Созишнома бо истифодабарандагон

оиди истифодаи интернет-сомонаи/барномаи мобилии Somon.tj

 

Ин Созишнома бо Истифодабарандагон, ки минбаъд «Созишнома бо Истифодабарандагон» номида мешавад, мутобиқи моддаи 502 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон офертаи оммавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рашод» мебошад (ҶДММ «Рашод», шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва амал менамояд, РМА:030016112, РЯМ:0310007280, суроға: ш. Душанбе, куч. Пушкин 10, ут. 13), ки минбаъд «Иҷрокунанда» номида мешавад.

Созишнома бо Истифодабарандагон аз ҷониби Иҷрокунанда дар интернет-сомонаи Иҷрокунанда www.somon.tj ва инчунин дар барномаҳои мобилии Somon.tj барои дастгоҳҳои мобилӣ дар асоси системаҳои оператсионии iOS ва Android ҷойгир карда шудааст, ки аз ҷониби Иҷрокунанда идора карда мешаванд ва заминаи (платформаи) коммуникатсионӣ барои ҷойгиркунии Эълонҳои Истифодабарандагон Истифодабаранда мебошанд.

 

ИСТИЛОҲОТ ВА МАФҲУМҲО

 

Дар ин Созишнома бо Истифодабарандагон, агар матн чизи дигареро талаб накунад, истилоҳот ва мафҳум ва и зерин истифода мешаванд:

Иҷрокунанда – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рашод», ки тафсилоти он дар қисми муқаддимавии ин Созишномаи Истифодабаранда Истифодабаранда нишон дода шудааст;

Истифодабаранда (Истифодабарандагон) – дилхоҳ шахсони воқеии қобили амал, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки бо тартиби муқарраршуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;

Тараф (Тарафҳо) – Иҷрокунанда ва Истифодабаранда, ки алоҳида ё якҷоя зикр шудаанд;

Офертаи оммавӣ – ҳамин Созишнома бо Истифодабарандагон, Истифодабаранда ки пешниҳоди Иҷрокунанда барои дилхоҳ шахси воқеии дорои қобили амалкунӣ, шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ бо ӯ оиди бастани шартномаи хизматрасонӣ бо шартҳои дар ин Созишнома бо Истифодабарандагон мавҷудбуда, мебошад;

Аксепт – аз тарафи Истифодабаранда пурра қабул кардани шартҳои Созишнома бо Истифодабарандагон; аз лаҳзаи аксепт Созишнома бо Истифодабарандагон байни Иҷрокунанда ва Истифодабаранда басташуда ҳисобида мешавад;

Сомонаи/барномаи Somon.tj – сомонаи интернетии www.somon.tj; инчунин барномаҳои мобилии Somon.tj барои дастгоҳҳои мобилӣ дар асоси системаҳои оператсионии iOS, Android, ки аз ҷониби Иҷрокунанда идора карда мешаванд ва платформаи коммуникатсионӣ (заминаи муошират) барои ҷойгиркунии Эълонҳои Истифодабарандагон Истифодабаранда мебошанд;

Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj – маҷмӯи ҳуҷҷатҳое, ки муносибати байни Иҷрокунанда ва Истифодабарандаро танзим менамоянд ва дар Cомонаи/барномаи мобилии Somon.tj ҷойгир шудаанд: ҳамин Созишнома бо Истифодабарандагон ва замимаҳо ба он (аз ҷумла, Шартномаи хизматрасонии пулакӣ, Рӯйхати хизматрасониҳои пулакӣ, инчунин замимаҳои дигаре, ки метавонанд аз ҷониби Иҷрокунанда ҷорӣ шаванд ва дар Сомонаи/барномаи мобилии Somon.tj ҷойгир карда шаванд), инчунин Шартномаи иҷозатномадиҳӣ дар бораи додани ҳуқуки истифодаи Манбаи маълумоти сомонаи Somon.tj ва таъминоти барномавии «Somon Эълонҳо» (Somon.tj) барои дастгоҳҳои мобилӣ;

Эълонҳо – пешниҳодҳои Истифодабарандагон дар бораи харид, фурӯш, мубодила, ҳадя, иҷора, истифодабарии мол, хизматрасонӣ, кор, ҷойҳои корӣ ва замимаҳои дигаре, ки Истифодабарандагон метавонанд дар Сомонаи/барномаи Somon.tj бо мақсади бастани аҳдҳо ҷустуҷӯ намоянд;

Молҳо/хизматрасониҳо – матлаби Эълонҳои Истифодабарандагон (дилхоҳ молу мулки моддӣ ё ғайримоддӣ, хизматрасонӣ, кор, ҷойҳои корӣ, резюме ва пешниҳодҳои дигар);

Хизматрасонӣ/хизматгузории Иҷрокунанда – дилхоҳ хизматрасонӣ ва имкониятҳои пулакӣ ва ройгон, ки Иҷрокунанда барои Истифодабарандагон бо ёрии Сомонаи/барномаи мобилии Somon.tj пешниҳод менамояд (аз ҷумла, вале маҳдуд накарда бо тамоми имкониятҳои функсионалии Сомонаи/барномаи мобилии Somon.tj, матн, маълумот, иттилоот, таъминоти барномавӣ, графика, аксҳо, расм ва ғайра, инчунин ҳама гуна хизматрасониҳои дигари пешниҳодмекардаи Иҷрокунанда);

Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда – хизматрасониҳои пулакӣ оид ба ҷойгиркунӣ Эълонҳои Истифодабарандагон дар Сомонаи/барномаи мобилии Somon.tj; тавсифи Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда дар Шартномаи хизматрасониҳои пулакӣ мавҷуд аст;

Утоқи шахсӣ – сабти баҳисобгирии (аккаунти) Истифодабаранда дар Сомонаи/барномаи мобилии Somon.tj, ки бо ёрии он Истифодабаранда имконият дорад аз Хизматҳои пулакӣ ва дигар хизматгузориҳои Иҷрокунанда истифода барад, Эълонҳои худро идора намуда, амалҳои дигарро анҷом диҳад;

Бақайдгирӣ – тартиби ташкилкунии Утоқи шахсӣ, ки дар он Истифодабаранда тавассути пур кардани шаклҳои дахлдор дар Сомонаи/барномаи Somon.tj маълумоти заруриро барои ташкили Утоқи шахсӣ ва барои истифодаи Хизматрасонӣ/сервисҳои Иҷрокунанда пешниҳод менамояд; бақайдгирӣ танҳо дар сурати бомуваффақият гузаштани ҳамаи марҳилаҳои бақайдгирӣ тибқи дастурҳои нашршуда дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ва баъди ташкили Утоқи шахсӣ, ба анҷомрасида ҳисобида мешавад.

Ҳамён – ҳисоби таҳлилии системаи баҳисобгирии Сомонаи/барномаи мобилии Somon.tj, ки барои баҳисобгирии воридот ва хароҷоти маблағҳое, ки Истифодабаранда Истифодабаранда барои пардохти Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда ворид кардааст, истифода бурда мешавад;

Пуркунии Ҳамён — анҷом додани пешпардохт барои Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда, ки иттилоот дар бораи маблағи он дар бахши "Ҳамён" дар сабти баҳисобгирии/аккаунти Истифодабаранда дар Сомонаи/барномаи мобилии Somon.tj ба ҳисоб гирифта шуда, инъикос карда мешавад.

 

1. ТАРТИБИ АЗ ҶОНИБИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОН КАБУЛ КАРДАНИ (АКСЕПТИ) СОЗИШНОМА БО ИСТИФОДАБАРАНДАГОН

 

1.1. Ҳамин Созишнома бо Истифодабарандагон тартиби аз ҷониби Истифодабаранда истифода бурдани Сомонаи/барномаи Somon.tj ва Хизматрасониҳои/хизматгузории Иҷрокунандаро муқаррар менамояд.

1.2. Мувофиқи моддаи 504 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи қабул (аксепт) Истифодабаранда шартҳои Созишнома бо Истифодабарандагонро пурра ва бечунучаро қабулнамуда ҳисобида мешавад.

1.3. Қабули Созишнома бо Истифодабарандагон тавассути иҷрои амалҳои зерин иҷро мешавад: истифодабарии Сомонаи/барномаи Somon.tj аз ҷониби Истифодабаранда, истифодаи Хизматрасониҳои/хизматгузории Иҷрокунанда, Бақайдгирӣ дар Сомонаи/барномаи Somon.tj. Ҳамин тариқ, бо оғози истифодаи Сомонаи Somon.tj, насби барномаи мобилии Somon.tj, бо истифода аз дилхоҳ Хизматрасониҳои/хизматгузории Иҷрокунанда ё анҷом додани расмиёти Бақайдгирӣ дар Сомонаи/барномаи Somon.tj, Истифодабаранда шартҳои ҳамин Созишнома бо Истифодабардагонро пурра, бечунучаро ва бе истисно қабулнамуда ба ҳисоб меравад.

1.4. Агар Истифодабаранда пурра ё қисман бо Созишнома бо Истифодабарандагон норозӣ бошад, Иҷрокунанда аз ӯ хоҳиш менамояд, ки аз ин Сомонаи Somon.tj баромада, барномаи Somon.tj-ро аз дастгоҳи мобилӣ хориҷ намояд. Дар сурати норозигии Истифодабаранда бо ягон шарти Созишнома бо Истифодабарандагон, Истифодабаранда ҳуқуқ надорад аз Хизматрасониҳои/хизматгузории Иҷрокунанда ва аз Сомонаи Somon.tj ва барномаҳои мобилии Somon.tj истифода барад.

1.5. Пеш аз оғози истифодаи Сомонаи/барномаи Somon.tj ва Хизматрасониҳо/хизматгузории Иҷрокунанда, Истифодабаранда бояд бо Сиёсати (Низомномаи) махфият шинос шавад. Агар Истифодабаранда пурра ё қисман бо Сиёсати (Низомномаи) махфият розӣ набошад, Иҷрокунанда аз ӯ хоҳиш менамояд, ки ин сомонаи Somon.tj-ро тарк намуда, барномаи Somon.tj-ро аз дастгоҳи мобилӣ хориҷ намояд.

 

2. МАТЛАБИ СОЗИШНОМА БО ИСТИФОДАБАРАНДАГОН

 

2.1. Дар асоси ҳамин Созишнома бо Истифодабарандагон, Иҷрокунанда ба Истифодабарандагони шабакаи интернет пешниҳод менамояд, ки аз Сомонаи/барномаи Somon.tj истифода баранд, ки платформаи (заминаи) Эълонҳои Истифодабарандагон мебошад (яъне пешниҳодҳои Истифодабарандагон оид ба харид, фурӯш, мубодила, ҳадя, иҷора, истифодаи мол, хизматрасонӣ, кор, ҷойҳои холӣ, резюме ва пешниҳодҳои дигаре, ки Истифодабарандагон метавонанд дар Сомонаи/барномаи Somon.tj/ бо мақсади бастани аҳдҳо ҷустуҷӯ намоянд).

2.2. Иҷрокунанда барои ҳамаи Истифодабарандагон (новобаста аз Бақайдгирӣ дар Сомонаи/барномаи Somon.tj) хизматрасониҳо дар шакли имконияти техникии дар Сомонаи/барномаи Somon.tj дидани Эълон ва ҷустуҷӯи маълумот дар Сомонаи/барномаи Somon.tj бо мақсадҳои дар ҳамин Созишнома бо Истифодабарандагон зикршуда, пешниҳод менамояд.

2.3. Иҷрокунанда барои Истифодабарандагони аз Бақайдгирӣ гузашта хизматрасониҳоро дар шакли имконияти дидани матни пурраи Эълонҳо дар Сомонаи/барномаи Somon.tj, инчунин имконияти техникии ҷойгиркунӣ Эълонҳо дар Сомонаи/барномаи Somon.tj пешниҳод менамояд. Вобаста аз категория ва шартҳои ҷойгиркунии Эълонҳо, ҷойгиркунии Эълонҳо метавонал ҳам хизматрасонии пулакӣ ва ҳам хизматрасонии ройгони Иҷрокунанда бошад. Шартҳои ҷойгиркунии Эълонҳо дар ҳамин Созишнома бо Истифодабарандагон ва замимаҳо ба он мавҷуданд.

2.4. Ҳама аҳдҳо байни Истифодабарандагон мустақиман бе иштироки Иҷрокунанда баста мешаванд. Ҳамин тариқ, Иҷрокунанда тарафи шартномаҳои байни Истифодабарандагон намебошад, балки танҳо платформаи электронии коммуникатсиониро барои ҷойгиркунии Эълон пешниҳод менамояд.

 

3. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРӢ ДАР СОМОНАИ/БАРНОМАИ SOMON.TJ

 

3.1. Истифодабарандагон ҳуқуқ доранд дар Сомонаи/барномаи Somon.tj аз бакайдгирӣ гузаранд, яъне Утоқи шахсӣ кушоянд. Барои бақайдгирӣ Истифодабаранда шаклҳои дахлдорро дар Сомонаи/барномаи Somon.tj пур мекунад ва маълумоти заруриро барои кушодани Утоқи шахсӣ ва истифодаи Хизматрасониҳои/хизматгузории Иҷрокунанда пешниҳод менамояд. Бақайдгирӣ танҳо дар сурати бомуваффақият гузаштани ҳамаи марҳилаҳои бақайдгирӣ тибқи дастурамали дар Сомонаи/барномаи Somon.tj нашршуда ва баъди кушодани Утоқи шахсӣ, баанҷомрасида ҳисобида мешавад. Утоқи шахсӣ ин сабти баҳисобгирии (аккаунти) Истифодабаранда дар Сомонаи/барномаи Somon.tj мебошад, ки тавассути он Истифодабаранда имконият дорад аз Хизматрасониҳои/хизматгузории Иҷрокунанда истифода барад, Эълонҳои худро идора кунад ва амалҳои дигарро иҷро намояд.

3.2. Барои як Истифодабаранда (чи шахси ҳуқуқӣ ва чи шахси воқеӣ) танҳо як сабти баҳисобгирӣ дастрас аст. Сабтҳои баҳисобгирии гуногун, ки таҳлили техникии онҳо мансубияти онҳоро ба як Истифодабаранда муайян кардааст, аз ҷониби системаи техникии Иҷрокунанда ҳамчун такроршуда муқаррар карда мешаванд, ва бо сабаби вайрон намудани ин талабот ба таври автоматӣ боздошта ё баста мешаванд.

3.3. Истифодабаранда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи амалҳое, ки бо истифода аз Утоқи шахсии ӯ, яъне логин ва пароли ӯ барои ворид шудан ба Сомонаи/барномаи Somon.tj анҷом дода шудааст, масъул аст. Истифодабарандагон ҳуқуқ надоранд, ки аз Утоқхои шахсии Истифодабарандагони дигар истифода баранд.

3.4. Истифодабаранда ӯҳдадор мешавад, ки паролро аз Утоқи шахсӣ махфӣ нигоҳ дорад (ё рамзи пин барои ворид шудан ба барномаи мобилии Somon.tj), ва онро ба шахсони сеюм ошкор накунад.

3.5. Истифодабаранда вазифадор аст, ки маълумоти воридшавиро ба Утоқи шахсии худ дар сурати мавҷуд будани гумони он, ки парол (ё рамзи пин барои ворид шудан ба барномаи мобилии Somon.tj) барои воридшавӣ ба Сомонаи/барномаи Somon.tj аз ҷониби шахсони сеюм ошкор шудаанд ё метавонанд истифода шаванд, фавран тағйир диҳад.

 

4. ХИЗМАТҲОИ ПУЛАКИИ ИҶРОКУНАНДА

 

4.1. Иҷрокунанда ба ғайр аз хизматрасониҳои/хизматгузории ройгон (ҷойгиркунии ройгони Эълон ва Хизматрасониҳои/хизматгузории дигар) ба Истифодабарандагон Хизматҳои пулакӣ низ пешниҳод менамояд.

4.2. Номгуй ва арзиши Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда дар Нархнома (Замимаи 2 ба Созишнома бо Истифодабарандагон) нишон дода шудаанд.

4.3. Тартиби пайвасткунӣ ва тартиби пардохти Хизматҳои пулакии Иҷрокунанда дар Шартнома (Оферта) оиди пешниҳоди хизматҳои пулакӣ (Замимаи 1 ба Созишномаи Истифодабаранда) нишон дода шудааст.

4.4. Истифодабаранда метавонад хизматҳои пулакии Иҷрокунандаро тавассути Утоқи шахсӣ дар сомонаи Somon.tj ё тавассути бахши дахлдори барномаҳои мобилии Somon.tj харидорӣ намояд.

4.5. Истифодабаранда ӯҳдадор мешавад, ки пеш аз харидани Хизматҳои пулакӣ бо Шартномаи (Офертаи) хизматҳои пулакӣ (Замимаи 1 ба Созишнома бо Истифодабарандагон) ва бо Нархнома (Замимаи 2 ба Созишнома бо Истифодабарандагон) шинос шавад.

 

5. ҚОИДАҲОИ ҶОЙГИРКУНИИ ЭЪЛОНҲО ДАР СОМОНАИ/БАРНОМАИ SOMON.TJ

 

5.1. Ӯҳдадориҳои Истифодабарандагон ҳангоми ҷойгиркунии Эълонҳо

5.1.1. Истифодабарандагоне, ки дар Сомонаи/барномаи Somon.tj аз бақайдгирӣ гузаштанд, метавонанд дар Сомонаи/барномаи Somon.tj Эълонҳоро тавассути пур намудани шакли дахлдор бо нишон додани параметрҳои Молҳо/хизматрасониҳои пешниҳодшаванда, ҷойгир намоянд.

5.1.2. Ҳолати истифодаи Сомонаи/барномаи Somon.tj аз ҷониби Истифодабарандагони ҳам бақайдгирифташуда ва ҳам бе қайд, маънои қабули шартҳои Созишнома бо Истифодабарандагонро ва ӯҳдадориро оиди риояи Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj дорад.

5.1.3. Истифодабаранда ӯҳдадор мешавад барои хизматрасониҳое, ки рақибони Иҷрокунанда пешниҳод менамоянд, дастгирии фаъол надиҳад ё маълумотро дар бораи онҳо паҳн накунад, аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд нагардида:

- маълумот дар бораи заминаҳои дигари (тахтаҳо, хизматгузориҳо) эълонҳо, майдончаи савдо, интернет-музояда ё интернет-мағозаҳо,

ҷойгир намудани эълонҳо аз номи интернет-мағозаҳо ё майдончаҳои савдо;

- маълумот дар бораи манбаҳои интернетие, ки молу хизматрасониҳои фурӯши онҳо дар Сомонаи/барномаи Somon.tj манъшударо пешниҳод мекунанд.

5.2. Қонуният ҳангоми ҷойгиркунии Эълонҳо

5.2.1. Бо баробари ҷойгиркунии маълумот оиди Мол/хизматрасониҳо, Истифодабаранда тасдиқ менамояд, ки ӯ тамоми ҳуқуқҳои зарурӣ, сертификат, иҷозатнома (лицензия), бақайдгирӣ, иҷозатҳо ва ғайраро барои ин Мол/хизматрасониҳо дорад, тибқи талаботи қонунгузории кишварҳое, ки дар он ҷо фурӯхта мешаванд.

5.2.2. Матлаби Эълонҳо метавонад Мол/хизматрасониҳое бошад, ки фурӯши онҳо тибқи қонунгузории кишваре, ки дар он фурӯхта мешаванд, ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ ё маҳдуд карда нашудааст, ва инчунин ба ҳамин Созишнома бо Истифодабарандагон мухолифат намекунад.

Истифодабаранда кафолат медиҳад, ки Мол/хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи ӯ ба меъёрҳои сифат, ки бо қонунгузории кишварҳои дар он ҷой фурӯхташаванда муқаррар шудаанд, ҷавобгӯ мебошанд ва аз даъвои шахсони сеюм озоданд.

5.2.3. Барои ҳама гуна вайронкуниҳои қонун ё ҳуқуқи шахсони сеюм, Истифодабаранда мустақилона ҷавобгар аст. Иҷрокунанда барои мазмуни Эълонҳо ё истиноди фаъол ба манбаҳое, ки дар тавсифи Эълонҳои Истифодабарандагон оварда шудаанд, ҷавобгар намебошад.

5.2.4. Истифодабаранда кафолат медиҳад, ки Мол/хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи ӯ, дар сурати зарурияти иҷозати махсус барои фурӯши онҳо, тибқи талаботи қонунгузории кишварҳое, ки мақомоти махсуси онҳо барои назорати чунин фаъолияти Истифодабаранда ваколатдоранд, фурӯхта мешаванд.

5.2.5. Шартҳои фурӯши Мол/хизматрасониҳо, ки аз ҷониби Истифодабаранда тартиб дода шудаанд, набояд ба ин Созишнома бо Истифодабарандагон, Қоидаҳои Сомонаи Somon.tj ва қонунгузории амалкунандаи кишварҳое, ки дар он ҷой фурӯхта мешаванд, мухолифат кунанд.

5.3. Дақиқӣ ва эътимоднокии маълумот дар Эълонҳо

5.3.1. Ҷойгир намудани Эълонҳо дар Сомонаи/барномаи Somon.tj, ки метавонад Истифодабарандагони дигарро дар бораи Мол/хизматрасонии пешниҳодшаванда гумроҳ созад, манъ аст. Маълумот барои тамос, ки дар Эълонҳо оварда шудаанд, бояд дуруст бошад.

5.3.2. Истифодабарандае, ки Эълонҳо оиди Мол/хизматрасониҳоро дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ҷойгир менамояд, ӯҳдадор мешавад, ки тибқи Созишнома бо Истифодабарандагон ва дастурҳои дар Сомонаи/барномаи Somon.tj маълумоти саҳеҳ дар бораи Мол/хизматрасонӣ ва шартҳои хариди онҳо ҷойгир намояд.

5.3.3. Истифодабаранда вазифадор аст, ки тамоми маълумотро дар бораи Мол/хизматрасоние, ки ӯ дар Cомонаи/барномаи Somon.tj ҷойгир кардааст, бодиққат тафтиш намуда, дар сурати ошкор шудани маълумоти беэътимод (носаҳеҳ, кӯҳна, номатлуб) ба тавсифи Мол/хизматрасонӣ тағйироти заруриро ворид намояд. Дар сурати имконнопазирии ислоҳи маълумоти нодуруст, Истифодабаранда вазифадор аст Эълонро хориҷ намояд ва ҳуқуқ дорад Эълони навро дар бораи Мол/хизматрасонӣ такроран ҷойгир намояд.

5.3.4. Шартҳои интиқоли Молҳо бояд дар тавсифи Молҳо ва шартҳои пешниҳоди Хизматрасониҳо дар тавсифи Хизматрасониҳо дохил карда шаванд.

5.3.5. Дар Эълон нишон додани хусусиятҳои нодурусти Мол/хизматрасониҳо, аз ҷумла нишон додани нархе, ки ба нархи воқеии фурӯши Мол/хизматрасониҳо мувофиқат намекунад, иҷозат дода намешавад. Нарх бояд пурра барои тамоми Мол нишон дода шавад ё нарх барои давраи муайяни Хизматрасонӣ нишон дода шавад. Дар ин ҳолат, дар Эълонҳо дар бораи хизматрасониҳо дар бахши «Нарх» нишон додани «Нархи шартномавӣ» иҷозат дода мешавад.

5.4. Манъи ҷойгиркунии Эълонҳои такрорӣ ва ҳаммонанд

5.4.1. Истифодабарандагон ҳуқуқ доранд, ки танҳо як Эълони амалкунандаро барои як Мол/хизматрасонӣ ҷойгир намоянд.

5.4.2. Ба Истифодабарандагон нашр намудани Эълони ҳаммонанд, яъне якхела ё Эълонҳои дорои мундариҷаи шабеҳ, ки дар он маълум аст, ки онҳо дар бораи як пешниҳод мебошанд, манъ аст.

5.4.3. Ба Истифодабарандагон такрор намудани Эълонҳои якхела аз сабти баҳисобгирии гуногун (аз номи Истифодабарандагони гуногун) манъ аст.

5.4.4. Эълон метавонад аз ҷониби Иҷрокунанда дар сурати вайрон намудани талаботи дар ин банд нишондодашуда хориҷ карда шавад.

5.5. Ҳуқуқҳои Иҷрокунанда ҳангоми ҷойгиркунии Эълонҳо

Иҷрокунанда (дар шахси маъмурияти сомонаи Somon.tj) ҳангоми ҷойгиркунии Эълонҳо ҳуқуқ дорад:

- модератсияи интихобии пешакӣ ё минбаъдаи Эълонҳоро иҷро намояд;

- ҷойгиркунии Эълонҳоро рад намояд, агар онҳо ба ҳамин Созишнома бо Истифодабарандагон, ё ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ба мавзӯи бахшҳои интихобшудаи Эълонҳо ҷавобгӯ набошанд;

- дилхоҳ Эълонҳоро, ки ба шартҳои Созишнома бо Истифодабарандагон ё ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ нестанд, хориҷ намояд;

- Эълонҳоро бо талаби соҳибҳуқуқ, дорандагони ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ ё дар сурати даъво ва шикоятҳои асосноки Истифодабарандагони дигар оиди вайрон намудани ҳуқуқҳои онҳо дар Эълон, хориҷ намояд;

- Эълонро бо талаби мақомоти салоҳиятдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ намояд;

- дилхоҳ Эълонҳоро, ки ба ақидаи Иҷрокунанда ба принсипҳо ва асосҳои ахлоқи ҷамъият мувофиқат намекунанд, хориҷ намояд;

- шумораи Эълонҳоро аз як Истифодабаранда бо мақсади қулай будани истифодабарии Сомонаи/барномаи Somon.tj бе фаҳмонидани сабабаҳо маҳдуд намояд;

- бо сабабҳои техникии таҳти назорат ё берун аз назорати Иҷрокунанда буда, Эълонҳоро ба дигар категория гузаронад, муҳлати намоиши Эълонҳоро ба итмом расонад ё дароз кунад;

- ба матни Эълони Истифодабаранда таҳрирҳо, ки ба маънои умумии мундариҷаи Эълон таъсир намерасонанд, ворид намояд;

- Эълонҳоро аз як бахши Сомонаи/барномаи Somon.tj ба бахшҳои дигари Сомонаи/барномаи Somon.tj интиқол диҳад, дар сурати ошкор шудани бахшҳои мувофиқтар барои ҷойгир намудани онҳо;

- бо мақсади беҳтарсозӣ ва бехатарии робита байни Истифодабарандагон дастрасиро ба маълумоти тамосии Истифодабарандагон маҳдуд намояд. Ҳуқуқи истифодаи маълумоти Истифодабарандагони дигар бо ҳамин Созишнома бо Истифодабарандагон маҳдуд карда мешавад;

агар Истифодабаранда ба Иҷрокунанда нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро барои мушаххасгардонии Истифодабаранда пешниҳод намояд (аз ҷумла, шиносномаи шахси воқеӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи шахси ҳуқуқӣ), Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад ба аккаунти (номгӯйи) чунин Истифодабаранда аломати иловагии «Аккаунти санҷидашуда» ҷойгир намояд.

5.6. Манъкунӣ ва маҳдудиятҳо барои ҷойгиркунии Эълонҳо

Ҷойгиркунии Эълонҳо оиди Молҳо/хизматрасониҳои зерин манъ аст:

- Молҳо/хизматрасониҳое, ки аз гардиши озод гирифта шудаанд ва гардиши онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ карда шудааст;

- Молҳо/хизматрасониҳое, ки ба онҳо Истифодабаранда ҳуқуқ надорад, аз ҷумла Молҳои қалбакӣ ё дуздидашуда;

- Молҳо/хизматрасониҳое, ки истифодаи онҳо метавонад ба вайрон намудани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шавад, аз ҷумла, вале маҳдуд нагардида бо Молҳои/хизматрасониҳое, ки дар ҳамин банди Созишнома бо Истифодабарандагон зикр шудаанд;

- Молҳо/хизматрасониҳо, таҷҳизот, мавод, моддаҳо ва иттилооти марбут ба силоҳ, мудофиаи давлатӣ, маҷмааи саноатии мудофиа:

  • силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, таҷҳизоти низомӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, ҷузъҳои маҳсулот ва асбобҳои онҳо, маводи тарканда, воситаҳои тарканда, борут, ҳама намуди сӯзишвории мушакӣ, инчунин маводи махсус ва таҷҳизоти махсус барои истеҳсоли онҳо, таҷҳизоти махсуси ҳайати шахсии ташкилотҳои ҳарбигардонидашуда ва маҳсулоти меъёрӣ-техникӣ барои истеҳсол ва истифодаи онҳо;

  • маҷмӯаҳои мушакӣ-кайҳонӣ, системаҳои алоқа ва идоракунии таъиноти ҳарбӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ барои истеҳсол ва истифодаи онҳо;

  • моддаҳои заҳролудкунандаи ҷангӣ, воситаҳои муҳофизат аз онҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ барои истеҳсол ва истифодаи онҳо;

  • Мол/хизматрасониҳо ва маводҳои марбут ба иҷрои хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти ҳарбигардонидашуда дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ; даъват ба иштирок дар амалиёти ҳарбигардонидашуда дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ;

  • натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳавӣ, инчунин тадқиқоти асосии ҷустуҷӯӣ оид ба сохтани силоҳ ва техникаи ҳарбӣ;

  • ҳар гуна силоҳ, аз ҷумла шикорӣ (аз ҷумла кордҳои шикорӣ), пневматикӣ, шаҳрвандӣ ва ғайра, инчунин маҳсулоти ҷузъҳои он, нусхаҳои силоҳи коллексионӣ, силоҳи армуғонӣ ва ороишӣ, кордҳо (ба истиснои кордҳои ошхонагӣ, қатъшаванда, канселярӣ); бонгҳои махсуси рӯшноӣ ва садоӣ, ки барои нақлиёти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хадамоти фавқулодда пешбинӣ шудаанд;

 

- Мол/хизматрасониҳое, ки гардиши озоди онҳо маҳдуд аст, аз ҷумла, вале маҳдуд нагардида бо:

 

  • партовҳои маводи радиоактивӣ;

  • партовҳои маводи тарканда;

  • моддаҳои радиоактивӣ ва изотопҳо, уран ва маводҳои дигари тақсимшаванда ва маҳсулоти он;

  • таҷҳизоти рентгенӣ, асбоб ва таҷҳизот бо истифода аз моддаҳои радиоактивӣ ва изотопҳо;

  • заҳрҳо, маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо; моддаҳое, ки шуур ва рӯҳияи инсонро тағйир медиҳанд;

  • спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртӣ;

  • тамоку, маснуоти тамоку, маҳсулоти тамоку, лавозимоти тамокукашӣ (ба истиснои оташафрӯзак ва хокистардон), аз ҷумла найчаи тамокукашӣ, чилим (аз ҷумла электронӣ), коғази сигор, сигорҳои электронӣ ва маводи истеъмолӣ ба онҳо;

  • дастгоҳҳо оид ба истеҳсоли арақи дастӣ, аз ҷумла ректификаторҳо;

  • техникаи рамзгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ барои истеҳсол ва истифодаи он;

  • ратсия, стансияҳои радиоӣ;

  • рақамҳои телефонӣ, аз ҷумла сим-кортҳо;

 

- Мол/хизматрасониҳое, ки бар зидди меъёрҳои ахлоқиву маънавӣ нигаронида шудаанд:

 

  • ашё бо рамзҳои миллатгароӣ;

  • Мол/хизматрасониҳои хусусияти ҷинсӣ ё шаҳватидошта, инчунин маводҳои порнографӣ/эротикӣ, аз ҷумла бозичаҳои шаҳватӣ, хизматрасониҳои ҳамроҳи кардани касе (эскорт), масҳи шаҳватӣ, стриптиз, фотосессияҳои ню, худнамоишкунанда (натурщица) ва ғайра, хизматрасонӣ ва дархости хизматрасонӣ ба шахсони то 14-сола;

  • парасторӣ ва фарзандхонӣ;

- Мол/хизматрасониҳое, ки ба вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, пешниҳоди Мол/хизматрасониҳо бо мақсади фиреб ва гумроҳӣ:

  • маводҳои экстремистӣ; маводҳое, ки ба бетартибиҳои оммавӣ, амалӣ намудани фаъолияти экстремистию террористӣ, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятии оммавӣ, барангехтани кинаю адовату низои миллӣ ё мазҳабӣ даъват мекунанд;

  • хизматрасониҳо во воситаи шахсони дигар, хизматрасонии ғайриқонунӣ бо воситаи шахсони дигар барои иҷрои вазифаҳои мақомоти иҷроия дар шахси ҳуқуқӣ;

  • Мол/хизматрасониҳои мавҷуднабуда, Мол/хизматрасониҳое, ки арзиши истеъмолӣ надоранд, Молҳои бо аломати «Барои фурӯш нестанд»;

  • хизматрасонии ҷойгиркунии Эълонҳо дар Сомонаи/барномаи Somon.tj аз ҷониби шахсони сеюм;

  • фурӯш ва хариди ҷойҳо дар боғчаҳои кӯдакона;

  • иваз кардани нишондоди одометрҳо/спидометрҳо, навиштан ё кӯмак дар навиштани корҳои донишҷӯӣ, илмӣ ва/ё мактабӣ (ба ғайр аз таҳрир ва тарроҳии графикӣ) ва хизматрасонии дигари ҳаммонанд;

  • дастгоҳҳое, ки нишонаҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиётро барои камераҳои назорати роҳ таҳриф мекунанд ё хонданашаванда мекунанд (чаҳорчӯба барои рақамҳои автомобилӣ), магнитҳои неодимӣ;

  • хизматрасониҳои хусусияти эзотерикӣ ва сеҳру ҷоду дошта: хизматрасониҳои ситорашинос, фолбин, ҷодугар, афсунгар, шифобахш, рақамшинос, ташхиси аура ва ғайра, ашё ва лавозимот барои истифода дар хизматрасониҳои номбурдашуда;

 

- Мол/хизматрасониҳои марбут ба тиб ва дорусозӣ:

 

  • ҳама гуна хизматрасониҳои тиббӣ, аз ҷумла ташхис, озмоиш, таҳқиқоти биометрӣ, физиотерапия, масҳ, акупунктура, гирудотерапия, хунрезӣ, машваратҳои психологӣ ва психотерапевтӣ, машваратҳои парҳезшинос, дандонпизишкӣ, хизматрасониҳои ҳомиладории сунъӣ (суррогатное материнство) (ҷустуҷӯ ва пешниҳод), косметология бо истифодаи сӯзандору (инвазивӣ), ҷустуҷӯи ихтиёриён барои таҳқиқоти тиббӣ. Хизматрасонии касалбон, логопед, дефектологҳо, муоширати табобатӣ бо ҳайвонот, варзиши муолиҷавӣ ва тарбияи чисмонии табобатӣ ва фитнес иҷозат дода мешавад;

  • доруворӣ (аз он ҷумла таҳпуши тиббӣ, ғизои тиббӣ, марҳам ва кремҳо барои мақсадҳои тиббӣ/табобатӣ ва ғ.); гиёҳҳои шифобахш; иловаҳои биологии фаъол, аз ҷумла ғизои варзишӣ, нӯшокиҳои изотоникӣ, маҳсулот барои харобшавӣ (қаҳваи сабз, занбурӯғи Рейшӣ, фиточой, иловаҳои парҳезӣ ва ғайра); витаминҳо; маҳсулоти таъиноти тиббӣ; таҷҳизоти тиббӣ; консентратҳои оксиген, оксигенгенераторҳо, аспираторҳо; линзаҳои контактӣ ва моеъи нигоҳдории онҳо; дорувории ботокс;

  • Мол/хизматрасониҳои марбут ба тибби ғайрианъанавӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои хатнасур, дастгоҳҳои хунгузаронӣ (ҳиҷома), биодискҳо, ашё ва лавозимот барои фаъол намудани аура, қувва, гардиши хун, хамираи эпидеум ва ғайра,

  • ингаляторҳо, небулизаторҳо;

  • узвҳо ва бофтаҳои инсон, инчунин хизматрасониҳои донорӣ (масалан, супоридан/харидани хун/манӣ ва ғ.);

  • ғизои махсуси кӯдакона/барои навзодон, шишаҳои кӯдакона (шишаҳои хӯрокхӯрӣ), пистонак, маккак;

  • - Мол/хизматрасониҳои марбут ба истифодаи ғайриқонунии иттилоот ва маълумот:

  • хизматрасониҳои хакерӣ (шикастани почтаи электронӣ ва сабти бақайдгирӣ, «зиёд кардани» овозҳо ва «лайкҳо» (аксуламалҳо) дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра);

  • хизматрасониҳо оид ба вайрон намудани воситаҳои муҳофизати техникии телефон, смартфон, ноутбук, навигатор, компютерҳои шахсӣ ва ғайра, ки соҳибҳуқуқ ҷорӣ намудааст,

  • хизматрасониҳо оид ба воридоти дастгоҳҳои мобилӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бақайдгирии бе боҷи рақамҳои IMEI дастгоҳҳои мобилӣ;

  • иваз намудани таъминоти барномавии техникӣ (планшет, телефон, приставка ва навигаторҳо), кушодани рамзи (разблокировка) смартфонҳо, парсинги манбаҳои маълумот, нашркунии беиҷозати паёмҳо, нусхабардорӣ/сабти контент (бозиҳо, мусиқӣ, филмҳо ва ғайра);

  • Мол/хизматрасониҳое, ки сирри ҳаёти хусусиро вайрон мекунанд, ба шаъну шараф ва обрӯи тиҷоратии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҷовуз мекунанд, инчунин дорои сирри давлатӣ, бонкӣ, тиҷоратӣ (ноу-хау, дорухат, тарҳ, нақшаҳо) ва дигар сиррҳо мебошанд;

  • Мол/хизматрасоние, ки муомилоти онҳо ҳуқуқҳои зеҳнии шахсони сеюмро вайрон мекунад (аз ҷумла патент, тамғаи молӣ, ҳуқуқи муаллифӣ ва ғ.);

  • Махзани маълумот, аз ҷумла дорои маълумоти шахсӣ, ки метавонанд ба фиристодани истиноди тасвибӣ мусоидат кунанд;

 

- Амалиёт бо ҳуҷҷатҳо, коғазҳои қиматнок, асъор, сангҳои қиматбаҳо ва металлҳо:

 

  • фурӯши ҳуҷҷатҳо ва бланкаҳои тайёр;

  • миёнаравӣ дар гирифтани ҳуҷҷатҳо (шиносномаҳо, шаҳодатномаҳои таваллуд, билети ҳарбӣ, гувоҳномаи иқомат, шаҳрвандӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ ва ғайра), ба истиснои хизматрасонии машваратӣ оид ба масъалаҳои гирифтани ҳуҷҷатҳо, хизматрасонӣ оид ба пур кардани бланкаҳо, тайёр кардани нусхаҳо, коркарди ҳуҷҷатҳо ё дигар намудҳои кӯмак дар таҳияи ҳуҷҷатҳо, барасмиятдарорӣ ва фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, картаҳои ташхисӣ (муоинаи техникӣ, шиносномаи воситаи нақлиётӣ), ҳуҷҷатҳои меҳнатӣ, ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ (чек, варақаҳои корношоямӣ ва ғ.);

  • гувоҳномаи давлатии шахсият, нишонҳо, роҳхатҳо, иҷозатномаҳо, сертификат, ҳуҷҷатҳои сафар ва иҷозатномаҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ҳуқуқ медиҳанд ё аз ҳуқуқ/уҳдадориҳо озод менамоянд, ба истиснои ҳуҷҷатҳои барои мақсадҳои ҷамъоварӣ бо мӯҳлати амали итмомшуда ва (ё) тамғаи беэътибор будан, қолабҳо барои ин ҳуҷҷатҳо, инчунин хизматрасонӣ оид ба гирифтани онҳо;

  • корҳои дипломӣ ва курсии анҷомдодашуда, рисолаҳо ва дигар намуди корҳои ба ин монанд; хизматрасонӣ оид ба таҳия ва навиштани диплом, корҳои курсӣ, рисолаҳо ва намудҳои корҳои ҳаммонанд;

  • коғазҳои қиматнок (саҳмияҳо, вомбаргҳо, чекҳо ва ғ.), ба истиснои коғазҳои бо мақсади ҷамъоварӣ бо муҳлати амалӣ итмомшуда ё бо аломати беэътиборӣ/бекоркунӣ/пардохт;

  • ҳуҷҷатҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт;

  • нишонаҳои пулии қалбакӣ ва нишонаҳои қалбакии пардохти почта;

  • асъор ва дигар дороиҳои асъорӣ, танга ва пулҳои коғазии дар муомилот қарордошта (ба истиснои хариду фурӯши онҳо барои мақсадҳои нумизматикӣ);

  • металлҳои қиматбаҳо ва нодир, сангҳои қиматбаҳо, инчунин партовҳое, ки дар таркибаш металлҳои қиматбаҳо ва нодир ва сангҳои қиматбаҳо мавҷуданд;

 

- Мол/хизматрасониҳои марбут ба ҳайвонот ва наботот:

 

  • хариду фурӯши ҳайвонот ва растаниҳои мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ҳифзшаванда;

  • дорувории байторӣ (дору, витамин ё иловаҳои ғизоӣ барои табобати ҳайвонот);

  • Эълонҳо, ​​ки аксҳои муомилаи бераҳмона нисбати ҳайвонро нишон медиҳанд, аз ҷумла ҷангро ё ишора ба иштироки ҳайвон дар ҷанг ё ишора ба муомилаи бераҳмона нисбати ҳайвон;

  • пӯст ва маҳсулоти пӯсти намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта;

  • тирпарронии ҳайвоноти бесоҳиб;

  • тӯрҳои моҳидорӣ, масолеҳи истеҳсоли онҳо, инчунин хизматрасонӣ оид ба истеҳсоли онҳо; шасти барқии моҳидорӣ; домҳо;

  • - Мол/хизматрасониҳои молиявӣ ва ба онҳо алоқамандбуда:

  • гирифтани маблағҳои пулӣ ва арзишҳои дигари моддӣ, қарздиҳӣ, сарпарастӣ, амалиёт бо суратҳисобҳо ва маблағҳои пулӣ, сармоягузории пули нақд (аз ҷумла пасандозҳо ва фондҳои нафақа);

  • ҳама гуна хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла суғурта, инчунин кӯмак дар гирифтани онҳо, миёнаравии молиявӣ, ба истиснои бонкҳо;

  • сармоягузорӣ: пешниҳодҳо оид ба сармоягузорӣ ва ҷустуҷӯи шарикони тиҷорӣ танҳо дар сурате ҷойгир карда мешаванд, ки самти фаъолият ё тавсифи бизнес (лоиҳа, ақида), ки дар он маблағ сармоягузорӣ карда мешавад, нишон дода шуда бошад;

  • тиҷорати қимор, биржаҳои асъорӣ ва фондӣ: бозиҳои қиморӣ, идораҳои букмекерӣ, бозорҳои Forex, Tele Trade ва ғайра;

  • амалиётҳои савдо (трейдинг), бозорҳои асъор, биржаҳои фондӣ (ба ғайр аз Эълонҳо аз ширкатҳои савдо/брокерӣ, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро доранд), бозорҳои криптовалютаҳо: бозиҳои қимор, идораҳои букмекерӣ, инчунин курсҳои таълимӣ ва омӯзишӣ;

  • аккаунтҳои бозӣ;

  • пайваст кардани терминалҳо ба лотерея;

  • таҷҳизоти бозӣ, ки барои бозиҳои қимор истифода мешаванд; таҷҳизоти лотерея;

  • хизматрасонии коллекторӣ ва зиддиколлекторӣ;

- Мол/хизматрасонии марбут ба фаъолият ё мақсадҳои динӣ:

  • фаъолияти сиёсӣ; маводҳои таблиғотӣ, варақаҳои интихоботӣ, молҳо ё хизматрасониҳои марбут ба татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ;

  • таҳсил дар хориҷи кишвар, фиристодани донишҷӯён/хонандагон ба таҳсил, мусоидат ва ҳама гуна хизматрасонии марбут ба таҳсил берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  • эълонҳо дар бораи одамони бедарак ғайбзада (гумшудагон).

 

5.7. Талабот нисбати параметрҳои Эълонҳо

 

5.7.1. Ҳангоми пур кардани Эълонҳо ба ҳолатҳои зерин иҷозат дода намешавад:

- нашр намудани Эълон оиди талабот ба Мол/хизматрасонӣ («Ҷустуҷӯ», «Харидорӣ», «Интизори пешниҳодҳо», тендерҳо);

- нашр намудани Эълон дар бахше, ки ба мазмуни эълон мувофиқат намекунад;

- нашр намудани Эълонеро, ки сарлавҳаи онҳо аломатҳои такрорӣ ё аломатҳои махсус доранд;

- нашр намудани Эълонеро, ки тавсиф, сарлавҳа ё аксҳои онҳо алоқаманд нестанд ё нохонда мебошанд;

- нашр намудани Эълонеро, ки ҳамзамон якчанд Мол/хизматрасониҳоро пешниҳод менамоянд; ҷойгир кардани як эълон танҳо дар бораи як ашёи мушаххас, объекти амвол, ҷои холӣ, хизматрасонӣ иҷозат дода мешавад;

- ворид намудани истинод ба захираҳое, ки дорои унсурҳои зараровар ё истинод ба саҳифаи асосии сомонаҳои гуногуни интернетӣ мебошанд;

- Эълонҳо бояд ба минтақаи ҷуғрофӣ ва шаҳре, ки дар танзимоти функсионалии дахлдори Сомонаи/барномаи Somon.tj интихоб шудаанд, мувофиқат кунанд.

5.7.2. Қоидаҳои пур кардани хати «Ном» дар Эълон:

- номи дар эълон нишондодашуда бояд дуруст бошад; ҷойгир кардани ном, рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ ё дигар маълумоти тамосии шахси сеюм иҷозат дода намешавад;

- хати «Ном» набояд ягон маълумоти тамосро дар бар гирад (мафҳуми иттилооти тамосии Иҷрокунанда инҳоро дар бар мегирад, вале бо онҳо маҳдуднашаванда: рақами телефон, суроғаи воқеӣ, суроғаи ҳуқуқӣ, суроғаи почтаи электронӣ ва номи сомона (истинод), ном ё профилҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё дар паёмрасон ).

5.7.3. Қоидаҳои пур кардани хати «Сарлавҳа» дар Эълон:

- сарлавҳаи Эълон бояд танҳо номи Мол/хизматрасонӣ ё навъ ва дигар нишондиҳандаҳои муҳим дошта бошад, ҳамаи нишондиҳандаҳои дигарро дар хати «Тавсиф» нишон додан зарур аст; сарлавҳаи Эълон набояд маълумотро дар бораи Мол/хизматрасонии пешниҳодшуда дар бар гирад; сарлавҳа бояд ба тавсифи Мол/хизматрасонӣ мувофиқат кунад;

- хати «Сарлавҳа» набояд ягон маълумоти тамосро дар бар гирад (дар мафҳуми маълумоти тамос Иҷрокунанда инҳоро ҳисоб мекунад, вале маҳдуд нагардида бо: рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ, истинод ба суроға ва номҳои интернет-сомонаҳо, ном ё профилҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё паёмрасонҳо);

- сарлавҳаи Эълон набояд аломатҳои такроршавандаи нидо ё савол, бисёрнуқта ё дигар аломат ва рамзҳо, ҳарфҳои калонро дар бар гирад;

- истифодаи беасоси калимаҳои диққатҷалбкунанда, ба монанди «Таъҷилӣ» ва «Диққат», «Аксия», «Фурӯш» дар сарлавҳаи Эълон иҷозат дода намешавад.

5.7.4. Қоидаҳои пур кардани хати «Тавсиф» дар Эълон:

- дар тавсифи Эълон истифодаи беасоси ҳарфҳои калон ва аломатҳои махсус иҷозат дода намешавад;

- тавсиф бояд ҳамон Мол/хизматрасониро дар бар гирад, ки дар сарлавҳаи Эълон ва дар аксҳо тасвир шудааст;

- тавсифи Эълон бояд танҳо Мол/хизматрасонии мушаххасеро дар бар гирад, аммо ба таблиғи фаъолияти ширкат ё дигар Мол/хизматрасониҳои пешниҳодкардаи он иҷозат дода намешавад; дар тавсифи Эълон нишон додани шартҳо ва имконоти хариду таҳвили Мол/хизматрасонӣ иҷозат дода мешавад, чунин шартҳо бояд ба таври возеҳ тавсиф карда шаванд;

- дар тавсиф калимаҳои калидӣ барои осон кардани ҷустуҷӯи Эълонҳои Истифодабаранда, номбар кардани якчанд Мол, ҷойгир кардани нархномаи дигар Молҳои Истифодабаранда (ном ва нархи Молҳои дигари ҳаммонанд) манъ аст; дар як вақт дар Эълонҳо оиди хизматрасониҳо дар тавсифи Хизматрасониҳо нишон додани ном ва нархи якчанд Хизматрасониҳои Истифодабаранда иҷозат дода мешавад;

- хати «Тавсиф» набояд ягон маълумоти тамосро дар бар гирад (зери мафҳуми маълумоти тамос Иҷрокунанда инҳоро мефаҳмад, аммо маҳдуд нагардида бо: рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ, истинод ба суроға ва номҳои интернет-сомонаҳо, ном ё профилҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё дар паёмрасонҳо).

5.7.5. Талабот ба акс ва тасвирҳои графикӣ (минбаъд – «Аксҳо») дар Эълон:

- аксҳое, ки Мол/хизмарасониро нишон медиҳанд, бояд ба сарлавҳа ва матни Эълон мувофиқат кунанд; дар акс бояд танҳо объекти пешниҳодшуда тасвир карда шавад; аксе, ки бо матни эълон робитаи возеҳи маъноӣ надорад ё ба таври кофӣ матни эълонро тасвир намекунад, иҷозат дода намешавад;

- тасвири акс дар мавзӯи муайян (стоковые фото) ва/ё аксҳои аз шабакаи Интернет дастрасшуда иҷозат дода намешаванд;

- аксҳо набояд унсурҳои интерфейси Истифодабаранда, нақши абстрактӣ, аломатҳои обӣ (вотермаркаҳо) дошта бошанд;

- ҷойгиркунии аксҳои дар барномаҳои махсус коркардшуда (масалан, дар чорчӯбаи ранга ҷойгиршуда, бо илова кардани замина барои акси Молҳои истифодашуда ва ғайра) иҷозат дода намешавад;

- ҷойгиркунии аксҳои сифаташон паст, ки дар онҳо ашёи тасвиршуда фарқ карда намешавад, иҷозат дода намешавад;

- дар аксҳо ҷойгир кардани ягон маълумоти рекламавӣ, логотипи ширкатҳо ва номҳои ташкилотҳо иҷозат дода намешавад;

- ба аксҳо илова кардани калимаҳои ҷалбкунанда, ба монанди «Таъҷилӣ», «Диққат», «Аксия», «Фурӯш» ва ғайра иҷозат дода намешавад;

- акс набояд ягон маълумоти тамосро дар бар гирад (зери мафҳуми маълумоти тамос Иҷрокунанда инҳоро мефаҳмад, вале маҳдуд нагардида бо: рақами телефон, суроғаи воқеӣ, суроғаи ҳуқуқӣ, суроғаи почтаи электронӣ, истинод ба суроға ва номҳои интернет-сомонаҳо, ном ё профилҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё дар паёмрасонҳо).

5.7.6. Нишон додани нарх дар Эълон:

- ҳамаи нархҳо дар Эълонҳо танҳо бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сомонӣ нишон дода мешаванд;

- танҳо нишон додани нархе, ки бо ҳамин нарх Мол/хизматрасонӣ пешниҳод карда мешавад, иҷозат дода мешавад;

- агар арзиши пешниҳод бо ягон сабаб паст карда шавад (ҳолати бад, нуқсонҳо вуҷуд доранд, мол вайрон шудааст), пас инро бояд дар тавсифи Эълон нишон дод;

- дар сарлавҳа ё дигар хатҳои Эълон нарх гузоштан иҷозат дода намешавад – барои ин як хати алоҳида мавҷуд аст.

5.8. Хусусиятҳои нашри Эълонҳо дар бахши «Молу мулки ғайриманқул»

5.8.1. Талаботи мазкур талаботҳои умумии дар боло қайдшударо оиди ҷойгиркунии Эълонҳо пурра менамояд, аммо бекор намекунад.

5.8.2. Талаботи умумӣ нисбати Эълонҳо дар бахши «Молу мулки ғайриманқул»:

- объекти молу мулки ғайриманқул бояд то ҳадди имкон мушаххас тавсиф карда шавад: суроға, ошёна ва шумораи ошёнаҳои бино, масоҳат, ҳолат ва гайра;

- дар категорияи «Молу мулки ғайриманқул» Эълонҳо оид ба қитъаҳои замин танҳо бо объектҳои ғайриманқули дар онҳо мавҷудбуда (биноҳо, иншоот) ҷойгир карда мешаванд; дар сурати набудани объектҳои ғайриманқул ҷойгир намудани Эълонҳо оид ба қитъаҳои замин иҷозат дода намешавад;

- дар категорияи «Молу мулки ғайриманқул – Иҷораи хонаҳои хусусӣ (ҳавлӣ) ва хонаҳои берун аз шаҳрӣ (дача) » танҳо объектҳои тайёр, инчунин объектҳое, ки дар вақти ҷойгиркунии Эълон дар раванди сохтмон қарор доранд, ҷойгир карда мешаванд;

- ҷойгиркунии як объекти молу мулки ғайриманқул бо мӯҳлати гуногуни иҷора дар ду эълон манъ аст; ҷойгиркунии Эълонҳои иҷораи молу мулки ғайриманқул бо мӯҳлатҳои гуногуни иҷора дар як Эълон иҷозат дода мешавад;

- ҳангоми ба иҷора додани якчанд молу мулки ғайриманқул бо ороиши гуногуни дохилӣ ва мӯҳлатҳои гуногуни иҷора барои ҳар як объекти иҷора якчанд Эълонҳо эҷод кардан зарур аст;

- ҳангоми ба иҷора додани бино бо имконияти тақсим кардани он ба якчанд ҳуҷраи иловагӣ, бояд як эълон бо нишон додани масоҳат ва арзиши иҷораи тамоми бино эҷод карда шавад, ва дар тавсиф имконоти тақсимоти масоҳат ба якчанд ҳуҷраҳои алоҳида ва арзиши иҷораи яке аз онҳо нишон дода шавад; агентии молу мулки ғайриманқул метавонад барои ҳар як ҳуҷра як Эълони алоҳида гузорад;

- Эълонҳои дигар дар бораи Мол/хизматрасониҳо (аз ҷумла корҳои сохтмонӣ) аз ҷониби Иҷрокунанда хориҷ карда мешаванд ё ба дигар бахшҳои Сомонаи/барномаи Somon.tj интиқол дода мешаванд;

- агар риэлтор хизматрасониҳои худро пешниҳод намояд (интихоб, арзёбӣ, дастгирии ҳуқуқии аҳд ва ғайра), чунин Эълон бояд дар категорияи «Хизматрасонӣ» дар зеркатегорияи «Хизматрасониҳои риэлторӣ» ҷойгир карда шавад.

5.8.3. Нарх:

- нархи молу мулки ғайриманқул пурра дар шакли арзиши умумии молу мулки ғайриманқул нишон дода мешавад, на арзиши як метри мураббаъи молу мулки ғайриманқул.

5.8.4. Аксҳо:

- танҳо истифодаи аксҳои воқеии объектҳои молу мулки ғайриманқули пешниҳодшаванда иҷозат дода мешавад. Аксҳои дигарон, ки аз интернет гирифта шудаанд, эътимоди муштариёни эҳтимолиро коҳиш медиҳанд ва метавонанд аз ҷониби Иҷрокунанда ҳангоми модератсияи Эълон рад карда шаванд;

- истифодаи логотипҳои агентиҳои молу мулки ғайриманқул ба ҷои аксҳои молу мулки ғайриманқул вайрон кардани Қоидаҳои сомонаи Somon.tj мебошад;

- ба ғайр аз акси хона (бино) бояд аксҳои дохилӣ (ҳуҷраҳо, роҳравҳо, ошхона, ҳаммомҳо ва ғайра) илова карда шаванд, ки бояд вазъи воқеии дохили объекти пешниҳодшударо боэътимод инъикос намоянд. Агар аксҳои дохилӣ мавҷуд набошанд, ҳатман аксҳоро бо тарҳбандии мувофиқ илова намудан зарур аст.

5.8.5. Объектҳои намунавӣ:

- агар якчанд объектҳои намунавии молу мулки ғайриманқул бо тарҳ ва арзиши якхела фурӯхта шаванд, нашри як Эълон бо тавсифи ҳамаи ҳуҷраҳои намунавӣ (квартираҳо ва ғайра) дар доираи як нарх ва тарҳ иҷозат дода мешавад, инчунин дар тавсифи Эълон шумораи объектҳо ва рақамҳои ошёнаҳоро нишон додан мумкин аст;

- агар якчанд молу мулки ғайриманқул намунавӣ бо тарҳбандии якхела, вале бо арзиши гуногун фурӯхта шаванд, пас ҳар як объекти молу мулки ғайриманқул бояд дар Эълони алоҳида ҷойгир карда шавад.

5.9. Қоидаҳои нашри эълонҳо дар бахши «Ҷойҳои холӣ»

5.9.1. Талаботи мазкур талаботи умумии дар боло қайдшудаи ҷойгиркунии Эълонҳоро пурра менамояд, аммо бекор намекунанд.

5.9.2. Талаботи умумӣ барои Эълонҳо дар бахши «Ҷойҳои холӣ»:

- ҷойи холӣ – як намуди пешниҳодест, ки дар асоси он корфармо омода аст ба довталаб ҷои холии дорои вазифаи муайянро пешниҳод кунад;

- барои шаҳрҳои гуногун ҷойгиркунии ҷойҳои холии якхелаи кушода (масалан, фурӯшанда-машваратчӣ), ки ба маҳалли кор вобастаанд, иҷозат дода мешавад;

- дар Эълон бояд вазифа, номи ширкати корфармо, суроғаи воқеии ширкат нишон дода шавад; нишон додани маҳалли ҷойгиршавӣ дар шакли номи ноҳия ва номи маркази савдо, маркази тиҷорат (бизнес-центр) ё дигар маҷмаа иҷозат дода мешавад;

- барои ҳар як ҷойи холӣ бояд Эълони алоҳида ҷойгир карда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки як ҷойи холӣ дар категорияи шаҳрҳои гуногун ҷойгир карда мешавад, агар корфармо хоҳиши қабули коргаронро аз дигар шаҳрҳо дошта бошад;

- Эълонҳои намуди зерин иҷозат дода намешавад: «Боркашон, сохтмончиён ва коргарони гуногун талаб карда мешаванд»; чунин ҷойҳои холӣ рад карда мешаванд ва бояд аз ҷониби Истифодабаранда ба якчанд Эълонҳои ҷойҳои холӣ тақсим карда шаванд;

- дар Эълон нишон додани талаботи аксҳои шахсии довталаб иҷозат дода намешавад;

- ҷойҳои холӣ барои донишҷӯен ва хатмкунандагони донишгоҳҳо – ҷойи кории “Коромӯз”, эълонҳо дар бораи қабули донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ ва коромӯзӣ (ба вазифаҳои оммавӣ ҷалб кардани мутахассисони ҷавон) иҷозат дода мешаванд.

5.9.3. Ҷойгиркунии Эълонҳои зерин оиди ҷойҳои корӣ манъ аст:

- Эълонҳо бо шарти ба кор қабул кардан пардохти маблағҳои пулӣ ё хариди маҳсулоти корфармо; додани маблағҳои пулӣ ба корфармо ё шахсони сеюм (пирамидаҳои молиявӣ/сармоягузорӣ);

- Эълонҳо бо пешниҳоди фиристодани паёмҳои SMS, занг задан ба рақами пулакӣ, ё сабти ном дар ҳама гуна захираҳои интернетӣ ҳамчун шарти зарурӣ барои сабти ном барои мусоҳиба;

- Эълонҳо бо пешниҳод кардани кор дар соҳаи хизматрасонии шаҳватӣ, дар ташкилотҳои ғайриқонунии динӣ;

- Эълонҳо бо пешниҳод кардани ҳама гуна шуғл дар ширкатҳои шабакавӣ (паҳн кардани косметика, атриёт, иловаҳои фаъоли биологӣ (ИФБ), аммо бо ин маҳдуд нагардида);

- дорои хусусияти фаъолияти сиёсӣ (кироя барои иштирок дар митингҳо);

- пешниҳод кардани кор дар артиш, ташкилотҳо ва сохторҳои ҳарбии давлатҳои хориҷӣ;

- эълонҳо аз корфармоёне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ ё филиалҳо ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.

5.9.4. Тавсифи ҷойи холӣ:

- дар номи ҷойи холӣ бо ҳарфи калон бояд номи мушаххаси вазифаи холӣ нишон дода шавад;

- дар номгӯйи ҷойи холӣ нишон додани калимаҳои «Ҷустуҷӯи корманд», «Кори иловагӣ», «Кадрҳоро ҷалб менамоем», «Талаб карда мешавад» манъ аст;

- дар номгӯйи ҷойи холӣ нишон додани номи ширкат, маълумот барои тамос, ӯхдадориҳои вазифавӣ манъ аст; тафсилоти зерин иҷозат дода мешавад: ноҳия, шаҳр, шуъба ва ғайра;

- тавсифи асосии кор бояд бе хатогӣ, фаҳмо ва бомазмун бошад ва ҳадди аққал аз се қисм иборат бошад: талабот ба довталаб, ӯҳдадориҳои мансабӣ, шароити кор;

- нишон додани ном ва соҳаи (самти фаъолияти) ширкати пешниҳодкунандаи ҷойи холӣ зарур аст;

- дар тавсифи ҷойи холӣ аббревиатура ва ихтисоротро истифода бурдан мумкин нест.

5.10. Қоидаҳои нашри Эълонҳо дар бахши «Хизматрасонӣ»

5.10.1. Талаботи мазкур талаботи умумии дар болозикршудаи ҷойгиркунии Эълонро пурра менамояд, аммо бекор намекунад.

5.10.2. Дар ин категория Эълонҳо дар бораи пешниҳоди хизматрасониҳо нашр карда мешаванд.

5.10.3. Эълонҳо дар бахши «Хизматрасонӣ» бояд ба талабот, манъкунӣ ва маҳдудиятҳои дар Созишнома бо Истифодабарандагон зикршуда ҷавобгӯ бошанд.

5.10.4. Қоидаҳои ҷойгиркунии Эълонҳо дар категорияи «Хизматрасонӣ» дар зеркатегорияи «Ҳамлу нақл ва иҷораи нақлиёт»:

- иҷораи мошин бо ронанда ва таксӣ: ба ихтиёри Истифодабаранда ҷойгиркунии Эълонҳое, ки бо намуди кузов (седан, кабриолет ва ғайра) ва дараҷаи ҳамлу нақл (эконом, бизнес ва ғайра) фарқ мекунанд, иҷозат дода мешавад, ё ин ки ҷойгир кардани як Эълон, ки дар он навъҳои гуногуни кузов (седан, кабриолет ва ғ.) ва дараҷаи ҳамлу нақл (эконом, бизнес ва ғ.) нишон дода шудааст, иҷозат дода мешавад, вале дар ин ҳолат такроран ҷойгиркунии ин намудҳо ва дараҷаҳо дар дигар Эълонҳо иҷозат дода намешавад;

- ҳамлу нақли тиҷоратӣ: (1) ҷойгиркунии ҳамон Эълонҳо иҷозат дода мешавад, ки дар онҳо ҳамлу нақл бо автомобилҳои пешниҳодшуда аз рӯи намуди кузов, канора ё мавҷудияти таҷҳизоти махсус (рефрижератор, мустаҳкамкунӣ) фарқ мекунанд; фарқияти автомобилҳо бояд дар тавсиф ва акс равшан намоён бошанд; дарозии мошин ба ҳисоб гирифта намешавад; (2) ҷойгиркунии Эълонҳо дар бораи ҳамлу нақли якдафъаина дар хатсайри мушаххас бо санаи муайяншудаи сафар ва вақти сафарбаркунӣ иҷозат дода мешавад;

- кӯчидан: ҷойгиркунии Эълонҳо оиди намудҳои гуногуни кӯчидан (аз ҳуҷра, аз бинои корӣ, аз хонаи беруназшаҳрӣ ва ғ.) иҷозат дода мешавад, дар ин ҳолат объекти ҳамлу нақл муҳим нест (масалан, ҳамлу нақли роял ва ҳамлу нақли кат ҳамчун пешниҳоди дубораи эълонҳо ҳисобида мешавад);

- техникаи махсус: ҷойгиркунии Эълонҳои алоҳида дар бораи хизматрасониҳои техникаи махсуси намудҳои гуногуни кузовҳо ва мақсадҳои истифодаи он иҷозат дода шудааст; андозаи кузов, қобилияти борбардорӣ, тамға ва модел аҳамият надорад.

5.10.5. Қоидаҳои ҷойгиркунии Эълонҳо дар категорияи «Хизматрасонӣ» дар зеркатегорияи «Хизматрасонии сохтмон ва таъмир»:

- таъмири ҳуҷра/офис: пешниҳоди хизматрасониҳои таъмири ҳамаҷонибаи ҳуҷра/хона иҷозат дода мешавад; ҷойгиркунии Эълонҳои алоҳида барои намудҳои алоҳидаи корҳои таъмирӣ иҷозат дода намешавад, ба ҷои ин дар тавсифи як Эълон иҷозат дода мешавад, ки намудҳои гуногуни корҳои таъмиру сохтмон нишон дода шаванд;

- сохтмони хона, коттеҷҳо: ҷойгиркунии Эълонҳои алоҳида барои намудҳои алоҳидаи корҳои таъмирӣ иҷозат дода намешавад, ба ҷои ин, дар тавсифи як Эълон намудҳои гуногуни корҳои сохтмониро нишон додан мумкин аст, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои гуногун фарқ мекунанд: аз рӯи объекти иҷрои корҳо (бом, таҳхона, зинапоя ва ғайра), аз рӯи мавод ва дигар нишондиҳандаҳое, ки ба мураккабӣ ё намуди корҳои иҷрошаванда таъсири назаррас мерасонанд;

- корҳои ороишӣ: ҷойгиркунии Эълонҳои алоҳида барои намудҳои алоҳидаи корҳои ороишӣ иҷозат дода намешавад, ба ҷои ин дар тавсифи як Эълон нишон додани намудҳои гуногуни корҳои ороишӣ (андова, ороиш, зардеворкунӣ, рангкунӣ, дуредгарӣ, сохтори бом ва фарш) иҷозат дода мешавад;

- васлкунӣ ва таъмири мебел: ҷойгиркунии Эълонҳои алоҳида барои намудҳои алоҳидаи кор ва намудҳои алоҳидаи мебел иҷозат дода намешавад, ба ҷои ин, дар тавсифи як Эълон нишон додани намудҳои гуногуни корҳои васл ва таъмири мебел, ки аз рӯи таъинот (барои ошхона, хобгоҳ ва ғайра) ва маводҳо (чӯб, металл ва ғайра) фарқ мекунанд, иҷозат дода мешавад.

5.10.6. Қоидаҳои ҷойгиркунии Эълонҳо дар категорияи «Хизматрасонӣ» дар зеркатегорияи «Таъмир ва насби техникаи маишӣ»:

- дар зеркатегорияҳо ҷойгиркунии Эълонҳои алоҳида оид ба таъмир ва насби техника/дастгоҳҳо иҷозат дода шудааст:

«Кондитсионерҳо»,

«Мошинҳои ҷомашӯӣ»,

«Антеннаҳо»,

«Обгармкунакҳо»,

аммо, тамғаҳо ва моделҳои гуногуни техника/дастгоҳҳои дар боло зикршуда наметавонанд барои интишори Эълонҳои алоҳида асос бошанд ва танҳо як қисми матни асосии Эълон мебошанд;

- дар зеркатегорияи «Дигар» ҳамаи Эълонҳои дигар оиди таъмир ва насби дигар намудҳои техникаи дар боло номбарнашуда ҷойгир карда мешаванд, ва дар сарлавҳаи чунин Эълон гурӯҳи ҷамъбастшудаи техникаро (масалан, «Таъмир ва насби техникаи хурди/калони маишӣ»), ё то се намуди техникаро нишон дода мешавад (масалан, «Таъмир ва насби телевизор, дарзмол ва чойникҳо»);

- Эълонҳои алоҳида оид ба таъмир ва алоҳида дар бораи насби техникаи маишӣ Эълонҳои ҳаммонанд ҳисобида мешаванд ва дар як Эълон таҳти сарлавҳаи «Таъмир ва насб» ҷойгир карда мешаванд, дар ҳолати зарурӣ дар тавсиф рӯйхати Хизматрасониҳо нишон дода мешавад;

- Эълонҳои алоҳида оиди насб ва оиди таҷзияи (кандани) як намуд техника такроран пешниҳод намудани Эълонҳо ҳисобида мешаванд ва аз ҷониби Иҷрокунанда манъ карда мешаванд.

5.10.7. Қоидаҳои ҷойгиркунии Эълонҳо дар категорияи «Хизматрасонӣ»

дар зеркатегория «Тозакунӣ ва покизагӣ»:

- бо мақсади ҷойгиркунии Эълонҳо хизматрасониҳои коркарди партовҳо метавонанд аз рӯи намудҳои партовҳо/мол, аз ҷумла партовҳои саноатӣ, маишӣ, хӯрокворӣ ва дигар партовҳо, фарқ кунанд;

- бо мақсади ҷойгиркунии Эълонҳо тозакунии оддӣ ва умумӣ метавонад аз рӯи объекти тозакунӣ фарқ кунад: биноҳои истиқоматӣ ва истеҳсолӣ;

- бо мақсади ҷойгиркунии Эълонҳо, шустани тирезаҳоро аз рӯи усули тозакунӣ тақсим кардан мумкин аст: бо усули дастӣ, бо усули кӯҳнавардии саноатӣ, бо истифода аз механизмҳои болобардор.

5.10.8. Қоидаҳои ҷойгиркунии Эълон дар категорияи «Хизматрасонӣ» дар зеркатегорияи «Хизматрасониҳои дигар» оид ба хизматрасониҳои курйерӣ:

- объекти дастраскунӣ (масалан, ҳуҷҷатҳо, таҷҳизоти офисӣ, питса) барои ҷойгиркунии Эълонҳои алоҳида асос шуда наметавонад;

- ҷойгиркунии якчанд Эълонҳо бо пешниҳоди дастраскунӣ аз кишварҳои гуногун (Хитой, ИМА ва ғайра) иҷозат дода мешавад.

5.10.9. Қоидаҳои ҷойгиркунии Эълонҳо дар категорияи «Хизматрасонӣ» дар зеркатегорияи «Зебоӣ»:

- барои ҳар як намуди хизматрасонӣ ҷойкунии якчанд Эълонҳои алоҳида иҷозат дода мешавад: хизматрасонии визажист, хизматрасонии ороиши нохун, косметология, мӯйгирӣ, холкӯбӣ ва сӯрохкунӣ (пирсинг), омодагии ҷисмонӣ (фитнес) ва ғайра.

5.10.10. Қоидаҳои ҷойгиркунии Эълон дар категорияи «Хизматрасонӣ» дар зеркатегорияи «Хизматрасониҳои дигар»:

- Чиптаҳо: хизматрасониҳои фармоиши чиптаҳо барои чорабинӣ ва сафарҳои сайеҳӣ дар бахши «Хизматрасонӣ» ҷойгир карда мешаванд, аммо Эълонҳо оиди фурӯши чиптаҳо барои чорабиниҳои мушаххас, ҷой, вақт бояд дар бахши «Сайёҳӣ, истироҳат» ҷойгир карда шаванд; нашри Эълонҳо оиди фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо аз шахсони воқеӣ иҷозат дода намешавад, танҳо аз номи ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ширкатҳои сайеҳӣ ва ташкилотҳои дигари ваколатдор иҷозат дода мешавад;

- Фурӯши яклухти Мол: Эълонҳо оиди фурӯши яклухти мол бояд на дар категорияи «Хизматрасонӣ», балки дар категорияи «Ҳама чиз барои тиҷорат/ашёи хом ва мавод» ё дар категорияи Молҳои «Маҳсулоти хӯрокворӣ», «Масолеҳи Сохтмонӣ» ҷойгир карда шаванд;

- Нарх: вобаста ба хусусияти зеркатегория, ҷойгиркунии нархнома дар тавсифи Эълон иҷозат дода мешавад, масалан, агар арзиш вобаста ба мураккабии иҷроиш фарқ кунад (масалан, андоваи венетсианӣ ё ноҳамвор, кор бо маводи «короед»), ё агар Истифодабаранда якчанд хизматрасониҳои ҳаммонандро иҷро кунад (рангкунӣ, андова, часпонидани зардевор);

- Акс: Илова кардани аксҳои иҷрокунандаи хизматрасонӣ бо розигии ӯ иҷозат дода мешавад, ба шарте ки ҷойгиркунии акс ҳуқуқи шахсони сеюмро вайрон накунад; ҷойгиркунии логотипи ширкати хизматрасонӣ иҷозат дода мешавад; ҷойгиркунии аксҳои корҳои қаблии ин иҷрокунанда (масалан, аксҳои таъмири бомуваффақият ё тюнинги автомобил) иҷозат дода мешавад; акс метавонад тасвири графикӣ бошад, ки моҳияти хизматрасониро нишон медиҳад (масалан, тасвири қайчӣ дар акс ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии сартарош).

 

6. Моликияти зеҳнии Иҷрокунанда

 

6.1. Сомонаи Somon.tj ва барномаи мобилии Somon.tj моликияти зеҳнии Иҷрокунанда ва системаи иттилоотӣ (манбаи маълумот) мебошанд, ки аз объектҳои моликияти зеҳнии Иҷрокунанда ва контенти Истифодабарандагон иборат аст.

6.2. Ҳангоми ворид шудан ба Сомонаи Somon.tj ё ҳангоми насб кардани барномаи мобилии Somon.tj Истифодабаранда бояд бо Созишномаи иҷозатномадиҳӣ оиди додани ҳуқуқи истифодаи Сомонаи Somon.tj ва барномаи мобилии Somon.tj шинос шавад.

Агар Истифодабаранда бо Созишномаи иҷозатномадиҳӣ пурра ё қисман розӣ набошад, Иҷрокунанда аз ӯ хоҳиш менамояд, ки ин сомонаро тарк намуда, барномаи мобилии Somon.tj аз дастгоҳи мобилӣ хориҷ намояд. Дар сурати розӣ набудани Истифодабаранда бо ягон шарти Созишномаи иҷозатномадиҳӣ, Истифодабаранда ҳуқуқ надорад Хизматрасониҳои/хизматгузории Иҷрокунандаро аз Сомонаи Somon.tj ва барномаҳои мобилии Somon.tj истифода барад.

6.3. Ҳама объектҳое, ки бо истифода аз Хизматрасониҳои/хизматгузории Иҷрокунанда дастрасанд, аз ҷумла зерин, вале маҳдуд нагардида бо тамғаи молии вожавӣ ва тасвирии Somon.tj, унсурҳои тарроҳӣ, матн, тасвирҳои графикӣ, тасвирҳои аксбардорӣ, видео, барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (МЭҲ), манбаи маълумот, мусиқӣ, садо ва дигар объекту контентҳои, ки Иҷрокунанда дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ҷойгир кардааст, объектҳои ҳуқуқҳои истисноии Иҷрокунанда ё дигар соҳибҳуқуқ мебошанд, ки шарикон ва контрагентҳои Иҷрокунанда мебошанд.

6.4. Истифодаи ҳама гуна объектҳои дар банди 6.3 Созишнома бо Истифодабарандагон нишондодашуда, танҳо дар доираи имкониятҳое, ки аз ҷониби ин ё он Хизматрасониҳои/хизматгузории Иҷрокунанда пешниҳод карда мешавад, иҷозат дода мешавад. Ҳеҷ яке аз объектҳои дар банди 6.3 Созишнома бо Истифодабарандагон нишондодашуда, бе иҷозати пешакии соҳибҳуқуқ ба таври дигар истифода бурда намешавад. Зери мавҳуми истифодабарӣ ҳаракатҳои зерин фаҳмида мешавад, вале маҳдуд нагардида бо: ҷамъоварӣ, нусхабардорӣ, таҷдиддиҳӣ, коркард, паҳнкунӣ бо ҳар роҳ ва ғайра.

6.5. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад Сомонаи Somon.tj ва барномаи мобилии Somon.tj-ро бо тамоми контент ва имкониятҳо, аз ҷумла контенти Истифодабарандагон, ба вориси ҳуқуқии худ тибқи шартнома ё асосҳои дигар супорад. Супоридан ва огоҳ намудани Истифодабарандагон оиди чунин супоридан тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

7. Контенти Истифодабаранда

 

7.1. Контенти Истифодабарандагон – ин ҳамаи объектҳое мебошанд, ки Истифодабарандагон дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ё дар Утоқи шахсии Истифодабаранда (матн, тасвир аксбардорӣ, тасвирҳои графикӣ, видео ва объектҳои дигар) ҷойгир карда мешаванд.

7.2. Истифодабарандагон контенти худро дар Сомонаи/барномаи Somon.tj бо мақсади иттилоотӣ барои ҷалби Истифодабарандагони дигар ҳамчун харидорони эҳтимолии Мол/хизматрасониҳои худ ҷойгир мекунанд. Истифодаи Cомонаи/барномаи Somon.tj бо мақсадҳои дигар манъ аст, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нусхабардорӣ, истифодабарӣ, паҳн кардани контенти Истифодабарандагони дигар, истифодаи маълумоти тамоси дигар Истифодабарандагон (телефонҳо, суроғаҳои почтаи электронӣ, суроғаҳои ҷойгиршавӣ) бо мақсадҳои марбут ба хариди Мол/хизматрасониҳо.

7.3. Иҷрокунанда паҳнкунандаи контенти Истифодабаранда намебошад. Истифодабарандагон мустақилона маълумотро барои дастрасии омма дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ҷойгир мекунанд, онро тағйир медиҳанд ё хориҷ мекунанд ва мустақилона дастрасиро ба маълумоти ҷойгиршуда барои Истифодабарандагони дигари Сомонаи/барномаи Somon.tj фароҳам меоранд.

7.4. Агар Истифодабаранда маълумоти шахсии худро дар Эълонҳои худ ё дар профили худ дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ҷойгир кунад, то ки Истифодабарандагони дигар оиди пешниҳодҳои ӯ маълумот гиранд, пас Истифодабаранда барои ифшои маълумоти шахсии худ мустақилона масъул мебошад.

7.5. Агар Истифодабаранда дар Эълонҳои худ маълумоти шахсии шахсони дигарро ҷойгир мекунад, Истифодабаранда вазифадор аст мустақилона розигии ин шахсонро гирад ё мавҷудияти дигар асосҳои ҳуқуқиро таъмин намояд, ё амалҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи маълумоти шахсиро таъмин намояд.

7.6. Истифодабаранда барои мӯҳтавои контенти худ ва мутобиқати контенти худ (Эълонҳо, шарҳҳо, маълумот аз профили худ ва ғ.) ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои риояи қоидаҳои ҷойгиркунии Эълонҳо тибқи Созишнома бо Истифодабарандагон, мустақилона масъул мебошад. Истифодабаранда бо ҳамин тасдиқ менамояд, ки ӯ дорои тамоми ҳуқуқ ва иҷозатҳои зарурӣ барои ҷойгир намудани маълумот дар контенти худ мебошад, аз ҷумла, вале маҳдуд нагардида бо: иҷозатномаҳо, шаҳодатномаҳо, патентҳо, ҳуқуқҳо барои тамғаи молӣ, ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқи истифодаи номи фирмавӣ, ё дорои розигӣ ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии дахлдори соҳибҳуқуқи иттилоот мебошад.

7.7. Бо мақсади ба Иҷрокунанда додани ҳуқуқ ва имкони нашри Эълонҳои Истифодабаранда, Истифодабаранда ба Иҷрокунанда ҳуқуқ дар ҳудуди маҳдуднашуда, ба мӯҳлати номаҳдуд, бебозгашт, ғайриистисноӣ барои истифода, интишор, ҷамъоварӣ, намоиш, нусхабардорӣ, такроркунӣ, пахшкунӣ ва ба дастраси умум расонидани маълумоти аз ҷониби Истифодабаранда пешниҳодшударо медиҳад. Ҳуқуқҳои дар боло номбаршуда ба Иҷрокунанда ройгон (бе пардохти подош) дода мешаванд. Дар як вақт, Истифодабаранда тамоми ҳуқуқҳои истисноиро барои моҳияти иттилооти дар Эълонҳо ҷойгиршударо нигоҳ медорад.

7.8. Истифодабаранда розӣ аст, ки матн, аксҳо ва маводҳои дигари ба Эълон иловашуда, аз ҷониби Иҷрокунанда метавонад ҳангоми омода намудани маводи рекламавӣ, мақолаҳо, ҳисобот, таҳлилҳо ва ғайра истифода шавад ва аз ҷониби Иҷрокунанда бо салоҳдиди худ бе розигии иловагии Истифодабаранда ва бе пардохти подош ба Истифодабаранда, истифода шавад. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ва дигар Хизматрасониҳо/хизматгузории Иҷрокунанда реклама ҷойгир кунад, ки дар натиҷа ин маълумоти Истифодабаранда, ки ҳангоми ҷойгиркунии Эълон (аз ҷумла маводҳои аксӣ) пешниҳод шуда буд, метавонад барои мақсадҳо рекламаи Сомонаи/барномаи Somon.tj истифода шавад, бе розигии Истифодабаранда ва бе пардохти ягон подошпулӣ ба ӯ.

7.9. Иҷрокунанда метавонад ҳар замон маҳдудиятҳоро оид ба истифодаи функсияҳои Сомонаи/барномаи Somon.tj, аз ҷумла, миқдори ниҳоии рӯзҳои нигоҳдории Эълонҳо ва андозаи онҳо, муқаррар намояд. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад дар вақти дилхоҳ хизматгузориҳои Сомонаи/барномаи Somon.tj-ро ё қисми онҳоро тағйир диҳад ё қатъ кунад, бо огоҳии Истифодабаранда ё бе огоҳӣ, ва дар чунин ҳолатҳо Иҷрокунанда барои чунин тағйирот ё қатъкуниҳо ягон ҷавобгарӣ надорад.

7.10. Барои нигоҳ доштани сифати баланди Хизматрасониҳо/хизматгузорӣ Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад шумораи Эълонҳои фаъоли Истифодабарандагонро дар Cомонаи/барномаи Somon.tj, инчунин амали Истифодабарандагонро дар Сомонаи/барномаи Somon.tj маҳдуд намояд.

7.11. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад Истифодабарандаро аз дастрасӣ ба Сомонаи/барномаи Somon.tj манъ кунад, агар Истифодабаранда шартҳои хамин Созишнома бо Истифодабарандагонро вайрон намояд. Далели вайронкунӣ тасдиқгардида ҳисобида мешавад, агар Иҷрокунанда дар шахсияти маъмурияти сомонаи Somon.tj Истифодабарандаро огоҳ намояд, ки амалҳои Истифодабаранда, ки қоидаҳои сомонаи Somon.tj вайрон ё ҳуқуқҳои шахсони сеюмро поймол мекунанд, ошкор карда шудаанд. Дар чунин ҳолатҳо Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад дар вақти дилхоҳ Сабти бақайдгирии Истифодабарандаро хомӯш (қатъ) карда, инчунин ҳамаи Эълонҳои ҷойгиршудаи Истифодабарандаро хориҷ намояд, ва ба Истифодабаранда огоҳии пешакӣ дар бораи чунин қатъкуниро бо салоҳдиди худ равона намуда, барои амалҳои худ дар назди Истифодабаранда ва шахсони сеюм масъул намебошад.

7.12. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ ҳар гуна Эълонеро, ки дар Сомонаи/барномаи Somon.tj гузошта шудааст, барои вайрон кардани ин Созишнома бо Истифодабарандагон ё Қоидаҳои сомонаи Somon.tj рад кунад, хориҷ ё интиқол диҳад.

7.13. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад савол ё шикоятҳоро оиди фаъолияти Сомонаи/барномаи Somon.tj тавассути шакли барои тамос ирсол намояд, ки он аз ҷониби Иҷрокунанда дар давоми 2 (ду) рӯзи корӣ аз лаҳзаи қабул кардан ё аз лаҳзаи гирифтани маълумоти пурра оид ба моҳияти савол ё шикоят, баррасӣ карда мешавад.

7.14. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад дар ҳар вақт аз Истифодабаранда тасдиқи маълумоти ҳангоми бақайдгирӣ дар Сомонаи/барномаи Somon.tj пешниҳодшударо талаб намояд ва дар ин маврид ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро (аз ҷумла, нусхаи/нусхаи тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият) дархост намояд, ки пешниҳод накардани он, бо салоҳдиди Иҷрокунанда метавонад ба пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ баробар карда шавад. Агар маълумоти пешниҳоднамудаи Истифодабаранда тибқи ҳуҷҷатҳои ба маълумоти ҳангоми бақайдгирӣ дар Сомонаи/барномаи Somon.tj пешниҳоднамудааш мувофиқат накунанд, инчунин агар маълумоти ҳангоми бақайдгирӣ дар Сомонаи/барномаи Somon.tj пешниҳоднамудааш имконияти мушаххаскунии Истифодабарандаро надиҳад, Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад дастрасии Истифодабарандаро барои истифодаи функсионали Сомонаи/барномаи Somon.tj бо огоҳии пешакӣ ё бе он рад намояд.

 

8. Маҳдудияти масъулияти Иҷрокунанда

 

8.1. Бо истифода аз Хизматрасониҳо/хизматгузории Иҷрокунанда, Истифодабаранда розигии худро тасдиқ мекунад, ки Сомонаи/барномаи Somon.tj ва функсионали онро дар шакли мавҷудааш «чун ҳаст» бо таваккали худаш истифода мебарад, хавфҳои худро вобаста ба истифодаи Эълонҳо дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ҷойгиршуда арзёбӣ менамояд, Иҷрокунанда бошад (аз ҷумла кормандон ва агентҳо) барои ягон намуд зарар, ки дар натиҷаи истифодаи Эълонҳои дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ҷойгиршуда ба вуқӯъ меояд, ягон масъулият надорад. Иҷрокунанда (аз ҷумла кормандон ва агентҳо) барои ҳама гуна зиёни мустақим ё ғайримустақим, талафот ё хама гуна ҷаримаҳои пардохтшуда, ки дар натиҷаи истифодаи Сомонаи/барномаи Somon.tj ва функсионали он дар Истифодабаранда ба миён омаданд, масъулият надорад.

8.2. Иҷрокунанда ташкилкунанда, ташаббускор ё тарафи аҳдҳои байни Истифодабарандагон басташаванда намебошад. Сомонаи/барномаи Somon.tj як платформаи муоширати тиҷоратӣ мебошад, ки ба Истифодабарандагон имконият медиҳад, то ки Мол/хизматрасониро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, дар вақти дилхоҳ, аз макони дилхоҳ ва бо нархи дилхоҳ ба фурӯш ва харидорӣ пешниҳод намояд. Иҷрокунанда барои бастани аҳдҳо аз ҷониби Истифодабарандагон масъул намебошад. Ҳеҷ чиз дар ин Созишнома бо Истифодабарандагон наметавонад ҳамчун муқаррар намудани муносибатҳои агентӣ байни Истифодабаранда ва Иҷрокунанда, муносибатҳои шарикӣ, муносибатҳои оиди фаъолияти муштарак, муносибатҳои меҳнатӣ ё ҳама гуна муносибатҳои дигаре, ки дар ин Созишнома бо Истифодабарандагон ба таври возеҳ пешбинӣ нашудаанд, фаҳмида шавад.

8.3. Иҷрокунанда наметавонад дурустии маълумоти дар Эълон гузоштаи Истифодабарандагонро назорат кунад. Иҷрокунанда барои ягон зараре, ки дар натиҷаи бастани аҳдҳо ё рафтори номатлуби яке аз тарафҳои аҳд ба Истифодабаранда ё ба шахсони сеюм расонида шудааст, масъул намебошад. Сифат, бехатарӣ, қонунӣ будани Молҳо/хизматрасониҳои Истифодабарандагон, мувофиқати онҳо ба тавсиф, инчунин имконияти Истифодабарандагон барои фурӯш ё хариди Молҳо/хизматрасониҳо аз назорати Иҷрокунанда берун аст. Истифодабаранда наметавонад ба хулосае ояд, ки пешниҳод, фурӯш ва хариди ҳама гуна Мол/хизматрасониҳо дар асоси далели ҷойгиркунӣ, фурӯш ва хариди Маҳсулот/хизматрасониҳо дар сомонаи/замимаи Somon.tj, эътиборнок ва қонунӣ аст.

8.4. Иҷрокунанда барои иҷро накардан ё мушкилӣ дар иҷрои ӯҳдадориҳо оиди дастрасӣ ба Сомонаи/барномаи Somon.tj аз сабаби ҳолатҳои ғайричашмдошти қувваи бартарафнашаванда, ки пайдоиши онҳоро пешбинӣ, пешгирӣ кардан ё бартараф кардан ғайриимкон буд (аз ҷумла, аммо бо ин маҳдуд накарда, қарорҳои мақомоти давлатӣ, баҳсҳои меҳнатӣ, ҳодисаҳои нохуш, вайроншавии техникӣ дар системаи умумии коммуникатсия ва ғайра) масъул намебошад. Иҷрокунанда барои зарари мустақим ё ғайримустақими Истифодабарандагон, ки дар натиҷаи мушкилӣ дар кори Сомонаи/барномаи Somon.tj аз сабаби қатъи техникӣ дар кори тачҳизот ва таъминоти барномавӣ ба вуҷуд омадаанд, ҷавобгар намебошад. Иҷрокунанда барои дастрасии беиҷозати шахсони сеюм ба серверҳои Иҷрокунанда ё истифодаи беиҷозати шахсони сеюм аз серверҳои Иҷрокунанда ва ҳама гуна маълумоти дар онҳо нигоҳдошташуда дар бораи Истифодабарандагон, инчунин барои ҳама гуна хатогиҳои барномавӣ, вирусҳо, «аспҳои троянӣ» ва ғайра, ки метавонанд ба Сомонаи/барномаи Somon.tj ё тавассути Сомонаи/барномаи Somon.tj интиқол дода шаванд, масъул намебошад.

8.5. Иҷрокунанда барои амалҳои Истифодабарандагон ё Мол/хизматрасониҳои пешниҳодкардаи онҳо, ки дар Эълонҳои ҷойгиркардашуда нишон дода шудаанд, ҷавобгар намебошад. Ҳамаи баҳсҳо ва ихтилофоти байни Истифодабарандагон аз ҷониби онҳо мустақилона ҳал карда мешаванд, бе ҷалби Иҷрокунанда.

Иҷрокунанда Истифодабарандагонро огоҳ менамояд, ки ҳангоми истифодаи Сомонаи/барномаи Somon.tj. эҳтиёткор бошанд ва ақли солимро нигоҳ доранд. Истифодабаранда бояд ба назар гирад, ки контрагенти ӯ метавонад қобилияти амалкунӣ ё қобилияти ҳуқуқдори дахлдор надошта бошад, ё худро шахси дигар нишон диҳад. Истифодаи Хизматрасониҳои/хизматгузории Иҷрокунанда маънои онро дорад, ки Истифодабаранда аз ин хатарҳо огоҳ аст ва қабул мекунад, ва инчунин розӣ аст, ки Иҷрокунанда барои амал ё беамалии Истифодабарандагони Сомонаи/барномаи Somon.tj масъул намебошад.

8.6. Агар Истифодабаранда дар натиҷаи истифодаи Сомонаи/барномаи Somon.tj нисбат ба Истифодабарандагони дигар даъво дошта бошад, Истифодабаранда розӣ мешавад, ки ин талаботро мустақилона ва бе иштироки Иҷрокунанда пешниҳод намояд, инчунин Иҷрокунандаро (дар баробари ширкатҳои фаръӣ, шарикон, кормандон, агентҳои ӯ) аз ҳама талабот, ӯҳдадориҳо, ҷуброни зарар, зарар, хароҷот, аз ҷумла ҳаққи ҳимоятгар, ки дар натиҷа ё дар робита бо чунин талабот ба вуҷуд омадаанд, озод мекунад.

8.7. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад ба Иҷрокунанда дар бораи вайрон кардани ҳуқуқҳои ӯ аз ҷониби Истифодабарандаи дигар хабар диҳад. Дар сурати асоснок будани шикоятҳои Истифодабаранда, Иҷрокунанда Эълонеро, ки ҳуқуқи Истифодабарандаро вайрон мекунад, бо салоҳдиди худ хориҷ менамояд. Беамалии Иҷрокунанда дар сурати вайрон кардани Қоидаҳои сомонаи Somon.tj аз ҷониби Истифодабарандагон, Иҷрокунандаро аз ҳуқуқи минбаъд андешидани чораҳои дахлдор барои ҳимояи манфиатҳои худ маҳрум намекунад, ва инчунин маънои рад кардани Иҷрокунанда аз ҳуқуқҳои худ дар сурати минбаъд содир шудани чунин қоидавайронкуниҳо, надорад.

8.8. Иҷрокунанда барои рекламаи дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ҷойгиршуда дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

 

9. Мӯҳлати амали Созишнома бо Истифодабарандагон

 

9.1. Ин Созишнома бо Истифодабарандагон аз лаҳзаи оғози истифодаи ягон Хизматрасониҳо/хизматгузории Иҷрокунанда, яъне истифодаи сомонаи Somon.tj ё насб кардани барномаи мобилии Somon.tj эътибор пайдо мекунад ва бемуҳлат амал мекунад.

9.2. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад бақайдгирии худро дар Сомонаи/барномаи Somon.tj бо тартиби яктарафа, бе огоҳии пешакии Иҷрокунанда дар ин бора ва шарҳи сабабҳо, қатъ кунад.

9.3. Агар Иҷрокунанда ба ҳамин Созишнома бо Истифодабарандагон бо тартиби пешбининамудаи боби 10-и ин Созишнома бо Истифодабарандагон ягон тағйирот ворид карда бошад, Истифодабаранда дар сурати розӣ набудан бо ягон бандҳои ин Созишнома бо Истифодабарандагон, ӯҳдадор аст истифодаи Хизматрасониҳои/хизматгузории Иҷрокунандаро қатъ намояд. Ҳолати қатъ накардани истифодаи Сомонаи Somon.tj ва барномаҳои мобилии Somon.tj ин тасдиқи розигии Истифодабаранда бо таҳрири дахлдори Созишнома бо Истифодабарандагон мебошад.

 

10. Ворид намудани тағйирот ба Созишнома бо Истифодабарандагон

 

10.1. Иҷрокунанда метавонад бо салоҳдиди худ ҳар вақт бе огоҳии алоҳидаи Истифодабарандагон ба ин Созишнома бо Истифодабарандагон тағйирот ворид намояд. Таҳрири нави Созишнома бо Истифодабарандагон аз лаҳзаи ҷойгиркунии он дар Сомонаи/барномаи Somon.tj дар суроғаи дар поён овардашуда, эътибор пайдо мекунад, агар дар таҳрири нави Созишнома бо Истифодабарандагн тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Таҳрири амалкунандаи Созишнома бо Истифодабарандагон ҳамеша дар саҳифаи зерин дар суроғаи http://somon.tj/about/rules/ ҷойгир аст.

 

11. Шартҳои дигар

 

11.1. Паёмҳои системавӣ. Паёмҳои системавии Сомонаи/барномаи Somon.tj марбут ба Эълонҳои Истифодабаранда дар чат дар Сомонаи/барномаи Somon.tj намоиш дода мешаванд, инчунин ба суроғаи почтаи электронии Истифодабаранда, ки ӯ ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод намудааст, расонида мешаванд. Дар сурати хоҳиш надоштани Истифодабаранда барои гирифтани чунин паёмҳо, Истифодабаранда ҳуқуқ дорад дар танзимоти Утоқи шахсӣ дар бахши «Профил» - «Танзимоти ман» - «Танзимоти огоҳинома» опсияи «Рад кардан аз қабул паёмҳо»-ро интихоб намояд.

11.2. Паёмҳои иттилоотӣ. Паёмҳои иттилоотии Иҷрокунанда, ки барои шумораи номуайяни Истифодабарандагон пешбинӣ шудаанд, дар чат дар Сомонаи/барномаи Somon.tj нашр мешаванд ё ба суроғаҳои почтаи электронии Истифодабарандагоне фиристода мешаванд, ки розигии худро барои гирифтани чунин паёмҳо ҳангоми бақайдгирӣ дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ё ҳангоми нашри Эълонҳо тасдиқ кардаанд. Истифодабарандагон ҳуқуқ доранд, ки ҳар вақт аз гирифтани паёмҳои иттилоотӣ ба суроғаи почтаи электронии худ тавассути функсияи «Рад кардан аз қабули паёмҳо», ки дар Утоқи шахсии Истифодабаранда дар Сомонаи/барномаи Somon.tj ҷойгир аст, даст кашанд.

11.3. Ҳуқуқи татбиқшаванда. Ин Созишнома бо Истифодабарандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва тафсир карда мешавад. Масъалаҳое, ки дар ин Созишнома бо Истифодабарандагон танзим нашудаанд, бояд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шаванд. Дар қисми Созишнома бо Истифодабарандагон оиди қоидаҳои ҷойгиркунии Эълонҳои Истифодабарандагон зери истилоҳи «қонунгузории татбиқшаванда» ҳам қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам қонунгузории ҷойи будубоши Истифодабарандагон фаҳмида мешавад.

11.4. Ҳалли баҳсҳо. Дар сурати ба миён омадани баҳсҳо ё ихтилофот байни Иҷрокунанда ва Истифодабаранда оид ба масъалаҳои иҷрои Созишнома бо Истифодабарандагон ё вобаста ба он, Тарафҳо ӯҳдадор мешаванд, ки онҳоро бо роҳи гуфтушунид ҳал намоянд. Агар ҳама гуна баҳсҳо, ихтилофҳо ё талабҳои Тарафҳо, ки аз Созишнома бо Истифодабарандагон ё вобаста ба он бармеоянд, аз ҷумла оиди иҷроиш, вайронкунӣ, қатъкунӣ ё беэътибор донистани он бо роҳи гуфтушунид байни Тарафҳо ҳал карда нашаванд, ин баҳсҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи судӣ баррасӣ карда мешаванд.

11.5. Беэътибории муқаррароти алоҳида. Эътирофи ягон муқаррароти Созишнома аз ҷониби суд ҳамчун беэътибор ё маҷбуран иҷронашаванда боиси беэътибор ё иҷронашаванда будани муқаррароти дигари ин Созишнома намегардад.

Error 400
Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
logo
This account is verified by E-mongolia
Verify your account by E-Mongolia
  • verified
    This account has a verified association with E-mongolia
  • calendar
  • verified
    Your ad will be marked as verified
  • thumb
    Advertising will receive more attention and trust