Роҳбари гуруххои тадқиқоти ва поксозии
Роҳбари гурӯҳҳои ГТП - Марказ барои баландбардории иқтидори миллӣ, ҷамъи ҳама восита ва таҷҳизотҳо, техника ва иҷроиши Лоиҳаҳо вазифадор мебошад.Роҳбари гурӯҳҳои ГТП ба Директори Марказ итоат намуда вазифаҳои хизматии ӯ аз инҳо иборат мебошанд:1. Тартиб додан ва иҷроиши Лоиҳа: • Доимӣ вазифадор будан ба идоракунии Лоиҳа оиди масъалаҳои безараргардонии минаҳо;• Тартиб ва мукаммал намудани консепсияҳои нав ва ҚСА-и гурӯҳҳо оиди гузаронидани ҳама амалиётҳои безараргардонии минаҳо;• Омода намудани пешниҳодҳо ва дастгирӣ намудани Менеджери лоиҳа оиди ҷамъи маблағҳо ва ҳама воситаҳо барои ташкил намудани Лоиҳаҳои нав барои гурӯҳҳо;• Тайёр намудани буҷҷаҳои Лоиҳавӣ барои пешниҳод намудан ба Менеджери лоиҳа ва донорҳо дар асоси ҚСА-и гурӯҳҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмиллалӣ;• Идора намудани маблағҳо ва грантҳои Лоиҳавӣ;• Ҳамкории зич доштан бо Роҳбари амалиётии гурӯҳҳо барои иҷрои ҳама Барномаҳо дар асоси ҚСА-и гурӯҳҳои Марказ, талаботҳои донорҳо ва байналмиллалӣ;• Тартиб ва вориднамоии системаи идоранамоии сифати корӣ.2. Ҳамкории беруна:• Дастгирии Менеджери лоиҳа барои ташкилии ҳамкории зич ва сифатнок ва доимӣ ба донорҳо;• Ҳамкорӣ ва алоқа бо дигар ташкилотҳои поксозӣ, Ҳокимиятҳои маҳаллӣ барои ташкил намудани иҷроиши эффективии чорабиниҳои барномавӣ;• Ташкили ҳамкории доимӣ бо ҳайати гурӯҳҳо оиди тараққӣ ва мукаммал гардонидани ҚСА ва ҳама намуд нақшаҳои солонаи гурӯҳҳо;• Дастгирии Роҳбари амалиётҳои гурӯҳҳо оиди ташкили ҳамкории зич бо ҳама истифодабарандагони Барномаҳои Лоиҳавӣ;3. Ҳамкории дохилӣ:• Алоқаи зичи дохилӣ бо Менеджери лоиҳа оиди иҷроиши ҳама чорабиниҳои Барномавии гурӯҳҳо;• Дастгирӣ ва ҳамкорӣ бо ҳама аъзоёни гурӯҳҳо оиди тартиб додани ҳисоботҳо ва нақшаҳои солона;• Алоқаи зич доштан бо гурӯҳҳо ва дигар Ташкилотҳо барои дастгирӣ ва баланд бардоштани қудрати гурӯҳҳо.4. Тахассус ва таҷрибаи корӣ:• Маълумоти олӣ дар соҳаҳои идоранамоӣ, иқтисод, муносибатҳои байналмиллалӣ ва соҳаҳои марбут;• Таҷрибаи байналмиллалӣ оид ба идоракунии Барномаҳои гуманитарӣ, тартиби Барномаҳо ва ташкили вазифаҳо;• Таҷрибаи корӣ бо Барномаҳои безараргардонии гуманитарии минаҳо ба назар гирифта мешавад;• На камтар аз 5 сол таҷрибаи идоранамоии Лоиҳаҳоро дошта бошад;• Таҷрибаи кории баланд оиди тартиб додани Лоиҳа ва дархостҳо;• Таҷрибаи баланд оиди тартиб додани буҷҷа ва гузаронидани корҳои баҳодиҳӣ;• Таҷрибаи ташкил ва ворид намудани системаи баҳодиҳӣ дар фаъолияти гурӯҳҳо;• Донистани пурра ва озоди забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;• Таҷрибаи корӣ бо компютер. Донистани Барномаҳои компютерии Word ва Excel.Барои иштирок дар озмун бояд ба суроғаи зер, тарҷумаи ҳол ва мактуби ҳамроҳ фиристондашаванда пешниҳод карда шавад.Мӯҳлати охирини пешниҳоди (CV) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда то 12 марти соли 2026, соати 17:00.Суроға: 734010, ш. Душанбе, кӯчаи Айни 121, муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо”, ошёнаи 3-юми бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рӯ ба рӯи поликлиникаи №3, наздики ДОК). Телефон: +992 37 221 66 87; E-mail: info@tnmac.gov.tj,
TNMAC,
Имрӯз 13:19,
Душанбе
Ҷои кор »
Кормандони маъмурӣ