Услуги адвоката, Хизматрасонии адвокати
Номгӯи зерини ёрии ҳуқуқиро ба Шумо пешниҳод менамояд:
→Иштирок дар таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ;
→Иштирок дар пешбурди парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ;
→Расонидани ëрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои оилавӣ, аз ҷумла: -
1) Бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти САҲШ (ЗАГС) ва мақомоти судӣ;
2) Муқаррар намудани падарӣ;
3) Рӯёнидани алимент барои фарзандони ноболиғ;
4) Кам ва зиёд кардани андозаи алимент;
5) Аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан дар манзили истиқоматӣ;
6) Тақсим намудани молу мулки муштараки зану шавҳар;
7) Тартиби муқаррар намудани муошират бо кӯдак;
8) Муқаррар намудани ҷои зисти кӯдак;
9) Талаб карда гирифтани кӯдак аз шахсони дигар (шахсони бегона);
10) Тақсим намудани молу мулки меросӣ байни меросхурон;
→Маслиҳати ҳуқуқӣ;
→Дигар намудҳои ёрии ҳуқуқӣ;
● Бо камоли эҳтиром ва дарки баланди масъулият ба самъи ятимон, маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат расонида мешавад, ки метавонанд аз намудҳои ёрии ҳуқуқии мазкур ба таври ройгон истифода намоянд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust