Конструктор мебели
Ба мо конструкторони ботаҷриба ва навомӯзон лозиманд(зан, мард) !
Дар бораи мо:
Мо як корхонаи босуръат рушдёбандаи истеҳсоли мебел ҳастем. Ба дастаи мо мутахассисони эҷодкор ва дақиқкор лозиманд, ки мехоҳанд дар сохтани мебелҳои зебо ва бо сифат саҳм гузоранд.
1. Барои конструкторони ботаҷриба!
Вазифаҳо:
Таҳияи нақшаҳои техникӣ ва моделҳои 3d-и мебел;
ҳисоб кардани мавод (раскрой) ва фурнитура;
Омода кардани ҳуҷҷатҳо барои сехи истеҳсолӣ;
Назорати мувофиқати маҳсулот ба нақша.
Талабот:
Таҷрибаи корӣ дар соҳаи мебель (на камтар аз 1-2 сол);
Донистани барномаҳои махсус: базис-мебельщик;
Фаҳмиши маводҳо (лдсп, мдф) ва механизмҳои муосир.
2. Барои онҳое, ки мехоҳанд ёд гиранд!
Мо чиро пешниҳод мекунем:
Омӯзиши асосҳои конструкцияи мебель ва кор бо барномаҳои техникӣ;
Омӯзиш дар зери роҳбарии устодони ботаҷриба;
Имконияти рушди касбӣ ва табдил шудан ба мутахассиси дараҷаи олӣ;
Омузиш як мох давом медихад, баъдан аз шумо вобаста мебошад агар ёд гирифтед кори доими таъмин карда мешавад.
Талабот:
Донишчу набошад;
Аз хизмати харби озод бошад;
Желательно устои мебель бошад(тезтар ёд мегирад);
Хоҳиши қавии омӯхтан ва кор кардан дар соҳаи мебел;
Дониши ибтидоии компьютер;
Диққат ба ҷузъиёт ва масъулиятшиносӣ.
Шароити кор барои конструкторони бо тачриба:
Музди меҳнати рақобатпазир (вобаста ба таҷриба ва малака);
Графики кории пурра;
Муҳити кории дӯстона.
Тамос:
Агар шумо хоҳед, ки қисми дастаи мо бошед, лутфан бо рақами зерин тамос гиред ё резюмеи худро ба вотсап фиристед:
📞 [005439393]
📍 суроға: [ш.душанбе]
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust