Инкассатор, ш.Ҳисор

Ҳисор
Санаи ҷойгиршавӣ: 22.06.2026 10:43 ID эълон: 15852779
  • Таҷриба: Дилхоҳ
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ЗАО Банк Арванд
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Банк
Ҷойгиршавӣ: Ҳисор

Бонки Арванд барои ишғоли вазифаи инкассатор номзадҳои масъулиятнок, бодиққат ва ҷисман омодаро ба кор даъват менамояд.

Ӯҳдадориҳои асосӣ:

- Қабул, ҳамлу нақл ва супоридани воситаҳои пулӣ ва дигар арзишҳо мувофиқи талаботи муқарраршуда;

- Таъмини бехатарии маблағҳо ва арзишҳо ҳангоми интиқол;

- Риояи қатъии қоидаҳои амният ва дастурамалҳои дохилии бонк;

- Санҷиши дурустии ҳуҷҷатҳо ва яклухтии халтаҳои инкассатсионӣ;

- Таъмини махфияти маълумоти хизматӣ;

- Сари вақт хабар додани роҳбарият дар ҳолатҳои фавқулода.

Талабот ба номзад:

- Маълумоти миёна ё махсус;

- Омодагии хуби ҷисмонӣ;

- Хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бартарӣ дорад;

- Малакаи истифодаи яроқ (бартарӣ дода мешавад);

- Донистани қоидаҳои амният ҳангоми ҳамлу нақли маблағҳо;

- Масъулиятнокӣ, ростқавлӣ ва интизоми баланд;

- Қобилияти кор дар даста.

Мо пешниҳод менамоем:

- Кори доимӣ дар бонки боэътимод;

- Музди меҳнати рақобатпазир;

- Бастаи иҷтимоӣ тибқи қонунгузорӣ;

- Муҳити касбии рушдёбанда.

Барои маълумоти бештар ва сабти ном ба рақамҳои зерин занг занед:

+992 92 795 00 01 (WhatsApp, Telegram)

hr@arvand.tj

Эълонҳои монанд

  • ТОП
    Мухосиб дар Саридораи ш. Бохтар
    Ташкилоти Амонатии Қарзи Хурд «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешсафи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2006 инҷониб ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.Имрӯз ФУРУЗ зиёда аз 270 нафар корманди касбӣ ва 15 марказҳои хизматрасониро муттаҳид намуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами идоракунӣ ва технологияҳои муосир ба мизоҷони худ хизматрасониҳои босифат пешниҳод мекунад. Муассисон ва сармоягузорони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.Ташкилоти Фуруз муҳити кории шаффоф, фарҳанги корпоративии ба рушд нигаронидашуда ва имкониятҳои васеи рушди касбиро фароҳам оварда, барои ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ташаккули дастаи қавӣ талош менамояд. Вазифаҳои асосӣ:• Пешбурди баҳисобгирӣ ва назорати воситаҳои асосии ташкилот, омода намудани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳаракати онҳо ва иштирок дар гузаронидани инвентаризатсия;• Омода ва коркарди ҳисоботҳои авансӣ, инчунин ворид намудани маълумот ба базаҳои иттилоотӣ;• Назорат, санҷиш ва сабти амалиётҳои молиявӣ дар ҳисоботҳои муҳосибӣ;• Иштирок дар такмил ва ба низом даровардани равандҳои баҳисобгирии муҳосибии ташкилот;• Таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои муҳосибӣ, оморӣ, андозӣ, ҳисоботҳо барои БМТ ва дигар ҳисоботҳои дохилӣ ва берунӣ тибқи талаботи амалкунанда.Талабот:• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаи муҳосибот, иқтисод ё самтҳои марбут;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибот;• Дониш ва таҷриба дар соҳаи молия ва қарздиҳӣ бартарӣ ҳисобида мешавад;• Огоҳӣ аз қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии амалкунанда дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ;• Малакаи хуби кор бо барномаҳои Microsoft Excel ва Microsoft Word;• Масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва хоҳиши рушди касбӣ дар самти молия;• Қобилияти хуби муошират, ҳамкорӣ ва кор дар ҳайати даста.Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.Телефон барои маълумот: 988-35-08-48Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
    Furuz, 24.06.2026 14:06, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Ёвари маъмурии филиал дар ш.Хисор
    Вазифаҳои асосӣ:Ташкили фаъолияти ҳаррӯзаи филиалНазорат ва ҳамоҳангсозии кори кормандонҚабули мизоҷон ва расонидани машварат оид ба хизматрасониҳои бонкӣНазорати риояи қоидаҳо ва стандартҳои дохилии бонкОмода намудани ҳисоботҳо ва ҳуҷҷатгузорӣТалабот ба довталаб:Маълумоти олӣ (иқтисодӣ ё молиявӣ бартарӣ дорад)Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ ё маъмурӣ на кам аз 1–3 солДонистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани англисӣ бартарӣ)Малакаҳои хуби муошират ва идоракунӣДонистани компютер (MS Office)Шароити кор:Маоши рақобатпазирМуҳити кории касбӣ ва имконияти рушдРеҷаи кори пурра📧 Резюме фиристед ба: hr@arvand.tj📞 Ё занг занед ба рақами: +992 92 795 00 01
    Арванд, 19.06.2026 16:51, Ҳисор
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Таҳлилгари қарз
    Тавсифи мухтасари вазифа:Таҳлилгари қарзӣ барои баррасӣ ва таҳлили дархостҳои қарзӣ, омода намудани хулосаҳо ва тавсияҳо ҷиҳати қабули қарорҳои қарзӣ, инчунин таъмини дурустии маълумот дар низомҳои автоматикунонидашуда масъул мебошад.Дар ин мансаб шумо имконият доред малакаҳои таҳлилии худро рушд диҳед, бо равандҳои қабули қарорҳо аз наздик шинос шавед ва дар беҳтар намудани сифати портфели қарзӣ саҳм гузоред._____________________________________________________________________________Талабот ба номзад: • Таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаи иқтисодиёт, молия ё соҳаҳои марбут;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ, молиявӣ ё маблағгузории хурд (ҳадди ақал 2 сол);• Таҷрибаи кор ҳамчун коршиноси қарзӣ хуш пазируфта мешавад;• Ҳамзамон, номзадҳое, ки таҷрибаи амалӣ дошта, хоҳиши рушд дар самти таҳлил доранд, низ баррасӣ мешаванд;• Фаҳмиши умумии равандҳои қарздиҳӣ ва баҳодиҳии хавфҳо;• Малакаҳои таҳлил, кор бо маълумот ва қабули қарор;• Саводнокии хуби компютерӣ (махсусан Excel);• Таҷриба дар иштирок дар кумитаҳои қарзӣ афзалият дорад;• Забонҳо: тоҷикӣ ва русӣ (донистани ӯзбекӣ афзалият дорад);• Масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ ва омодагӣ ба омӯзиш.Бо ҳамаи номзадҳои интихобшуда мусоҳиба гузаронида мешавад. Агар шумо омодагӣ ба рушди касбӣ дошта бошед ва хоҳед малакаҳои таҳлилии худро тақвият диҳед, мо номзадии шуморо ҳатман баррасӣ хоҳем кард.Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 15 июни соли 2026 суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (44) 600 23 23
    ФИНКА Таджикистан, 29.05.2026 17:09, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Хазинадор-амалиётчӣ дар Фирдавсӣ
    Мо дар ҷустуҷӯи хазинадор-амалиётчӣ ҳастем.ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:• Маълумоти миёнаи махсус ё олӣ;• Таҷрибаи корӣ дар касса — афзалият дорад;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ;• Диққатнокӣ, масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ;• Доштани маҳорати кор бо компютер;ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:• Гузаронидани амалиётҳои кассавӣ;• Қабул ва пардохти пули нақд ба мизоҷон;• Муҳосиботи дурусти ҳуҷҷатҳои кассавӣ;• Назорат аз болои дурустии пардохтҳо;• Риояи қоидаҳои дохилӣ ва меъёрҳои амниятӣ;МО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ:• Ҷои кори доимӣ дар ташкилоти боэътимод;• Омӯзиш ва имконияти рушди касбӣ;• Муҳити бароҳат ва коллективи дӯстона;Хоҳишмандон метавонанд анкетаи худро ба почтаи мо hr@arvand.tj ё тариқи WhatsApp, Telegram 92-795-00-01 ба мо равон кунанд.Барои маълумоти бештар: 92-795-00-01;
    Арванд, 22.06.2026 10:52, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассис оид ба рушди бизнес
    Уҳдадориҳои асосӣ:• Иҷрои ҷустуҷӯ ва ҷалби қарзгирандагон/маблаггузорони эҳтимолӣ;• Таҳлили фаъолияти соҳибкорӣ ва хонаводагии қарзгирандагони эҳтимолӣ; • Баррасии гарав дар сурати зарурият тавассути ин қарз ва омодагӣ барои ҳамаи ҳуҷҷатҳо, ки бо ин алоқаманд мебошанд;• Назорати раванди додани қарзҳо ба таври саривақтӣ; • Муайян кардани машварат ба мизоҷони нав ва такрорӣ дар бораи шартҳо/фоидаҳои маҳсулотҳои пешниҳодшуда.Талабот нисбати номзадон:• Маълумоти олии пурра;• Малакаҳои хуби таҳлил ва математика;• Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд;• Таҷрибаи кор бо компютер (барномаҳои Word, Excel Internet);• Қобилияти кор кардан дар даста ва мустақилият;• Донистани хусусиятҳои хоси деҳот;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, узбеки ва русӣ;• Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;• Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт.________________________________________Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. ________________________________________Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 01 августи соли 2026 ба суроғаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, кӯч Сино, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 575 15 33Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!________________________________________Масъалаи маош ба таври инфиродӣ ҳал карда мешавад. Барои мусоҳиба номзадҳои мувофиқ даъват карда мешаванд.________________________________________Барои таваҷҷуҳатон ба Ташкилоти мо ташаккур изҳор менамоем!
    ФИНКА Таджикистан, 17.06.2026 16:22, Ҷалолиддин Балхӣ (Румӣ)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Сардори шуъбаи қарзи
    ҶДММ ТАҚХ “Оксус”, ки ба aҳолии Тоҷикистон қарзҳои хурд ва миёна барои фаъолияти соҳибкори, рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ ва эҳтиёҷоти истеъмоли, пешниҳод менамояд ва дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумхурии Тоҷикистон (вилояти Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ) фаъолият мекунад, довталабонро барои ишголи чойхои холии кори даъват менамояд.Вазифаи ишғолкунанда: Сардори шуъбаи қарзи Ҷои фаъолият: ш. БохтарВазифаҳои асоси:• Таъмин кардани роҳбарии умумии фаъолияти мӯътадил ва самараноки ШК;• Шахси масъул будан оид вазъияти кори ШК;• Назорат кардани сифати ҷуздони қарзии супоридашуда ва иҷрои нақшаҳои муқарраршуда;• Гузарондани чорабиниҳо оиди пардохти қарзҳои батаъхирмондашуда;• Пешниҳод кардани имкониятҳо барои васеъ гардонидани ҳудуди минтақавии хизматрасонии молиявӣ;• Таъмин намудани хизматрасонии аҳолӣ, гузаронидани фаъоляити зарурбудаи оммавӣ-фаҳмондадиҳӣ ва рекламавӣ-иттилооти;• Гузаронидани мониторинг ва баҳогузории фаъолияти қарзии Мутахассисони қарзии ШК;• Гузаронидани тренингҳои назариявӣ ва амали барои кормандони зертобеъ.Талаботҳои тахассуси:• Маълумоти олии иқтисодӣ;• Таҷрибаи кори дар мақомотҳои молияви на кам аз 18 моҳ;• Донистани забонҳои давлати ва руси хатми (донистани забони англиси афзалият дода мешавад);• Соҳиби малакаи кори роҳбарӣ.Шароити кор:• Пардохт намудани маблағи алоқаи мобилӣ (ҳармоҳа);• Саривақт гирифтани музди меҳнати;• Болоравии касб;• Омузишҳо ва тренингҳо.Ба занҳо афзалият дода мешавад.Маоши хуби кори кафолат дода мешавад.Хоҳишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби муроҷиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд: шаҳри Бохтар, куч. Норинов 1А (дар 2-ум ошёнаи бинои “Бонки Эсхата”) ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: ozoda.abbosova@oxus-tj.org kurgantube.administration@oxus-tj.org тел: (+992) 918 23 06 85Муҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳо: 30.06.2026c. то соати 17:00
    OXUS, 22.06.2026 10:55, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Корманди амалиётӣ
    ҶДММ ТАҚХ OXUS яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои тиҷорат, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна медиҳад. OXUS Group инчунин дигар филиалҳо дорад, ки дар Қирғизистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд.ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС” дар Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон, вилоятҳои Суғд, инчунин дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойҳои холӣ даъват менамоядВазифаи ишғолкунанда: Корманди амалиётӣ (1 нафар)Ҷои фаъолият: шаҳри КӯлобВазифаҳои асоси:• Санҷидани муштариён дар мавриди қарздор будан ё набудан тавассути барномаи қарзи ва ба воситаи табодули рӯйхатҳо бо дигар НХМ-и Тоҷикистон.• Барои ба ҳисоб гирифтани маълумот дар низоми барномаи қарзи ва назорат кардани сифати иттилооти воридшаванда масъул мебошад; • Ба қайд гирифтани аризаҳои воридшаванда барои қарзгирӣ дар барномаи қарзи;• Ба қайд гирифтани маълумоти омории муштариён дар барномаи қарзи;• Ба қайд гирифтани қарори Кумитаи қарзӣ оид ба муштариёни алоҳида дар барномаи қарзи;• Фаъолкунии қарз дар барномаи қарзи;• Ворид кардани маълумот дар бораи пардохти қарз дар барномаи қарзи;• Баъди додани қарз мавриди санҷиш қарор додани ҳуҷҷатгузории қарзии муштарӣ дар робита ба мавҷудияти хатову нодурустиҳо;• Масъул будан барои ҳифзу нигаҳдошти ҳуҷҷатгузории қарзи мавҷуда дар робита ба муштариён;Талаботҳои тахассусӣ:• Маълумоти оли;• Махорати иртиботии хуб. Бо забонхои точики ва руси харф задан;• Малакаи кор бо кормпютер ва барномахои MS Office (Word, Excel);• Тачрибаи кори дар дигар ташкилотҳо дастгири карда мешавад.Шароити хуби кори:• Пардохти алоқаи мобилӣ;• Сари вақт гирифтани музди меҳнат;• Омузишҳо ва тренингҳо;• Имконияти болоравии мансабӣ.Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби мурочиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд:  шаҳри Кӯлоб, куч. Х. Назаров 4 (назди “Деҳқон бозор”)Ё ин ки бо почтаи электронии зерин бо нишон додани - «Корманди амалиёти» дар мавзуи мактуб равон намоед kulyab.administration@oxus-tj.org ё ozoda.abbosova@oxus-tj.orgМуҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то 21 июни соли 2026.Рақами телефон: (992) 988 35 28 62 Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
    Далер, 03.06.2026 13:27, Кӯлоб
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Сархазинадор /Казначей
    ТАШКИЛОТ БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕКУНАД:Вазифа: СархазинадорШаҳр: ДушанбеВақти корӣ: ПурраМасъулиятҳои асосӣ:• Идоракунии пардохтпазирии ҳаррӯзаи ташкилот бо асъори миллӣ (сомонӣ) ва асъори хориҷӣ.• Банақшагирӣ ва назорати ҷараёни пули нақд (Ҷараёни пули нақд), омода кардани тақвими пардохт. Ҷойгир кардани маблағҳои муваққатан дастрас ба пасандоз дар бонкҳои шарик.• Ҳисоб кардан ва риояи меъёрҳои мақбулияти БМТ, аз ҷумла пардохтпазирӣ, кифоятии сармоя ва меъёрҳои мавқеи асъор.• Омода кардани ҳисоботҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ва дар шаклҳои муқарраршуда (ҳисоботи ҳаррӯза, ҳафтаина ва моҳона).Таҳлили хатарҳо: Назорати номувофиқатии мӯҳлат (таҳлили фарқият), ҳассосияти меъёри фоизӣ ва нишондиҳандаҳои пардохтпазирӣ.Ҳамоҳангсозии ALCO: Омода кардани бастаи иттилоотии ALCO, гузаронидани таҳлили сенарияҳо (санҷиши стресс), тартиб додани протоколи ҷаласаҳо ва назорати иҷрои қарорҳои ALCO.• Идоракунии хатарҳои асъорӣ: Назорати хатарҳои асъорӣ оид ба қарзҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфта; машварат додан ба роҳбарият оид ба ҳимоя ва татбиқи маблағгузории муқобил барои коҳиш додани хатарҳои асъорӣ.• Ҷамъоварии маблағ: Идоракунии маблағгузории маҳаллӣ ва институтсионалӣ, аз ҷумла гуфтушунид дар бораи хатҳои қарзӣ, қарзҳои мӯҳлатнок ва воситаҳои бозтамвил бо бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои рушди бахши молиявӣ.• Ҳамкорӣ бо бонкҳои шарик оид ба кушодани суратҳисобҳо, тарифҳо ва коркарди муомилот.• Иштирок дар таҳияи модели молиявии ташкилот ва буҷетҳо.Талабот ба номзадҳо:• Таҳсилоти олӣ дар соҳаи молия ва/ё иқтисод.• Ҳадди ақал 2 сол таҷриба дар вазифаи монанд дар ММД, бонк ё дигар муассисаи молиявӣ (афзалиятнок аст).• Донистани чаҳорчӯбаи меъёрии БМТ, ки фаъолияти ММД ва бонкҳоро танзим мекунад.• Маҳорати кор бо MS Excel (аз ҷумла ҷадвалҳои pivot, функсияҳо ва таҳлили маълумот).• Дарки принсипҳои идоракунии хавфи пардохтпазирӣ ва меъёри фоизӣ.• Диққат ба тафсилот, таҳаммулпазирӣ ба стресс ва қобилияти кор бо ҳаҷми калони маълумот.• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист; донистани забонҳои англисӣ як бартарӣ аст.Шароити корӣ:• Шуғли расмӣ мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.• Музди меҳнати рақобатпазир (бо номзади муваффақ муҳокима карда мешавад).• Кор дар дастаи дӯстона ва як созмони устувори байналмилалӣ.• Имкониятҳо барои рушди касбӣ ва омӯзиш.Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи “Сархазинадор” ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, 2-ум гузаргоҳи кучаи Шарқ 14, ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.org Мӯҳлати охирини пешниҳоди дархост: 21 июни соли 2026Телефон барои маълумоти иловагӣ: (992) 98 951 00 10Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
    OXUS, 02.06.2026 14:22, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    Арванд Арванд

    Дар сайт аз май, 2016

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust