Муттахассиси қарзи дар ш.Душанбе

Душанбе
Санаи ҷойгиршавӣ: 06.02.2026 11:30 ID эълон: 15386765
  • Таҷриба: аз 3 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ООО МДО «Эмин Сармоя», ул. Б.Гафуров 21
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Финансы
Ҷойгиршавӣ: Душанбе

Мутахассиси қарзӣ

Талабот:

• Таҷрибаи кор дар соҳаи қарздиҳӣ на кам аз 3 сол;

• Маълумоти олӣ (иқтисодӣ, молиявӣ ё марбут ба соҳа);

• Дониши хуб дар бораи маҳсулотҳои қарзӣ ва тартиби таҳлили қарзҳо;

• Малакаи муоширати хуб ва кор бо муштариён;

• Қобилияти кор бо ҳуҷҷатҳо ва таҳлили хавфҳои молиявӣ;

• Донистани барномаҳои кории офисӣ (MS Office).

Вазифаҳо:

• Кор бо муштариён дар масъалаҳои қарзӣ;

• Таҳлили даромад, хароҷот ва қобилияти пардохтпазирии муштариён;

• Омода кардани ҳуҷҷатҳо барои пешниҳоди қарз;

• Пешниҳоди қарзҳо;

• Мониторинги қарзҳои додашуда;

• Таъмини иҷрои нақшаҳои қарздиҳӣ;

• Баргардонидани қарзҳо.

Мо пешниҳод мекунем:

• Музди меҳнати рақобатпазир;

• Шароити хуби корӣ ва рушди касбӣ;

• Имконияти кор дар дастаи касбӣ ва динамикӣ;

• Омӯзишҳо барои баланд бардоштани ихтисос.

Резюмеро дар почта фиристед: @emin.sarmoya@gmail.com

Эълонҳои монанд

  • Мутахассиси қарзӣ дар шаҳри Бохтар
    Талабот ба номзад:- Маълумоти олӣ (иқтисодӣ, молиявӣ);- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ на кам аз 1 сол;- Дониши хуби муҳосибот, таҳлили қарзӣ ва кор бо ҳуҷҷатҳои қарзӣ;- Сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва муоширати хуб бо муштариён;- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.Вазифаҳои асосӣ:- Қабули дархост ва ҳуҷҷатҳои муштариён барои қарз;- Таҳлили имконияти пардохтпазирии муштариён;- Омода намудани ҳуҷҷатҳои қарзӣ;- Назорат ва ҳамроҳии пардохтҳои қарзӣ;- Мусоидат ба рушди муносибатҳои дарозмуддат бо мизоҷон.Мо пешниҳод мекунем:- Муҳити кории устувор ва мусоид барои рушд;- Маоши мувофиқ ва асосёфта;- Имконияти омӯзиш ва такмили ихтисос. Муҳлати қабули анкетҳо то 09 марти соли 2026Барои ирсоли резюме (CV):📧 Email: hr@sarvat.tj📞 Телефон: +992 44 655 88 88
    OOO МДО Сарват, 23.02.2026 14:17, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассиси қарзӣ дар Саридора
    ҶДММ ТАҚХ «САРВАТ» ҷалби мутахассиси қарзиро эълон менамояд.📌 Мутахассиси қарзӣ Талабот ба номзад:🔹 Маълумоти олӣ (иқтисодӣ, молиявӣ);🔹 Таҷрибаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ на кам аз 1 сол;🔹 Дониши хуби муҳосибот, таҳлили қарзӣ ва кор бо ҳуҷҷатҳои қарзӣ;🔹 Сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва муоширати хуб бо муштариён;🔹 Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.Вазифаҳои асосӣ:✅ Қабули дархост ва ҳуҷҷатҳои муштариён барои қарз;✅ Таҳлили имконияти пардохтпазирии муштариён;✅ Омода намудани ҳуҷҷатҳои қарзӣ;✅ Назорат ва ҳамроҳии пардохтҳои қарзӣ;✅ Мусоидат ба рушди муносибатҳои дарозмуддат бо мизоҷон.Мо пешниҳод мекунем:✨ Муҳити кории устувор ва мусоид барои рушд;✨ Маоши мувофиқ ва асосёфта;✨ Имконияти омӯзиш ва такмили ихтисос.📅 Муҳлати қабули анкетҳо то 01 апрели соли 2026Барои ирсоли резюме (CV):📧 Email: hr@sarvat.tj📞 Телефон: +992 44 655 88 88📍 Суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Ф.Ниёзӣ 19
    OOO МДО Сарват, 18.03.2026 10:07, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Сардори шуъбаи қарздиҳӣ
    ҶДММ ТАҚҲ “Пайванд Гуруҳ” барои ишғоли вазифаи сардори Шуъбаи қарздиҳӣ довталабонро ба кор даъват менамояд.Масъулиятҳо:Тавсифи самтҳои асосӣ: * Ташкили самараноки сохтор ва равандҳои Кории Шӯъба, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои Гузоштаи Роҳбарияти Бонк нигаронида шудаанд; * мониторинги доимии бозори бонкӣ ва таҳлили маҳсулоти бонкҳои рақиб бо мақсади таҳия ва пешниҳоди маҳсулоти нави рақобатпазири қарзӣ барои КХМ ва қарздиҳии истеъмолӣ; * иштирок дар интихоб ва тайер кардани мутахассисон, инчунин ташкили омӯзиши доимии кормандони шӯъбаи қарздиҳии КХМ ВА қарздиҳии истеъмолӣ тибқи сиесати Кадрҳои Бонк; * таҳияи нишондиҳандаҳои самаранокӣ (KPI) ва системаи ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддии кормандони қарзӣ ва мутахассисони Самти Фаъолияти Шӯъба; • дар якҷоягӣ Бо департаменти маркетинг ва рушди тиҷорат, иштирок дар пешбурди маҳсулоти нави қарзӣ тавассути маъракаҳои таблиғотӣ дар бозорҳо, марказҳои савдо ва васоити ахбори омма.Талаботҳо:* Таҳсилоти олии иқтисодӣ; * Таҷрибаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ на камтар аз 3 сол; * Донистани заминаи меъерии бонки Миллии Тоҷикистон дар соҳаи қарздиҳӣ; * Малакаҳои таҳлили молиявии фаъолияти қарзгирандагони эҳтимолии бонк; * Таҷрибаи ташкил ва гузаронидани омӯзиш барои кормандони самти қарзӣ; • Донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ аст); * Моликияти боэътимоди барномаҳои Ms Office (Word, Excel, PowerPoint, Outlook); * Омодагӣ ба сафарҳои хизматӣ ба воҳидҳои сохтории Бонк (филиалҳо, дафтари асосӣ ва ғайра); * Истифодабарандаи боэътимоди нармафзори бонкӣ.Шартҳо:• Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа• Музди меҳнати хуби шартномавӣ• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии ТоҷикистонХоҳишмандон метавонан Резюмеи худро ба почтаи электронии ташкилот hr@payvand.tj то санаи 31.03.с2026 ирсол намоянд.Довталабоне ба озмун даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои тахассусии дар боло муқарраршуд ҷавобгу ҳастанд.
    Шуъбаи кормандон, 17.03.2026 14:06, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Менеҷери қарзӣ дар ш. Бохтар
    Ташкилоти Амонати Қарзии Хурди «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 то инҷониб қарзҳои хурду миёна дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ медиҳад.Миссияи «ФУРУЗ» додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойҳои корӣ мебошад. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.Барои таъмини рушди минбаъда, FURUZ, Менеҷери қарзи-ро барои кор дар Саридораи шаҳри Бохтар ҷустуҷӯ менамояд.Вазифа:• Ҷалби мизоҷон ва пешниҳоди машварат оид ба маҳсулоти қарзӣ;• Омӯхтани эҳтиёҷҳои мизоҷон ва пешниҳод намудани ҳалли мувофиқ;• Қабули ҳуҷҷатҳо ва таҳлили дархостҳои қарзӣ барои тасдиқ;• Назорати пардохти қарзҳо ва таъмини баргардонидани саривақтии маблағҳо;• Ҳамкорӣ бо қарздорон ва идоракунии ҳуҷҷатгузории қарзӣ;• Иҷрои ҳадафҳои ташкилот оид ба қарзҳо, пасандозҳо, даромаднокӣ ва идоракунии хавфҳо;• Ҳисоботдиҳӣ ба роҳбарият оид ба вазъи қарзҳо ва натиҷаҳои фаъолият. Талабот:• Маълумоти олӣ• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ ё молиявӣ (афзалият)• Қобилияти кор бо мизоҷон• Донистани барномаҳои компютерӣ• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (англисӣ афзалият дорад).Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридораи ТАҚХ «ФУРУЗ» дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988 35 08 48; 988 47 03 54.Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, 17.03.2026 08:13, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    ООО МДО Эмин Сармоя ООО МДО Эмин Сармоя

    Дар сайт аз июл, 2023

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust