Механик

Кӯлоб
Санаи ҷойгиршавӣ: 23.01.2026 15:06 ID эълон: 15448783
  • Таҷриба: аз 3 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: Духтурон бидуни марз (ДБМ)
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: ташкилоти тиббӣ
Ҷойгиршавӣ: Кӯлоб

Механик — Кӯлоб

Духтурон бидуни марз (ДБМ) ташкилоти мустақили байналмилалии башардӯстонаи тиббӣ мебошад, ки ба шахсоне, ки аз низоъҳои мусаллаҳона, эпидемияҳо, офатҳои табиӣ ё сунъӣ зарар дидаанд ва ё хизматрасонии тиббӣ дур мондаанд, кӯмаки оҷилӣ мерасонад. ДБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди бемории сил фаъолият намуда, дар шаҳри Кӯлоб лоиҳаи «Ба сифр расонидани бемории сил»-ро татбиқ менамояд.

Айни замон ДБМ барои лоиҳаи «Ба сифр расонидани бемории сил» дар шаҳри Кӯлоб, шахси соҳибихтисос, қобили кор ва ҳавасмандро ба вазифаи Механик ҷустуҷӯ дорад. ДБМ бастаи имтиёзҳо (25 рӯзи кории рухсатии солона, суғуртаи тиббӣ, имкониятҳои омӯзишӣ тибқи зарурат ва рушду пешрафти касбӣ) ва имконияти кор дар ташкилоти байналмилалии машҳури башардӯстонаро пешниҳод менамояд.

Ҷойи кор: шаҳри Кӯлоб, Тоҷикистон

Мақсади асосии вазифа:

Иҷрои мустақилонаи хизматрасонӣ, нигоҳдории техникӣ ва таъмиру барқарорсозии мураккаб/пешрафтаи воситаҳои нақлиёти ДБМ ва дигар муҳаррикҳо мувофиқи стандартҳо ва проседураҳои ДБМ, то ки воситаҳои нақлиёт дар ҳолати комилан коршоям қарор дошда бошанд.

Вазифаҳо ва масъулиятҳо:

• Иҷрои мустақилона ва таъмин намудани ҳамаи корҳои зарурии нигоҳдорӣ ва таъмири мураккаб/пешрафтаи воситаҳои нақлиёти ДБМ ва таҷҳизоти механикӣ, то ки онҳо барои истифода дар ҳолати комил қарор дошта бошанд. Ин, аз ҷумла, вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:

• Мувофиқи дастурҳои дафтари қайд (logbook) иҷрои нигоҳдорӣ, таъмини сари вақт анҷом додани ҳама намуди хизматрасонӣ ба ҳамаи воситаҳои нақлиёт (масалан, mini A, medium B ва full C, инчунин хизматрасониҳои махсусе, ки дар logbook зикр шудаанд — агар лозим бошад).

• Санҷиш кардани ҳамаи воситаҳои нақлиёт баъд аз анҷоми ҳар як хизматрасонӣ ва пеш аз супоридан ба ронанда.

• Нигоҳ доштани қайди эзоҳҳо оид ба воситаҳои нақлиёт, ки аз ҷониби ронанда дарҷ гардидаанд, иҷрои таъмир дар ҳолати зарурӣ (воситаҳои нақлиёт ва дигар таҷҳизоти механикӣ) ва пур кардани дафтари хизматрасонӣ, таъмир ё logbook-и воситаи нақлиёт. Гузориш додан ба роҳбари бевосита оид ба ҳар гуна мушкилоти марбут ба воситаҳои нақлиёти ДБМ.

• Ҳангоми вайроншавӣ анҷом додани ташхис, огоҳ намудани роҳбари бевосита ва пас аз тасдиқ иҷрои таъмирҳои зарурии мураккаб/пешрафта.

• Назорат бурдани муҳлати амалнокии ҳамаи ҳуҷҷатҳо (санҷишҳои солона, суғурта ё дигар ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ).

• Кӯмак дар гузаронидани брифинг ё омӯзонидани ронандагон вобаста ба хизматрасонӣ ва нигоҳдории воситаҳои нақлиёт.

• Идоракунии захираи маводҳои масрафӣ, пур кардани кортҳои анбор, гузаронидани инвентаризатсияи ҷисмонии захираҳо, анҷом додани фармоишҳо барои навсозии захираҳо, пешгирӣ аз камбудӣ/тамомшавии захираҳо.

• Масъул будан барои таҷҳизот ва асбобҳо, аз ҷумла оташхомӯшкунакҳо: назорат кардани истифодаи дурусту бехатар, нигоҳдорӣ ва навсозии онҳо ҳангоми зарурат ва мунтаззам нав нигоҳ доштани рӯйхати инвентарӣ.

• Тоза ва тартиб нигоҳ доштани ҷойи кор.

• Таъмин намудани он ки ҳамаи варақаҳо, дафтарҳо ва қайдҳои марбут ба нигоҳдорӣ ҳамеша пур карда мешаванд, инчунин омода намудани ҳисоботҳои зарурӣ пеш ва баъд аз ҳар таъмир ё нигоҳдории талаб кардашуда.

Талаботҳо:

Маълумот: Доштани дипломи ҳатмӣ дар соҳаи механикӣ ё ихтисоси марбут.

Таҷриба корӣ: Таҷрибаи исботшавандаи кори механикӣ (ҳадди ақал 2 сол).

Талаботи забондонӣ: Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Дониш ва малака: Шаҳодатномаи ронандагии амалкунанда барои воситаҳои нақлиёт ҳатмӣ мебошад.

