Мудири МХМХ дар н. Фархор
Дар ТАҚХ «Фуруз» вакансияи Роҳбари Маркази хизматрасонии маблағгузории хурд (МХМХ) дар н. Фархор кушода шудааст!
Мо ҷустуҷӯи роҳбари таҷрибадор ҳастем, ки омода аст дастаи худро рушд диҳад, равандҳоро идора намояд ва ҳамроҳ бо мо ба ҳадафҳои баланд ноил гардад.
Вазифаҳои асосӣ:
• Иҷрои пурраи фаъолияти Маркази хизматрасонии маблағгузории хурд (МХМХ);
• Амалӣ намудани ҳадафҳои Ташкилот дар самти сандуқи қарзӣ, пасандозӣ, даромаднокӣ, идоракунии хавфҳо ва дигар хизматрасониҳои Ташкилот дар МХМХ;
• Иштирок дар кори Кумитаи қарзӣ, таҳлили фаъолияти мизоҷон;
• Идоракунӣ ва рушди кормандон (назорати самаранокӣ ва фаъолияти кормандон);
• Намояндагии Ташкилот дар мақомоти давлатӣ ва назди шарикони Ташкилот.
Талабот:
• Маълумоти олии мувофиқ;
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкдорӣ, махсусан дар соҳаи қарздиҳӣ, на камтар аз 3 сол;
• Таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарӣ, малака ва таҷрибаи идоракунии кормандон;
• Таҷрибаи иштирок дар кумитаҳои қарзӣ ва таҳлили тиҷорат;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (англисӣ афзалият дорад).
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (Резюме ё CV) ба почтаи электронии HR@furuz.tj ирсол намоянд (дар мавзӯи мактуб номи вазифаро нишон диҳед).
Телефон барои маълумот: 988 35 08 48, 988-22-02-91.
Довталабоне, ки аз марҳилаи аввал мегузаранд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust