Инкассатор г. Душанбе
Бонки Арванд барои ишғоли вазифаи инкассатор номзадҳои масъулиятнок, бодиққат ва ҷисман омодаро ба кор даъват менамояд.
Ӯҳдадориҳои асосӣ:
Қабул, ҳамлу нақл ва супоридани воситаҳои пулӣ ва дигар арзишҳо мувофиқи талаботи муқарраршуда;
Таъмини бехатарии маблағҳо ва арзишҳо ҳангоми интиқол;
Риояи қатъии қоидаҳои амният ва дастурамалҳои дохилии бонк;
Санҷиши дурустии ҳуҷҷатҳо ва яклухтии халтаҳои инкассатсионӣ;
Таъмини махфияти маълумоти хизматӣ;
Сари вақт хабар додани роҳбарият дар ҳолатҳои фавқулода.
Талабот ба номзад:
Маълумоти миёна ё махсус;
Омодагии хуби ҷисмонӣ;
Хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бартарӣ дорад;
Малакаи истифодаи яроқ (бартарӣ дода мешавад);
Донистани қоидаҳои амният ҳангоми ҳамлу нақли маблағҳо;
Масъулиятнокӣ, ростқавлӣ ва интизоми баланд;
Қобилияти кор дар даста.
Мо пешниҳод менамоем:
Кори доимӣ дар бонки боэътимод;
Музди меҳнати рақобатпазир;
Бастаи иҷтимоӣ тибқи қонунгузорӣ;
Муҳити касбии рушдёбанда.
Барои маълумоти бештар ва сабти ном ба рақамҳои зерин занг занед:
+992 92 795 00 01
hr@arvand.tj
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust