Хазинадор дар н. Шаҳритус
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда дар зиёда аз 27 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Муассиси ТАҚХ ЛОЛС Молия “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 12 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст.
Вазифаҳои асосӣ:
• Хизматрасонии хазинавӣ ба мизоҷон, амалиётҳои хазинавӣ, амонатҳо, гирифтани пули нақд, мубодилаи асъор;
• Бурдани ҳисоботи дақиқи хазина ва риояи интизоми хазинавӣ;
• Ҳамдигарфаҳмии комил бо мизоҷон ва нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ба онҳо;
• Бурдани китоби хазинавӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ;
• Қабул ва фиристодани пулҳои қоғазӣ ва додани онҳо ба инкассатор;
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти олӣ, бакалавр, олии нопурра;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
• Донистани барномаҳои компютерӣ (MS Office);
• Таҷрибаи кори дар самти хазинадор дар бонк афзалият дорад;
Шароити хуби корӣ:
• Музди меҳнати рақобатпазир ва мукофотпулиҳо;
• Фаъолияти меҳнатии расмӣ, ҷадвали кории муносиби 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ;
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
• Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои ҳадди аққал ҷавобгӯянд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд



Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust