Шартномаи хизматрасонии пулакӣ
Замимаи 1 ба Созишнома бо истифодабарандагон
Шартномаи хизматрасонии пулакии мазкур мутобиқи моддаи 502-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон офертаи оммавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рашод» мебошад (ҶДММ «Рашод», шахси ҳуқуқӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва амал мекунад, РМА:030016112, РЯМ:0310007280, суроға: ш. Душанбе, куч. Пушкин 10, ут. 13), ки минбаъд «Иҷрокунанда» номида мешавад.
Шартномаи хизматрасонии пулакии мазкур Замимаи 1 ва қисми ҷудонашавандаи Созишнома бо истифодабарандагон аст.
ИСТИЛОҲОТ ВА МАВҲУМҲО
Дар Шартномаи мазкур истилоҳот ва мавҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
Шартнома (Оферта) – шартномаи хизматрасонии пулакии мазкур;
Иҷрокунанда – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рашод»;
Истифодабаранда (Истифодабарандагон) – дилхоҳ шахсони воқеии қобили амал; инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки бо тартиби муқарраршуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;
Сомона/замимаи Somon.tj – сомонаи интернет www.somon.tj; инчунин барномаҳои Somon.tj барои дастгоҳҳои мобилӣ дар асоси системаҳои амалётии iOS ва Android, ки аз ҷониби Иҷрокунанда идора карда мешаванд ва платформаи коммуникатсиониро барои ҷойгиркунонии Эълонҳои Истифодабарандагон мебошад;
Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj – маҷмӯи ҳуҷҷатҳое, ки муносибатҳои байни Иҷрокунанда ва Истифодабарандаро танзим мекунанд ва дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ҷойгир карда шудаанд: Созишнома бо истифодабарандагон ва замимаҳо ба он, аз ҷумла Шартномаи мазкур, инчунин Шартномаи иҷозатномадиҳӣ дар бораи додани ҳуқуқи истифодаи Манбаи маълумоти Сомонаи Somon.tj ва таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj);
Эълонҳо – пешниҳодҳои Истифодабарандагон дар бораи харид, фурӯш, мубодила, ҳадя, иҷора, истифодабарии молҳо, хизматҳо, корҳо, вазифаҳои холӣ, резюме ва пешниҳодҳои дигар, ки Истифодабарандагон дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ҷустуҷӯ карда метавонанд;
Хизматҳои Пулакии Иҷрокунанда – хизматрасонии пулакӣ оид ба ҷойгиркунонии Эълонҳои Истифодабарандагон дар Сомонаи/барномаи Somon.tj; тавсифи Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда дар банди 3.6.-и Шартнома оварда шудааст;
Утоқи шахсӣ – сабти баҳисобгирии (аккаунти) Истифодабаранда дар Сомонаи/барномаи Somon.tj, ки бо ёрии он Истифодабаранда имконият дорад, ки аз Хизматҳои пулакӣ ва дигар хизматгузориҳои Иҷрокунанда истифода барад, Эълонҳои худро идора намуда, амалҳои дигарро анҷом диҳад;
Ҳамён — ҳисоби таҳлилии низоми баҳисобгирии Сомонаи/барномаи Somon.tj, ки барои баҳисобгирии воридот ва хароҷоти маблағҳое, ки Истифодабаранда барои пардохти Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда ворид кардааст, истифода бурда мешавад;
Пуркунии Ҳамён — анҷом додани пешпардохт барои Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда, ки иттилоот дар бораи маблағи он дар бахши «Ҳамён» дар сабти баҳисобгирии/аккаунти истифодабаранда дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ба ҳисоб гирифта шуда, инъикос карда мешавад.
Истилоҳот дар Шартнома, ки дар ин бахши Шартнома муайян карда нашудаанд, маънои дар Созишнома бо истифодабарандагон муқарраршударо доранд.
1. МАТЛАБИ ШАРТНОМА
1.1. Матлаби Шартнома ин аз ҷониби Иҷрокунанда расонидани Хизматҳои пулакии оид ба ҷойгиркунии Эълонҳои истифодабарандагон дар бораи фурӯш, харид, истифодабарии молҳо, хизматҳо, корҳо дар Сомонаи/барномаи Somon.tj мебошад.
1.2. Истифодабаранда ӯҳдадор мешавад, ки арзиши Хизматҳои пулакии Иҷрокунандаро тибқи шартҳои Шартнома ва шартҳои Созишнома бо истифодабарандагон пардохт менамояд.
2. ТАРТИБИ БАСТАНИ ШАРТНОМА
2.1. Пеш аз оғози фармоиш ва пардохти арзиши Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда, Истифодабаранда бояд бо Шартнома ва бо Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj бодиққат шинос шавад.
2.2. Барои истифода бурдан аз Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда бақайдгирии Истифодабаранда дар Сомонаи/барномаи Somon.tj зарур аст. Тартиби бақайдгирӣ дар Созишнома бо истифодабарандагон зикр карда шудааст.
2.3. Ҳар як фармоиши Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда муомилоти алоҳида мебошад, ва ба ҳар як фармоиш шартҳои Шартнома ва шартҳои Созишнома бо истифодабарандагон татбиқ карда мешаванд, ки дар лаҳзаи анҷом додани муомилот амал мекунанд.
2.4. Аз лаҳзаи пардохти арзиши Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда аз ҷониби Истифодабаранда бо тартибе, ки бо Шартнома ва Созишнома бо истифодабарандагон пешбинӣ карда шудааст, Офертаи мазкур аз ҷониби Истифодабаранда қабулшуда (актсептшуда) ва Шартномаи байни Иҷрокунанда ва Истифодабаранда басташуда ба ҳисоб меравад.
2.5. Дар ҳолати аз ҷониби Истифодабаранда қабул шудани Офертаи мазкур, Истифодабаранда ва Иҷрокунанда Шартномаи хизматрасонии пулакиро бо шартҳое, ки дар Шартномаи мазкур пешбинӣ карда шудаанд, ба имзо расонида ҳисобида мешаванд.
3. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ХИЗМАТҲОИ ПУЛАКИИ ИҶРОКУНАНДА
3.1. Категорияҳои Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда дар банди 3.6.-и Шартнома оварда шудаанд.
3.2. Иҷрокунанда метавонад рӯйхати Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда, арзиши онҳо ва шартҳои Хизматҳои пулакиро бо салоҳдиди худ пурра кунад ва тағйир диҳад, бо роҳи ҷойгир кардани тағйиротҳои дахлдор дар Сомонаи/барномаи Somon.tj. Истифодабарии Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда пас аз дар Сомонаи/барномаи Somon.tj нашр шудани тағйиротҳо, маънои бо ҳамаи тағйиротҳо розӣ будани Истифодабарандаро дорад.
3.3. Иҷрокунанда ба Истифодабаранда Хизматҳои пулакиро тибқи шартҳои Шартнома ва шартҳои Созишнома бо истифодабарандагон дар сурати мавҷуд будани имконияти техники пешниҳод мекунад. Мавҷуд будани имконияти техники аз ҷониби Иҷрокунанда мустақилона муайян карда мешавад, аз он ҷумла аз рӯи риоя намудани шартҳои Шартнома ва шартҳои Созишнома бо истифодабарандагон аз ҷониби Истифодабаранда. Риоя накардани шартҳои Шартнома ва шартҳои Созишнома бо истифодабарандагон аз ҷониби Истифодабаранда метавонад боиси имконнопазир гардидани иҷрои ӯҳдадориҳои Иҷрокунанда оид ба пешниҳоди Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда гардад.
3.4. Истифодабаранда ӯҳдадор мешавад, ки ҳангоми истифодабарии Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Шартнома ва Созишнома бо истифодабарандагонро риоя намояд.
3.5. Истифодабаранда ӯҳдадор мешавад, ки бо талаби Иҷрокунанда ба охирин иттилоот ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои мушаххас кардани Истифодабаранда ҳамчун тарафи Шартнома, аз он ҷумла ҳангоми ба суроғаи Иҷрокунанда равон кардани аризаҳо, огоҳиномаҳо ва паёмҳои дигар, пешниҳод намояд.
3.6. Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда, ки ба Истифодабарандагон пешниҳод шуда метавонанд:
– дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ҷойгир кардани Эълонҳо бо шартҳои дар Созишнома бо истифодабарандагон ва Нархнома зикргардида ва мутобиқи параметрҳое, ки Истифодабаранда мустақилона интихоб мекунад;
– баланд бардоштани мавқеъи ҷойгиршавии Эълонҳо дар Сомонаи/барномаи Somon.tj барои нишондиҳӣ дар рӯйхати Эълонҳои ҷойгирнамудаи шахсони дигар;
– хизматҳои пулакии дигар, ки дар дилхоҳ вақт аз ҷониби Иҷрокунанда ба рӯйхати Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда илова шуда метавонанд.
Рӯйхати ҷории Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда ва нархи амалкунандаи Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда дар Нархнома (Замимаи 2 ба Созишнома бо истифодабарандагон) оварда шудаанд.
3.7. Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда ба Истифодабаранда ҳам дар алоҳидагӣ, ва ҳам дар таркиби бастаҳои Хизматҳо, ки аз ҷониби Иҷрокунанда дар Сомонаи/барномаи Somon.tj пешниҳод карда мешаванд, расонида шуда метавонанд.
3.8. Тартиботи пайваст кардани Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда, давраи амал ва шартҳои дигари расонидани Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда аз ҷониби Иҷрокунанда дар Созишнома бо истифодабарандагон муқаррар карда мешаванд.
3.9. Мӯҳлати ҷойгиркунонии Эълонҳо – ин даврае, ки дар давоми он Эълон дар Сомонаи/барномаи Somon.tj мақоми Эълони фаъолро дорад (яъне барои дидабароӣ аз ҷониби Истифодабарандагони дигар дастрас аст).
Мӯҳлати амали Хизмати пулакии Иҷрокунанда оиди баланд бардоштани мавқеъи ҷойгиршавии Эълон дар Сомонаи/барномаи Somon.tj дар ҳар ҳолат наметавонад аз мӯҳлати ҷойгиркунонии ин Эълон зиёд бошад.
3.10. Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда пас аз ба охир расидани мӯҳлати ҷойгиркунонии Эълон аз ҷониби Иҷрокунанда пурра ва ба таври муносиб расонидашуда ба ҳисоб мераванд, аз он ҷумла дар ҳолатҳои зерин:
– баъди гузаштани мӯҳлати ҷойгиркунонии Эълон;
– ҳангоми аз ҷониби Истифодабаранда хориҷ Эълон;
– ҳангоми аз ҷониби Истифодабаранда ғайрифаъол гардонидани сабти баҳисобгирии худ;
– ҳангоми аз ҷониби Иҷрокунанда баста шудани Эълон ё сабти баҳисобгирии Истифодабаранда барои вайрон кардани шартҳои Шартнома ва Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj.
4. ТАРТИБИ ҲИСОББАРОБАРКУНӢ
4.1. Истифодабаранда дар Утоқи шахсии худ Хизмати пулакии Иҷрокунандаро интихоб мекунад ва фармоиш медиҳад.
4.2. Арзиши Хизмати пулакии Иҷрокунанда ҳангоми фармоиш додани он мутобиқи Нархномаи дар лаҳзаи фармоиш амалкунандаи Иҷрокунанда, дар асоси хусусиятҳои Хизмати пулакии Иҷрокунанда ташаккул меёбад (категорияи Эълон, ҳудуд, параметрҳои Эълон, миқдор, мукофотҳо (бонусҳо) ва тахфифҳо ҳангоми мавҷуд будани онҳо дар Истифодабаранда, ва хусусиятҳои дигар), агар дар лаҳзаи фармоиш тартиби дигаре бо Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj пешбинӣ нашуда бошад.
4.3. Ҳангоми ба охир расидани тартибдиҳии фармоиш арзиши Хизмати пулакии Иҷрокунанда ба Истифодабаранда бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо сомонӣ хабар дода мешавад, бо дарназардошти андозҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4.4. Ҳангоми аз ҷониби Истифодабаранда пур кардани Ҳамён маблағи воридшаванда дар интерфейси Утоқи шахсии Истифодабаранда инъикос меёбад. Зимнан, ҳангоми пуркунӣ бо ёрии харидҳои дарунсозшуда дар замимаи iOS (Apple® App Store® In-App Purchase) маблағи аз ҷониби Истифодабаранда воридшаванда метавонад аз маблағ бо сомонӣ ҳангоми мубодила аз рӯи қурби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи даровардани маблағ, фарқ кунад.
4.5. Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда танҳо ҳангоми дар тавозуни Ҳамёни Истифодабаранда мавҷуд будани маблағи баробар ё бештар аз арзиши умумии Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда, ки аз ҷониби Иҷрокунанда фармоиш дода шудаанд, пешниҳод карда мешаванд.
4.6. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад дар вақти дилхоҳ Ҳамёни худро бо маблағи дилхоҳ аз ҳисоби фармоишҳои ояндаи Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда пур кунад (пешпардохт кунад). Бо талаби Истифодабаранда маблағҳои истифоданашуда дар тавозуни Ҳамёни Истифодабаранда дар вақти дилхоҳ бо тартибе, ки дар боби 8-и Шартнома пешбинӣ карда шудааст, баргардонида мешаванд.
4.7. Ҳангоми пардохт кардани Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда маблағи пулии дахлдори Истифодабаранда аз тавозуни Ҳамёни Истифодабаранда бароварда мешавад.
4.8. Хизмати пулакии Иҷрокунанда ба Истифодабаранда баъди аз тавозуни ҳамён баровардани маблағи дахлдор мувофиқи параметрҳои Хизмати пулакии фармоишии Иҷрокунанда пешниҳод карда мешавад, лекин дар ҳар ҳол баъди аз ҷониби Истифодабаранда пешниҳод шудани тамоми маълумоти зарурӣ барои пешниҳоди Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда.
4.9. Истифодабарандагон, ки шахсони воқеӣ мебошанд, арзиши Хизматҳои пулакии Иҷрокунандаро бо ҳар гуна тарзе, ки дар интерфейси Утоқи шахсӣ дастрас аст, пардохт мекунанд.
4.10. Истифодабарандагон, ки шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, арзиши Хизматҳои пулакии Иҷрокунандаро бо интиқол додани маблағ ба суратҳисоби Иҷрокунанда дар асоси ҳисобномаи Иҷрокунанда, пардохт мекунанд.
Тарафҳо метавонанд ба созиш дар бораи мубодилаи ҳуҷҷатҳо дар намуди электронӣ бо ёрии низомҳои мубодилаи электронии, оянд.
Агар Иҷрокунанда дар давоми 5 (панҷ) рӯзи корӣ пас аз ба охир расидани моҳи ҳисоботӣ аз Истифодабаранда оид ба Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда эътирозҳои асосноки хаттиро нагирад, Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда аз ҷониби Иҷрокунанда ба таври муносиб расонидашуда ва аз ҷониби Истифодабаранда пурра қабулшуда ба ҳисоб мераванд.
4.11. Истифодабарандагон ҳангоми истифодабарии хизматҳо ва хизматгузориҳои Иҷрокунанда мустақилона худро ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ муайян мекунанд ва мустақилона барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ оид ба пардохти андозҳо масъул мебошанд.
4.12. Интихоб ва истифодабарии тарзҳои мушаххаси пардохти арзиши Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда аз ҷониби Истифодабаранда мустақилона бо салоҳдиди худ ва бе ҳеҷ гуна масъулияти Иҷрокунанда анҷом дода мешавад. Иҷрокунанда барои иҷрои интиқолҳои пулии Истифодабаранда ба Иҷрокунанда масъул нест. Шартҳо ва бехатарии тарзҳои пардохт дар созишномаҳои байни Истифодабаранда ва ташкилотҳои дахлдор оид ба қабули пардохтҳо муайян карда мешаванд.
4.13. Пардохти арзиши Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда аз ҷониби Истифодабаранда бо зикр кардани рақами телефони мобилии Истифодабаранда, ки вай дар Утоқи шахсӣ зикр кардааст, ва бо зикр намудани мушаххасоти дигар, ки пардохтро муайян мекунанд, анҷом дода мешавад. Ҳангоми пардохт бо интиқол додани маблағ ба суратҳисоби Иҷрокунанда дар асоси ҳисобнома барои пардохт, ки Иҷрокунанда пешниҳод кардааст, Истифодабаранда инчунин дар ҳуҷҷати пардохт маълумоти ба ҳисобномаи пардохт дохилшударо зикр мекунад.
Ҳангоми мавҷуд набудан ё нодуруст нишон додани маълумоти дар ин банди Шартнома номбаршуда, Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад ҳисоб кунад, ки ӯҳдадориҳо оид ба пардохт аз ҷониби Истифодабаранда ба таври муносиб иҷро карда нашудаанд, ё мустақилона пардохтро тибқи маълумоти низоми баҳисобгирии худ мушаххас намояд.
Иҷрокунанда барои зараре, ки барои Истифодабаранда ё шахсони сеюм дар ҳолати нодуруст зикр намудани маълумоти дар боло зикршуда ё таъйиноти пардохт ба миён омада метавонад, масъул нест.
4.14. Пардохт аз ҷониби Истифодабаранда дар лаҳзаи ворид намудани маблағ ба суратҳисоби Иҷрокунанда, ё дар лаҳзаи аз ҷониби Иҷрокунанда гирифтани маълумот аз ташкилоти дахлдори қабули пардохтҳо оиди воридшавии маблағ, иҷрошуда ба ҳисоб меравад.
4.15. Истифодабаранда бо ҳамин тасдиқ мекунад, ки маълумотҳои омории низоми баҳисобгирии Иҷрокунанда далели кофии воқеияти расонидани Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда хоҳанд буд.
4.16. Тарафҳо ба созиш омаданд, ки нисбат ба ҳар гуна ӯҳдадориҳои пулии Тарафҳо дар доираи Шартномаи мазкур фоизҳои қонуние, ки бо моддаи 456-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд (фоиз аз маблағи қарз барои давраи истифодабарии маблағи бегона) ҳисоб карда намешаванд.
4.17. Дар доираи баргузории чорабиниҳои ҳавасмандкунанда ба Истифодабаранда мукофотҳо (бонусҳо) дар намуди тахфиф барои пардохти Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда пешниҳод шуда метавонанд. Агар дар тавозуни Ҳамёни Истифодабаранда мукофотҳо (бонусҳо) мавҷуд бошанд, он гоҳ Истифодабаранда ҳуқуқ дорад арзиши Хизматҳои пулакии Иҷрокунандаро бо истифодабарии маблағҳои пулӣ ва мукофотҳо (бонусҳо) пардохт кунад.
Мукофотҳо (бонусҳо), ки бо қарори Иҷрокунанда пешниҳод карда мешаванд, наметавонанд ба шахсони сеюм дода шаванд, барои Хизматҳои дигари Иҷрокунанда истифода бурда шаванд, ё бо эквиваленти пулӣ иваз карда шаванд.
Агар Истифодабаранда Шартномаро пеш аз мӯҳлат қатъ кунад, тамоми мукофотҳо (бонусҳо) қаблан пешниҳодшуда бекор карда мешавад ва барқарор шуда наметавонад.
Гузаронидани чорабиниҳои ҳавасмандкунанда ва шартҳои пешниҳоди мукофотҳо (бонусҳо) бо Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj танзим карда мешаванд.
5. МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФҲО
5.1. Масъулияти Истифодабаранда барои амалҳо бо истифодабарии Утоқи шахсии Истифодабаранда (логин ва рамзи яккарата дар паёми SMS барои иҷрои воридшавӣ).
5.1.1. Амалҳое, ки бо истифодабарии логин ва рамзи Истифодабаранда анҷом дода шудаанд, аз ҷониби Истифодабаранда иҷрошуда эътироф карда мешаванд ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» дорои эътибори имзои электронии оддӣ ҳисобида мешаванд.
5.1.2. Истифодабаранда барои ҳар гуна амалҳое, ки бо истифодабарии логин ва рамзи Истифодабаранда дар Сомонаи/барномаи Somon.tj бо истифодабарии суроғаи почтаи электронии Истифодабаранда, рақами телефони Истифодабаранда анҷом дода шудаанд (аз ҷумла барои амалҳои кормандони Истифодабаранда ва амалҳои шахсони сеюм) масъулияти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дорад.
5.1.3. Истифодабаранда шахсан барои таъмини амнияти логин ва рамзи худ ва барои зарарҳое, ки дар ҳар гуна шахсон бо сабаби истифодабарии беиҷозати Утоқи шахсии Истифодабаранда ва имзои электронии оддӣ ба миён омада метавонанд, масъул аст. Дар ҳолати дуздӣ ё гум кардани логин ва рамз Истифодабаранда мустақилона чораҳои заруриро барои тағйир додани дастрасӣ ва маҳдуд кардани дастрасии шахсони сеюм ба Утоқи шахсӣ меандешад.
5.1.4. Иҷрокунанда барои амалҳои шахсони сеюм, ки боиси дуздӣ ё гум кардани логин ва рамзи Истифодабаранда гаштаанд, инчунин ҳар гуна зарар, аз ҷумла фоидаи аздастрафта, ки дар Истифодабаранда дар робита бо дастрасии беиҷозати шахсони сеюм ба Утоқи шахсии Истифодабаранда ба миён омадаанд, масъулият надорад.
5.2. Ҳолатҳои имконнопазирии расонидани Хизматҳои пулакӣ аз ҷониби Иҷрокунанда.
5.2.1. Иҷрокунанда ӯҳдадор мешавад, ки барои ба таври муносиб расонидани Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда тамоми кӯшишҳои оқилонаро ба харҷ медиҳад, аммо барои имконнопазирии расонидани Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда дар ҳолатҳои зерин масъул намебошад:
– носозиҳои технологии каналҳои Интернет-алоқаи истифодаи умум, ки тавассути онҳо дастрасӣ ба Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда амалӣ гардонида мешавад, ё гумшавии дастрасӣ ба шабакаи Интернет — то рафъ намудани носозиҳо ё мутаносибан то барқарор шудани дастрасӣ;
– нуқсонҳои техникӣ дар кори Сомонаи/барномаи Somon.tj, ки дар натиҷаи амалҳои барномаҳои вирусӣ, дахолати беиҷозати шахсони сеюм ба кори Сомонаи/барномаи Somon.tj, аз ҷумла ҳамлаҳои хакерӣ, ҳамлаҳои DDoS ба амал омадаанд, ва вайрониҳои дигар дар кори таҷҳизот ва таъминоти барномавии Иҷрокунанда;
– мавҷудияти аломатҳои дастрасии беиҷозат ба Утоқи шахсии Истифодабаранда — ба мӯҳлати амали чунин ҳолатҳо;
– дар ҳолатҳое, ки таҳти таъсири қувваи рафънопазир қарор мегиранд — ба мӯҳлати амали чунин ҳолатҳо.
5.3. Масъулият дар ҳолати вайронкунии Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj аз ҷониби Истифодабаранда.
5.3.1. Иҷрокунанда барои зарарҳои Истифодабаранда, аз ҷумла фоидаи аздастрафта, ки дар робита бо вайрон кардани Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj аз ҷониби Истифодабаранда ба миён омадаанд, масъулият надорад.
5.3.2. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад, ки фавран ва бе огоҳии махсуси Истифодабаранда, расонидани Хизматҳои пулакии Иҷрокунандаро дар сурати аз ҷониби Истифодабаранда вайрон кардани ӯҳдадориҳои дар Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj пешбинишуда боздошт кунад, то пурра бартараф кардани вайронкунии роҳдодашуда. Дар ин ҳолат, Эълонҳои Истифодабаранда метавонанд рад ё баста шавад, ва дастрасӣ ба Утоқи шахсӣ қатъ карда шавад (баста шавад).
5.3.3. Ҳангоми аз ҷониби Истифодабаранда вайрон кардани Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад аз бақияи истифоданашудаи маблағ дар тавозуни Ҳамёни Истифодабаранда маблағи зарари ба Иҷрокунанда бо гуноҳи Истифодабаранда расонидашударо боздорад.
5.4. Масъулият барои иҷрои пардохтҳо барои Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда.
5.4.1. Иҷрокунанда барои иҷрои интиқолҳои пулии Истифодабарандагон ба суроғаи Иҷрокунанда масъулият надорад.
5.4.2. Истифодабаранда хабардор карда шудааст ва розӣ мебошад, ки амалиётҳо оид ба қабули пардохт барои Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда бо супориши Истифодабаранда аз ҷониби ташкилотҳои дахлдор оид ба қабули пардохтҳо, муассисаҳои бонкӣ ва ташкилотҳои дигар иҷро карда мешаванд. Иҷрокунанда ин гуна амалиётҳоро оид ба иҷрои интиқолҳои пулӣ мустақилона ё бо ёрии шахсони сеюм пайгирӣ намекунад.
5.5. Масъулият барои ба Истифодабаранда расонидани зарар бо гуноҳи Иҷрокунанда.
5.5.1. Дар ҳолати бо гуноҳи Иҷрокунанда ба Истифодабаранда расонидани зарар, охирин ба маблағи на зиёда аз арзиши Хизмати пулакии Иҷрокунанда, ки аз ҷониби Истифодабаранда фармоиш дода ва пардохт карда шудааст, вале бо гуноҳи Иҷрокунанда иҷро нашудааст, масъул аст, ё, агар ҷоиз бошад, дар ҳаҷми маблағ дар тавозуни Ҳамёни Истифодабаранда, ки бо гуноҳи Иҷрокунанда аз даст рафтааст, масъулият дорад.
6. МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТ
6.1. Истифодабаранда бо ҳамин розигӣ медиҳад, ки аз Иҷрокунанда тавассути маълумот барои тамосӣ дар Утоқи шахсӣ мавҷудбуда огоҳиномаҳоро вобаста ба иҷрои Шартнома, аз ҷумла огоҳӣҳо дар бораи мӯҳлати боқимондаи амали Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда, дар бораи тарзҳои тамдид, ва гирифтани паёмҳои иттилоотии дигар тибқи Шартнома, тавассути паёмҳои SMS ё бо почтаи электронӣ қабул кунад. Иҷрокунанда ҳаҷм ва мӯҳтавои чунин огоҳиномаҳоро ва мӯҳлатҳои фиристодани онҳоро бо салоҳдиди худ муайян мекунад.
6.2. Иҷрокунанда огоҳкунии шахсони сеюмро дар бораи аз ҷониби Истифодабаранда аз даст додани дастрасӣ ба Утоқи шахсӣ иҷро намекунад, ва барои оқибатҳои эҳтимолӣ, ки дар натиҷаи мавҷуд набудани чунин огоҳкунӣ ба миён омадаанд, масъул нест.
6.3. Иҷрокунанда ба паёмҳои Истифодабаранда дар чат дар Сомонаи/барномаи Somon.tj, инчунин ба паёмҳое, ки танҳо аз суроғаи почтаи электронӣ, ки Истифодабаранда дар Утоқи шахсӣ нишон додааст, фиристода шудаанд, ҷавоб медиҳад. Истифодабаранда метавонад суроғаи тамосии почтаи электрониро тавассути Утоқи шахсӣ худ тағйир диҳад.
6.4. Истифодабаранда барои дурустии маълумоти дар Утоқи шахсии Истифодабаранда зикршуда мустақил масъул аст; ҳангоми тағйир ёфтани мушаххасоти Истифодабаранда ӯҳдадор мешавад, ки фавран тағйироти дахлдорро дар Утоқи шахсии худ ворид намояд.
6.5. Истифодабаранда розигии худро тасдиқ мекунад, ки далели иҷрои фармонҳо («клик», пахш кардани тугмача ва ғайра) тавассути интерфейси Сомонаи/барномаи Somon.tj ё барномаҳои мобилии дахлдор иҷрокунии иродаи Истифодабарандаро нисбат ба фармоиш ё фаъолгардонии Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда мувофиқи параметрҳои нархгузорӣ ва дигари Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда, ки дар Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj муайян карда шудаанд, ифода мекунад.
7. ҲАЛ НАМУДАНИ БАҲСҲОИ БАЙНИ ТАРАФҲО
7.1. Муроҷиатҳои Истифодабарандагон (саволҳо, шикоятҳо, пешниҳодҳо), ки дар рафти иҷрои Шартнома ва истифодабарии Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда ба миён меоянд, аз ҷониби Иҷрокунанда тавассути чати дастгирии Сомонаи/барномаи Somon.tj, инчунин бо суроғаи почтаи электронии info@somon.tj қабул карда мешаванд.
7.2. Дар он ҳолат, агар ихтилофҳои Тарафҳо дар рафти гуфтугӯшинидҳои Тарафҳо бо тарзҳои дар боло зикргардида ҳаллу фасл нашуда бошанд, Тарафҳо ҳуқуқ доранд баҳсҳоро, ки дар байни онҳо дар доираи иҷрои Шартнома ба миён меоянд, бо тартиби пешазсудии даъвогӣ ё бо тартиби судӣ ҳал намоянд.
7.3. Иддаоҳои Истифодабарандагон дар суроғаи ҷойгиршавии Иҷрокунанда дар шакли хаттӣ бо замима намудани ҳуҷҷатҳо, ки ҳолатҳои ва талабҳои аз ҷониби Истифодабарандагон зикршударо тасдиқ мекунанд, қабул карда мешаванд. Мӯҳлати баррасии чунин даъвоҳо на зиёда аз 30 (сӣ) рӯз аз лаҳзаи гирифтани иддаонома аз ҷониби Иҷрокунанда тартиб дода мешавад, ё, агар ҷорӣ бошад, мӯҳлатҳои бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» пешбинишуда.
7.4. Дар ҳолати аз ҷониби Истифодабаранда дар мӯҳлати зикршуда нагирифтани ҷавоби Иҷрокунанда ба иддаонома ё дар ҳолати саркашӣ кардани Иҷрокунанда аз қонеъ гардонидани иддаоҳои асосноки Истифодабаранда, Истифодабаранда мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, ё судҳои дигар муроҷиат намояд.
8. АМАЛИ ШАРТНОМА
8.1. Шартнома аз лаҳзаи қабул кардани Оферта бо тартибе, ки дар банди 2.4-и Шартнома зикр карда шудааст, эътибор пайдо мекунад, ва дар давоми мӯҳлати номӯайян то замони қатъ кардани он бо тартибе, ки дар ҳамин боби Шартнома пешбинӣ шудааст, амал мекунад.
8.2. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад ба шартҳои Шартнома ба таври якҷониба тағйиротҳо ворид кунад. Санаи эътибор пайдо кардани тағйиротҳо ба Шартнома санаи нашри таҳрири нави Шартнома дар Сомонаи/барномаи Somon.tj мебошад.
8.3. Истифодабаранда вазифадор аст, ки мустақилона мунтазам бо таҳрири ҷории Шартнома, ки дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ҷойгир карда шудааст, шинос шавад. Истифодабарии Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда пас аз эътибор пайдо кардани тағйиротҳо (иловаҳо) ба Шартнома маънои онро дорад, ки Истифодабаранда бо ҳамаи тағйиротҳо розӣ аст.
8.4. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад ба таври якҷониба дар ҳар вақт аз иҷрои Шартнома даст кашад, бо хориҷ кардани Утоқи шахсии Истифодабаранда.
8.5. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад дар ҳар вақт Офертро пеш аз қабул карда шудани он аз ҷониби Истифодабарандагон бозхонди кунад.
8.6. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад дар ҳар вақт аз иҷрои Шартнома дар ҳолатҳои вайронкунии чандинкаратаи Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj аз ҷониби Истифодабаранда, ё дар ҳолати вайронкунии яккаратаи дағалонаи Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj даст кашад. Дар чунин ҳолатҳо Иҷрокунанда дастрасӣ ба Утоқи шахсии Истифодабаранда қатъ мекунад.
8.7. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад дар ҳар вақт ба таври якҷониба аз иҷрои Шартнома бо Истифодабарандагоне, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳанд, даст кашад, бо огоҳкунии Истифодабаранда дар ин бора дар мӯҳлати на камтар аз 10 (даҳ) рӯз пеш аз санаи банақшагирии қатъи Шартнома бо яке аз тарзҳои зерин: тавассути Сомонаи/барномаи Somon.tj, тавассути Утоқи шахсии Истифодабаранда, бо огоҳкунии бо почтаи электронии Истифодабаранда, бо огоҳиномаҳои SMS ба рақами телефони Истифодабаранда.
8.8. Баргардонидани бақияи истифоданашудаи маблағҳо дар тавозуни Ҳамёни Истифодабаранда ҳангоми қатъ кардани Шартнома.
8.8.1. Ҳангоми қатъ кардани Шартнома баргардонидани бақияи истифоданашудаи маблағҳо дар тавозуни Ҳамёни Истифодабаранда пас аз нигоҳдории маблағҳое анҷом дода мешавад, ки бо Шартнома пешбинӣ карда шудаанд, ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои чунин нигоҳдории маблағҳо (аз он ҷумла, маблағи пӯшони зараре, ки бо гуноҳи Истифодабаранда ба Иҷрокунанда расонида шудааст).
8.8.2. Баргардонидани бақияи истифоданашудаи маблағҳо дар тавозуни Ҳамёни Истифодабаранда дар асоси аризаи хаттии
Истифодабаранда тибқи шакле, ки Иҷрокунанда муқаррар кардааст, анҷом дода мешавад. Ҳангоми муроҷиат намудан оид ба баргардонидани бақияи маблағҳо дар тавозуни Ҳамёни Истифодабаранда бо талаби Иҷрокунанда ӯҳдадор аст, ки амалҳои дастрасу Иҷрокунандаро зикргардида иҷро намояд (аз суроғаи почтаи электронии Истифодабаранда, ки дар Утоқи шахсӣ нишон дода шудааст, ирсол намояд ва ғайра), худро ҳамчун Тарафи Шартнома мушаххас намояд, инчунин ҳуҷҷатҳо ва иттилооти заруриро, аз он ҷумла ҳуҷҷатҳое, ки барои мушаххас кардани Истифодабаранда талаб карда мешаванд, пешниҳод намояд.
8.8.3. Баргардонидан бо ҳамон як тарзи пардохт (низоми пардохт) амалӣ гардонида мешавад, ки бо ёрии он пардохт барои Хизматҳо анҷом дода шуда буд, ва дар ҳолати имконнопазирии истифодабарии ин тарзи пардохт (низоми пардохт) барои баргардонидани маблағ — бо тарзи дигаре, ки Иҷрокунанда муайян кардааст.
8.8.4. Баргардонидани бақияи истифоданашудаи маблағ дар тавозуни Ҳамёни Истифодабаранда дар давоми як моҳ пас аз ворид гаштани аризаи дахлдори Истифодабаранда ва аз ҷониби Истифодабаранда пешниҳод намудани тамоми иттилоот ва ҳуҷҷатҳо мутобиқи боби мазкури Шартнома, анҷом дода мешавад.
Мӯҳлати зикршудаи баргардонидани бақияи истифоданашудаи маблағ дар ҳолати аз ҷониби Истифодабаранда саривақт пешниҳод накардани тамоми ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки барои баргардонидани бақияи истифоданашудаи маблағ зарур аст, ё бо ҳолатҳое, ки берун аз назорати Иҷрокунанда қарор доранд (амалиёти низоми пардохт ва ғ.), зиёд карда шуда метавонад.
Дар сурати пешниҳод накардани ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки барои баргардонидани бақияи истифоданашудаи маблағ зарур аст, қонеъгардонии талаби Истифодабаранда дар бораи баргардонидани бақияи истифоданашудаи маблағ метавонад рад карда шавад.
8.9. Шартнома ҳамаи шартҳои байни Тарафҳоро оид ба мавзӯи он мувофиқаткунанда ифода мекунад, ва бо худ ҳамаи аҳдномаҳо, қабул, қарордодҳо ва ҳар гуна созишҳои байни Тарафҳоро оид ба мавзӯи он иваз мекунад, агар аз ҷониби Тарафҳо тартиби дигаре бевосита мувофиқа нашуда бошад.