Салоҳиятҳо:

• Тамаркуз ба натиҷа ва сифат L1

• Кори дастаҷамъона ва ҳамкорӣ L1

• Чандирии рафторӣ L1

• Уҳдадорӣ ба принсипҳои ДБМ L1

• Тамаркуз ба хизматрасонӣ L1

• Идоракунии стресс L2

Лутфан, шарҳи ҳол (CV) ва номаи ҳамроҳ (cover letter)-и худро ба суроғаи зерин ирсол намоед: kulob-admin-assist@oca.msf.org

(Дар сатри мавзӯъ ҳатман номи вазифаро зикр намоед: Ариза барои вазифаи Механик — Номи шумо)

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 30 январи 2026 соати 17:00

Лутфан дар назар дошта бошед, ки танҳо довталабони ба рӯйхати кӯтоҳ дохилшуда ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. ДБМ вобаста ба сабабҳои интихоб нашудан бо довталабон мукотиба намекунад.

Эълонҳои монанд

  • ТОП
    Диспетчер
    Ба ширкати ЗАКИ Доставка диспетчер лозим аст Ширкати ЗАКИ Доставка барои қабули ва коркарди фармоишҳо диспетчер ба кор даъват менамояд. Вазифаҳо: Қабули фармоишҳо аз мизоҷон (занги телефон, мессенҷерҳо, барнома) Интиқоли фармоишҳо ба курьерҳо Назорати иҷрои саривақтии расонидан Муошират бо мизоҷон ва курьерҳо Талабот: аз 18 то 35 Нутқи равшан ва муоширати хуб Қобилияти оромона муносибат кардан бо мизоҷон Масъулиятшинос ва пунктуалӣ будан Истифодаи хуби смартфон ва мессенҷерҳо Таҷрибаи корӣ ҳамчун диспетчер бартарӣ ҳисобида мешавад Маош: Маош аз 2500 сомонӣ Мукофотпулӣ вобаста ба натиҷаи кор Чӣ гуна дархост додан мумкин аст: 📲 Анкетаро пур кунед ё бо мо тамос гиред, пас аз он шуморо ба мусоҳиба даъват мекунем
    Алишер, 31.01.2026 16:39, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Нақлиёт, логистика, анбор
  • Боррасон
    Шахсоне, ки ба талаботи дар поён навишта шуда чавобгуй нестанд, илтимос занг назанен!!! Пеш аз занг задан бо шартхои дар поён навишта шуда шинос шавед! Аз соати 13.00 то соати 18.00 занг занед ва ба WhatsApp 918750005 метонед шабонарӯзӣ (круглосуточно) нависед Ба ширкати "Артезия" Боррасони (доставщик) солиму бакувват, хушмуомила ва дорандаи шаходатномаи ронандагии категорияи "В" ё ин Ки "В,С" аз 25 то 45 Сола лозим хаст. Ширкати мо ба муштариён хизмати бурда расонидани обхои нушоки дар зарфхои 19 литра ба хонахои истикомати ва корхонахо мерасонад. 2 хафта мухлати озмоиш (испытательный срок) Ухдадорихо: - роххо ва кучахои Шахри Душанберо донистан; - ба мошин обхои дар зарфхои 19 литра бор кардан ва аз мошин ба муштариён то Пеши дари хона ё корхона бурда расонидан; - аз муштариён пул Кабул кардан, дар охири руз ба хазина супоридан; - мошини корхонаро дар холати тоза нигох кардан инчунин бо эхтиёт ронондан ва коидахои харакат дар Рох риоя кардан. Кор аз рузи Душанбе то рузи Шанбе аз соати 8:00 то 18:30. истирохат рузи якшанбе Мошини кори Портер Ба Ватсап нависен! маоши мохона аз 2000 сом то 3500 сом, 2 хафта мухлати озмоиш (пулаки) Коргар дар асоси шартнома ба кор Кабул карда мешавад.
    Работодатель, 15.01.2026 16:36, Душанбе
    Ҷои кор » Нақлиёт, логистика, анбор
  • Курьер
    Ба хадамоти курьерии ЗАКИ курьер лозим астБо сабаби васеъ шудани хизматрасонии расонидани хӯрок дар шаҳри Бохтар,ба ширкати ЗАКИ курьерҳо лозиманд(бо скутери шахсӣ ё бе он).Шартҳо:Кор бо скутери шахсӣ имконпазир астЁ скутери ширкат пешниҳод карда мешавад👉 иҷора — 30 сомонӣ дар як рӯзТалабот:Донистани хуби шаҳри БохтарПунктуалӣ ва масъулиятшинос буданДоштани смартфонҚобилияти кор бо барномаи мобилӣКор:Расонидани фармоишҳо тавассути барномаи мобилӣ(усули кор монанд ба Yandex Food)Ҳамаи фармоишҳо дар барнома намоиш дода мешавандМасир ва суроғаи мизоҷ дар барнома нишон дода мешавадПардохт:15 сомонӣ барои ҳар як расониданЧӣ гуна дархост додан мумкин аст:📲 Анкетаро онлайн пур кунед,пас аз он мо бо шумо тамос мегиремhttps://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSfqghszx3EoXG9vZ9ylhUvmSXcXB7A1jqJ2P1Vu7n_3jMrjmw/viewform?usp=dialog
    Алишер, 20.01.2026 18:04, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Нақлиёт, логистика, анбор


  • 7 450 c.
    Механик

    Дар сайт аз янв, 2026

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust