Менеҷер оид ба Комплаенс

Душанбе
Санаи ҷойгиршавӣ: Дирӯз 10:49 ID эълон: 14585187
  • Таҷриба: аз 3 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: к. Ҷаббор Расулов 9
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Кори бонкӣ
Ҷойгиршавӣ: Душанбе

Вазифахои ассоси

Менеҷер оид ба Комплаенс аз болои мутобиқ будани фаъолияти ҶДММ ТАҚХ ФИНКА (ФТАҚХ) ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин сиёсатҳои FINCA IMPact ва қоидаҳо/расмиётҳои дохилии ҶДММ ТАҚХ ФИНКА назорат мебарад.

Менеҷер оид ба Комплаенс бевосита дар ин раванд иштирок намуда, ба идоракунии комплаенс – хавфҳои ФТАҚХ мусоидат мекунад. Инчунин иҷрои вазифаҳои марбут ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), инчунин ошкор ва пешгирӣ намудани коррупсия; назорат аз болои риояи талаботи одоби касбӣ дар ФТАҚХ;  кам кардани хавфи хароҷот (зарар) дар натиҷаи вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ӮҲДАДОРИҲОИ АСОСӢ

Фаъолияти назоратӣ

Гузаронидани санҷишҳо вобаста ба мутобиқати фаъолияти ФТАҚХ  ба талаботҳои:

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд БМТ);

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муассисаҳои дигари давлатӣ, ки ба салоҳияти бевоситаи онҳо танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ (ҶДММ) ва Ташкилотҳои қарзии хурд дахл дорад;

Қонунҳои ҶТ, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» (МҚД/МТ/МПСҚО);

Талаботи FINCA IMPact, ки дар сиёсати асосии Ташкилот инъикос ёфтааст – Subsidiary Policy Manual.

Гузаронидани санҷишҳои ҳар моҳаи ҳисоботҳо, ки ба БМТ пешниҳод мешаванд:

Гузаронидани  санҷиши  фаъолияти  департаментҳо ва зерсохторҳои ФТАҚХ:

Гузаронидани омӯзониш  кормандони ташкилот оид ба МҚД/МТ/МПСҚО ва  ёд додани таҷриба ва дониши андӯхтаи худ ба сифати устод, мураббӣ;

Сафар ба минтақаҳои ҶТ.  

Дигар

Иҷрои дақиқ ва саривақтии дигар вазифаҳо / супоришҳои роҳбарият дар рафти ичрои вазифиахои ассосии оид ба комплаенс;

ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ:

Таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисодиёт, Хукукшиноси е молия афзалиятнок дониста мешавад;

Таҷрибаи на камтар аз 2-сола дар соҳаи бонкдорӣ (бахши маблағгузории хурд, аудит, назорат);

Дониши хуби талаботи танзимии берунӣ (Қонунҳои ҶТ, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзиро ба танзим меоранд – аз ҷумла ТАҚХ ва шахсони ҳуқуқӣ – аз ҷумла ҶДММ; Дастурамалҳои Бонки Милии Точикистон; Кодекси андози ҶТ; Кодекси Меҳнати ҶТ; дигар санадҳои меъёрӣ, ки фаъолияти ҶДММ ва ТАҚХ-ро ба танзим меоранд);

Қобилияти хуби ташкилотчигӣ ва ҳамоҳангсозӣ;

Малакаҳои хуб дар соҳаи молия, муҳосибот, саводнокии компютерӣ ва малакаи кор бо Microsoft Office ва қобилияти таҳлилӣ;

Қобилияти холисона баҳо додани вазъият ва ифодаи дақиқи воқеият/фикру андеша дар ҳисоботҳо;

Малакаҳои хуби таҳияи ҳисоботҳо, рӯнамоҳо (презентатсияҳо);

Маҳорати зудомӯзӣ ва омӯзонидани дигар кормандон;

Дониши ҳатмии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ афзалиятнок дониста мешавад;

Надоштани доғи судӣ.

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо  номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 20 январи соли 2026 ба суроғаи ш. Душанбе, кӯч. Ҷ. Рассулов 9, идораи  ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи  электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб  мавқеи  дархостшударо нишон диҳед), телефон  барои маълумот (44) 6002323

Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!

Эълонҳои монанд

  • Мутахассис оид ба рушди бизнеси дар н.Ҷайҳун
    Уҳдадориҳои асосӣ:Иҷрои ҷустуҷӯ ва ҷалби қарзгирандагон/маблаггузорони эҳтимолӣ;Таҳлили фаъолияти соҳибкорӣ ва хонаводагии қарзгирандагони эҳтимолӣ;Баррасии гарав дар сурати зарурият тавассути ин қарз ва омодагӣ барои ҳамаи ҳуҷҷатҳо, ки бо ин алоқаманд мебошанд;Назорати раванди додани қарзҳо ба таври саривақтӣ;Муайян кардани машварат ба мизоҷони нав ва такрорӣ дар бораи шартҳо/фоидаҳои маҳсулотҳои пешниҳодшуда.Талабот нисбати номзадон:Маълумоти олии пурра;Малакаҳои хуби таҳлил ва математика;Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд;Таҷрибаи кор бо компютер (барномаҳои Word, Excel Internet);Қобилияти кор кардан дар даста ва мустақилият;Донистани хусусиятҳои хоси деҳот;Донистани забонҳои тоҷикӣ, узбеки ва русӣ;Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт.Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 20 январи соли 2026 ба суроғаи н.Ҷайҳун, шаҳраки Дусти, кӯч. 1 Май, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 577 22 50 Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
    ФИНКА Таджикистан, 06.01.2026 17:09, Ҷайҳун (Қумсангир)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Хазинадори сайёри минтақaи марказӣ
    Ӯҳдадориҳои асосӣ:• Ба мизоҷони ТАҚХ «ФИНКА» бо эҳтиром ва самимона хизматрасониҳои босифатро фароҳам меорад;• Ҳангоми дубора шумурдани воситаҳои пулӣ бодиққатӣ ва покизакориро зоҳир намуда, дар вақти гирифтан ва ё таҳвили маблағҳои пулӣ ба хатогӣ роҳ намедиҳад;• Шарту шароитҳои қарздиҳӣ ва сиёсату тартиботҳои ширкатро ба мизоҷони наву такрорӣ фаҳмонида медиҳад;• Ҳангоми таҳвили воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсро тафтиш менамояд;• Пеш аз қабул кардан ё таҳвили пул дуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои хазинавиро тафтиш мекунад ва мавҷуд будани ҳама имзоҳои заруриро санҷида мебарояд;• Дар ҳолати ба зиммаи хазинадор вогузошта шудани ӯҳдадориҳои «ифтитоҳдиҳанда» («инаугуратор») – ӯ ба мизоҷон муқаррароти шартномаи қарзиро баён менамояд ва ба онҳо ҷадвали пардохти қарз, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида медиҳад.• Воситаҳои пулии қабулшуда ва таҳвилшударо дар китобҳои хазинавии марбута сабт менамояд; • Мутобиқи зарурати истеҳсолӣ, номзад бояд омодаи сафарҳои хизматӣ барои ивази хазинадорони муваққатан ғоиб (Турсунзода, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Хисор, Душанбе) бошад.Ихтисоси матлуб:• Таҳсилоти олӣ / миёнаи махсус аз рӯи тахассуси муҳосиб / иқтисодчӣ/ мутахассиси молиявӣ;• Мавҷудияти Шаҳодатнома (сертификат) барои иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;• Саводнокии устувори компютерӣ;• Покизакорӣ ва масъулиятнокӣ;• Омода будан ба сафарҳои мунтазам ба минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (75% вақти корӣ);• Ҳусни муошират.________________________________________Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. ________________________________________ Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 24 ноябри соли 2025 ба суроғаи н. Ёвон, к. М. Турсунзода 57, идораи ФТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 514 80 54ҶДММ ТАҚХ ФИНКА тарафдори фароҳам овардани имкониятҳои баробари касбӣ барои мардон ва занон аст, аз ин рӯ мо ҳамаи занони соҳибихтисосро даъват менамоем, ки дар ин озмун фаъолона ширкат варзанд.Барои таваҷҷуҳатон ба ташкилоти мо ташаккур изҳор менамоем!
    ФИНКА Таджикистан, 10.12.2025 14:47, Ёвон
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мухофиз дар филиали н.Панҷ
    Уҳдадориҳои асосӣ:• Таъмини нигоҳдории молу мулк ва амнияти кормандони идораҳои ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА»;• Таъмини бехатарии зидди сўҳтор дар идора;• Риоя намудани тартиби қабули утоқҳои алоҳида таҳти муҳофизат, зуд эътино зоҳир намудан ҳангоми ба кор даромадани бонги хатар;• Дар якҷоягӣ бо шахси ваколатдори Ташкилот анҷом додани инкассатсияи воситаҳои пулӣ; Талабот нисбати номзадон:• Таҷрибаи корӣ дар мансаби мувофиқ;• масъулиятнокӣ, поквиҷдонӣ, дақиқкорӣ; • ҳолати хуби саломатӣ;• донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;• қобилияти кор кардан бо одамон, ҳусни муошират.________________________________________Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. ________________________________________ Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 20 январи соли 2026 ба суроғаи н. Панҷ, кӯч А. Рӯдакӣ 39, идораи ФТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 572 14 12
    ФИНКА Таджикистан, Дирӯз 19:18, Панҷ
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Хазинадор дар филиали н. Рӯдаки
    Ӯҳдадориҳои асосӣ:• Ба мизоҷони ТАҚХ «ФИНКА» бо эҳтиром ва самимона хизматрасониҳои босифатро фароҳам меорад;• Ҳангоми дубора шумурдани воситаҳои пулӣ бодиққатӣ ва покизакориро зоҳир намуда, дар вақти гирифтан ва ё таҳвили маблағҳои пулӣ ба хатогӣ роҳ намедиҳад;• Шарту шароитҳои қарздиҳӣ ва сиёсату тартиботҳои ширкатро ба мизоҷони наву такрорӣ фаҳмонида медиҳад;• Ҳангоми таҳвили воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсро тафтиш менамояд;• Пеш аз қабул кардан ё таҳвили пул дуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои хазинавиро тафтиш мекунад ва мавҷуд будани ҳама имзоҳои заруриро санҷида мебарояд;• Дар ҳолати ба зиммаи хазинадор вогузошта шудани ӯҳдадориҳои «ифтитоҳдиҳанда» («инаугуратор») – ӯ ба мизоҷон муқаррароти шартномаи қарзиро баён менамояд ва ба онҳо ҷадвали пардохти қарз, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида медиҳад.• Воситаҳои пулии қабулшуда ва таҳвилшударо дар китобҳои хазинавии марбута сабт менамояд; Ихтисоси матлуб:• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯи тахассуси муҳосиб, иқтисодчӣ, мутахассиси молиявӣ;• Мавҷудияти Шаҳодатнома (сертификат) барои иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ;• Донистани кор бо компютер (барномаҳои Word, Excel);• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ аст;• Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;• Покизакорӣ ва масъулиятнокӣ;________________________________________Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. ________________________________________Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 22 декабри соли 2025 ба суроғаи н. Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, кӯч. И. Сомонӣ 30/3, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 500 14 17Барои таваҷҷуҳатон ба ташкилоти мо ташаккур изҳор менамоем!
    ФИНКА Таджикистан, 09.12.2025 09:10, Рӯдакӣ
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    ФИНКА Таджикистан ФИНКА Таджикистан

    Дар сайт аз май, 2016

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust