1 этажн. 4-комн. дом, 10 соток, Рӯдакӣ / Душанбе / Исмоили Сомонӣ
4 хона. Замин якҷоя бо хона 10 сотих.
Макон ва табиату обу ҳавояш бениҳоят хушу зебо ва ҳатто беҳтар аз табиати Варзоб аст. Пушти хона адир ва ҷангал. Ором, ҳавои тоза, баландӣ. Ҳам дарахтон ва гулу гиёҳҳои худрӯй: дӯлонаю олучаи кӯҳӣ ва ҳам дарахтони шинонидашудаи мевадиҳанда дорад. Баҳор, бӯйи гулҳо (беҳтар аз атр) ба машом мерасад. Субҳу шом булбулон нағмасароӣ мекунанд. Барои зиндагӣ, дамгирӣ, табобату осоиш ҳамчун хонаи доимии зист ё дача ҷойи хеле роҳату ҳаловат аст. Барои боғдорӣ, чорводорӣ, занбӯри асал, кишту кори полезӣ бисёр мувофиқ аст. Роҳи мошингардаш то назди ҳавлӣ хуб аст. Мағозаю мактаб наздик. Ҳавлӣ ёфтан мумкин аст, аммо бо чунин макону мавзеъ, табиату зебоӣ ва обу ҳаво ёфтан осон нест.
Суроға:
Деҳаи Чавалай, ҷамоати Қиблаӣ.
Деҳаи Чавалай, гарчанде расман ба ноҳияи Рӯдакӣ дохил шавад ҳам, аммо саршавии он ба кӯчаи марказии Душанбе — хиёбони Рӯдакӣ пайваст аст. Аз маҳаллаи Водонасоси пойтахт ҳамагӣ 4 км (давоми кӯчаи С.Амиршоев).
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust