.3. Яктарафа муҳлати додани ҳуқуқи истифодаи Манбаи маълумотро тағйир дихад.
3.3.4. Ҳуқуқи Иҷозатномагирро (Литсензиат) барои истифодаи Манбаи маълумот ва Иҷозатномаро дар ҳолатҳои зерин қатъ намояд:
- ба охир расидани муҳлати истифодаи Манбаи маълумот
- пеш аз муҳлат қатъ кардани истифодаи Манбаи маълумот аз ҷониби Иҷозатномагир (Литсензиат)
- аз Манбаи маълумот хориҷ кардани Эълонҳо аз ҷониби Иҷозатномагир (Литсензиат)
- аз ҷониби Иҷозатномагир (Литсензиат) вайрон намудани шартҳои Иҷозатномаи мазкур, аз ҷумла кафолатҳои додаи Иҷозатномагир (Литсензиат) ва/ё Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj.
3.3.5. Ба таври ройгон ва бемуҳлат бо ҳама гуна усули қонунӣ истифода бурдани Эълонҳои ба Манбаи маълумот дохилкардаи Иҷозатномагир (Литсензиат), бо мақсади иҷрои Иҷозатномаи мазкур ва/ё ҷойгиркунии онҳо дар Манбаи маълумот.
3.4. Иҷозатномагир (Литсензиат) уҳдадор мешавад:
3.4.1. Нигоҳдории маҷмуи логин ва паролро таъмин намояд ва онро барои истифода ба шахсони сеюм надиҳад.
3.4.2. Манбаи маълумотро дар доираи ҳуқуқҳои бо иҷозатнома додашуда истифода барад.
3.4.3. Ҳангоми кор бо Манбаи маълумот ба тавсияҳои интерфейси барои истифодабарандагон пайравӣ намояд.
3.4.4. Дар Эълонҳо танҳо маълумоти иҷозатдодашударо ворид намояд.
3.4.5. Ҳуқуқҳои истифодаи Манбаи маълумотро, ки тибқи Иҷозатномаи мазкур пешниҳод шудааст, бе розигии пешакии хаттии Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ба шахсони сеюм надиҳад.
3.4.6. Маълумотеро, ки хилофи қонунгузорӣ, аз ҷумла, вале маҳдуд нагардида бо маълумоти зерин, ҷойгир накунад: маълумоте, ки боиси барангехтани кинаву адоват, поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони сеюм мегардад. Барои вайрон кардани банди мазкур Иҷозатномагир (Литсензиат) шахсан мутобиқи меъёрҳои қонунгузории маданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ ҷавобгар аст ва инчунин тамоми зарари Иҷозатномадиҳандаро (Литсензиар), ки дар натиҷаи аз ҷониби Иҷозатномагир (Литсензиат) вайрон кардани банди мазкур ба миён омадааст, ҷуброн менамояд.
3.4.7. Ҳуқуқҳо барои Манбаи маълумот ниҳоӣ мебошанд, Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқ надорад нусхабардорӣ, истихроҷ, ҷамъоварӣ, коркард, чоп ва/ё паҳнкунии минбаъдаи маълумоти ба Манбаи маълумот аз ҷониби дигар Иҷозатномагирон (Литсензиатҳо) воридкардаро, анҷом диҳад. Барои вайрон намудани банди мазкур ҷавобгарии пешбининамудаи меъёрҳои қонунгузории маданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ, инчунин меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ, ба миён меояд.
3.4.8. Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқ дорад аз ҳуқуқҳое, ки ба ӯ Иҷозатномаи мазкур ва қонунгузории амалкунанда дода шудаанд, истифода барад.
3.5. Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқ дорад:
3.5.1. Ҳолати тавозуни Утоқи шахсиро назорат намояд ва дар ҳолати зарурӣ онро пур кунад.
3.5.2. Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқ дорад тавассути почтаи электронӣ ва тавассути усул барои тамос, ки дар Сомона пешбинӣ шудааст, барои дастгирии техникӣ ва машварат ба Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) муроҷиат намояд.
4. МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФҲО
4.1. Дар ҳеҷ сурат, Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) дар назди Иҷозатномагир (Литсензиат) ё шахсони сеюм барои ҳама гуна талафот, хароҷот, зиён ё ҳисорот (аз даст додани даромади тиҷорӣ, аз даст додани фоида ё ягон зарари мустақим, ғайримустақим, минбаъда, махсус ё зарари дигар), ҷавобгар намебошад, агар онҳо дар натиҷаи ҳолатҳои зерин ба вуҷуд омада бошанд:
- корношоямӣ дар кори Сомонаи/барномаи Somon.tj, Манбаи маълумот, Таъминоти барномавӣ ва дастрасии шахсии истифодабаранда ба системаи идоракунии Манбаи маълумот
- истифодаи маълумоти дар Манбаи маълумот нигоҳдошташуда
- ҳар гуна хатогие, ки дар маълумоти дар Манбаи маълумот нигоҳдошташуда вуҷуд дорад.
4.2. Иҷозатномагир (Литсензиат) дар назди Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ва шахсони сеюм барои зарари расонидашуда дар натиҷаи содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи Иҷозатномадиҳии мазкур, ки тавассути Утоқи шахсии ӯ содир шудаанд, ҷавобгар аст.
4.3. Иҷозатномагир (Литсензиат) барои бехатарии логин ва пароли худ барои дастрасӣ ба сабти бақайдгирии худ (рамзи пин барои барномаи мобилии Somon.tj) комилан масъул аст, ва барои зараре, ки метавонад бо сабаби истифодаи беиҷозати логин ва пароли ӯ ба миён ояд, ҷавобгар мебошад.
4.4. Иҷозатномагир (Литсензиат) масъули зерин дорад:
- барои мундариҷаи Эълонҳое, ки барои дастрасии умум дар Сомона/барномаи мобилии Somon.tj гузошта шудаанд
- барои риояи тамоми талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузорӣ дар бораи моликияти зеҳнӣ, дар бораи рақобат, вале бо ин маҳдуд нашуда, нисбат ба мазмуну шакли Эълонҳо, ва барои дигар амалҳое, ки дар доираи Шартномаи иҷозатномадиҳӣ амалӣ карда мешаванд
- барои дурустии маълумоте, ки ӯ ҳангоми бақайдгирӣ ҳамчун истифодабарандаи Сомонаи/барномаи мобилии Somon.tj нишон додааст, инчунин маълумоти дигари аз тарафи ӯ пешниҳодшаванда, ва барои эътимоднокии кафолатҳои Истифодабаранда, ки дар ҳамин Шартномаи иҷозатномадиҳӣ мавҷуданд.
4.5. Агар ҷойгиркунии маълумот аз ҷониби Иҷозатномагир (Литсензиат) боиси нисбати Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) пешниҳод намудани иддаоҳо, даъвоҳои шахсони сеюм, ҷаримаҳои аҳдшикании шартномавӣ ё амри мақомоти давлати оиди пардохти ҷаримаҳо вобаста ба вайрон кардани ҳуқуқҳои шахсони сеюм ва/ё қонунгузории амалкунанда гардад, он гоҳ Иҷозатномагир (Литсензиат) уҳдадор мешавад, ки дарҳол бо дархости Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ба ӯ тамоми маълумоти дархостшударо оид ба ҷойгиркунӣ ва мундариҷаи Эълонҳо пешниҳод намояд, ба Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) барои ҳалли чунин даъвоҳо мусоидат намояд, ва инчунин тамоми зараре, ки дар натиҷаи чунин даъвоҳо, ҷаримаҳои аҳдшикании шартномавӣ ва ҷаримаҳо ба Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) расонида шудааст, ҷуброн намояд.
4.6. Тарафҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои пешбининамудаи Шартномаи иҷозатномадиҳӣ, дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода, яъне ҳолатҳои ғайричашмдошт ё ҳолатҳои қувваи бартарафнашаванда, ки Тарафҳо ҳангоми оқилона амал кардан наметавонистанд онҳоро пешгӯӣ ё пешгирӣ намоянд, ҷавобгар нестанд. Тарафе, ки зери таъсири чунин ҳолатҳо қарор гирифт, бояд дар муҳлати оқилона ва бо тарзи дастрас ба Тарафи дигар дар бораи чунин ҳолатҳо хабар диҳад.
5. ШАРТҲОИ ДИГАР
5.1. Манбаи маълумоти Сомонаи Somon.tj ва Таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj) объектҳои ҳуқуқҳои истисноии Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) мебошанд, ҳамаи ҳуқуқҳо ба Манбаи маълумот ва Таъминоти барномавӣ ҳифз карда мешаванд.
Инчунин Сомонаи Somon.tj ва барномаи мобилии Somon.tj, ҳамчун объектҳои таркибии моликияти зеҳнӣ, дар таркиби худ объектҳои ҳуқуқи истисноии Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар), аз ҷумла Манбаи маълумоти Сомонаи «Сомон Эълонҳо» ва Таъминоти барномавии Somon.tj, дар бар мегиранд.
5.2. Ҳама гуна истифодаи Манбаи маълумот ва Таъминоти барномавӣ ба тариқи дигар ё бо мақсадҳои дигаре, ки дар Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур иҷозат дода шудааст, бе иҷозати пешакии хаттии Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) манъ аст.
5.3. Шартномаи иҷозатномадиҳӣ аз лаҳзаи қабули шартҳои он аз ҷониби Иҷозатномагир (Литсензиат) эътибор пайдо мекунад ва то бекор ё қатъ шудани он тибқи шартҳои Шартномаи иҷозатномадиҳӣ амал менамояд.
5.4. Шартномаи иҷозатномадиҳӣ метавонад дар ҳолатҳои зерин пеш аз муҳлат бо тартиби ғайрисудӣ қатъ карда шавад:
- Шартномаи иҷозатномадиҳӣ ба таври автоматӣ дар сурати қатъ кардани Созишнома бо истифодабарандагон оиди истифодаи Сомонаи/барномаи мобилии Somon.tj байни Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ва Иҷозатномагир (Литсензиат) (Истифодабаранда), қатъ карда мешавад
- бо ташаббуси Иҷозатномагир (Литсензиат) дар сурати вайрон намудани шартҳои Шартномаи иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар), ва бо огоҳии хаттии Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) дар мӯҳлати 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ пеш аз рӯзи қатъкунӣ
- бо ташаббуси Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) дар тартиби яктарафаи ғайрисудӣ дар сурати вайрон намудани шартҳои Шартномаи иҷозатномадиҳӣ ё Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj аз ҷониби Иҷозатномагир (Литсензиат), ва бо огоҳии Иҷозатномагир (Литсензиат) тавассути почтаи электронӣ дар мӯҳлати 1 (як) рӯзи тақвимӣ пеш аз санаи қатъкунӣ
- дар вақти дилхоҳ бо созиши Тарафҳо.
5.5. Ҳар гуна баҳсу ихтилофи Тарафҳо оид ба масъалаҳои иҷрои Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур бояд бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шавад. Дар сурати ба мувофиқа нарасидан дар рафти гуфтушунидҳо баҳсу ихтилофҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи судӣ дар маҳалли ҷойгиршавии Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ҳал карда мешаванд. Тартиби пешазсудии иддаономавӣ барои баррасии баҳсҳо ҳатмист. Муҳлати баррасии иддаоҳои Тарафҳо 15 рӯзи тақвимӣ мебошад.
5.6. Иҷозатномадиҳанда (Литсензиар) ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳза шартҳои Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкурро тағйир диҳад ё пурра намояд. Тағйирот ва иловаҳо ба Шартномаи иҷозатномадиҳии мазкур пас аз нашри онҳо дар Сомонаи/барномаи мобилии Somon.tj эътибор пайдо мекунанд. Дар сурати розӣ набудани Иҷозатномагир (Литсензиат) бо чунин тағйирот ё иловаҳо, Иҷозатномагир (Литсензиат) ҳуқуқ дорад аз Шартномаи иҷозатномадиҳӣ даст кашад, дар ин маврид Иҷозатномагир (Литсензиат) уҳдадор аст истифодаи Сомонаи Somon.tj-ро қатъ кунад ва барномаи мобилии Somon.tj-ро аз дастгоҳи мобилии худ хориҷ намояд.