Мутахассиси калон оид ба хисоботхои бозгардонии карзхо / Хукукшинос
Тахассус ва малакаҳои зарурӣ:
• Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
• Дониш/Таҷрибаи зарурӣ ба ғайр аз ихтисос;
• Таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар соҳаи ҳуқуқ;
• Қобилияти истифода бурдани малакаҳои тафтишот ва таҳлили барои беҳтарнамоии бозгардонии қарзҳо;
• Донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ба донандаи забони англисӣ бартарият дода мешавад;
• Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва қонунгузории бонкии ҶТ;
• Тарзи дурусти ҳамкорӣ бо макомоти давлатӣ, макомоти маҳаллӣ, шаҳсони ҳукукӣ ва вокеӣ;
• Малакаҳои қавии риезӣ ва таҳлилӣ;
• Малакаҳои қавии бозоршиносӣ ва алоқа;
• Малакаҳои олии компютерӣ, ки одатан аз ҷониби бонк талаб карда мешавад;
• Қобилияти идоракунии кормандон дар муҳити душвор
Салоҳияти кор ва масъулият:
• Аз воҳидҳои сохтории дахлдори Бонк маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои иҷрои вазифаҳои мансабии худ оид ба ҳисоботдиҳӣ ва дастгирии ҳуқуқии заруриро дархост ва дастрас намояд.
• Ба роҳбарият таклифҳо оид ба беҳтар намудани равандҳои баргардонидани қарзҳо ва такмили ҳисоботдиҳии дахлдор пешниҳод кунад
• Дар машваратҳое, ки дар онҳо масъалаҳои қарзҳои проблемавӣ ва сифати сандуқ мавриди муҳокима қарор мегиранд, иштирок намояд.
• Ба маҳзани ҳуқуқии иттилоотӣ ва барномаи махсуси бонкӣ дастрасӣ пайдо кунад.
Довталабони хавасманд резюмеи худро метонанд ба hr@icb.tj ирсол намоянд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust