Лутфан, e-mail-и худро тасдиқ намоед
Мы отправили вам письмо на . Нажмите на ссылку в этом письме для того, чтобы подтвердить ваш адрес email, иначе мы не сможем уведомить вас о новых ответах на ваши объявления и сообщениях в чате.
Тасдиқкунӣ ба почтаи электронӣ равон шуд
Шумо дар mod.somon.tj маҳдуд шудаед
Backend Developer Junior
Ҷойгиршавӣ: Душанбе
Мо HilolTECH — ширкати IT ки дар самти тиҷорати электрони фаъолият мекунем — ба дастаи худ Backend Developer (Junior) меҷӯем. Агар ту дар марҳилаи омӯзиш бошӣ ва хоҳиши рушд дошта бошӣ — ин имконият барои туст.
Аз номзад талаб мешавад фаҳмиши ибтидоии Python (Django, Django REST Framework ё FastAPI) ё Go, дониши асосии API ва кор бо базаи маълумотҳо. Хоҳиши омӯзиш, масъулият ва диққат ба деталҳо муҳим аст.
Мо ба ту таҷрибаи реал дар лоиҳаи маркетплейс, муҳити омӯзишӣ, дастгирии даста ва имконияти ба кори доимӣ гузаштан медиҳем.
Агар мехоҳӣ аз 0 сар кунӣ ва дар backend рушд ёбӣ — мо туро интизорем.
📩 Муроҷиат: телеграмм @lemo009 |почта: info@hilol.tj
Эълонҳои монанд
Мутахассиси оиди технологияҳои иттилоотӣ
1.ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС” яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд..ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС”, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд, ба вазифаи :"Мутахассиси оиди технологияҳои иттилоотӣ"2.Вазифаҳои мутахассиси Мутахассиси оиди ТИ иборатанд аз:2.1. Назорати коршоямии таҷҳизоти компютерӣ:• Таъмини фаъолияти бефосилаи таҷҳизоти низоми иттилоотӣ ва қабули чораҳои фаврӣ оиди бартарафкунии корношоямии ҳангоми фаъолият ба вуҷуд омада;• Иҷрои корҳои пешгирикунанда оиди нигоҳдории коршоямии воситаҳои техникаи ҳисоббарорӣ;• Гузаронидани озмоиш ва таъмири хурд (“дар маҳал”) дастгоҳҳо ва воситаҳои алоҳидаи техникаи компютерӣ;• Назорати кори техникаи ташкилии кории истифодаи умумӣ (принтерҳо, техникаи нусхабардорӣ) ва андешидани чораҳо оиди таъмир ва таъмини маводҳои хароҷотӣ;• Ташкили таъмири воситаҳои техникаи компютерӣ бо ҷалби муассисаҳои махсусгардонидашуда;• Амалӣ кардани мониторинг ва ташъиси таҷҳизоти компютерӣ ва таҷҳизоти шабакавии низоми иттилоотӣ бо мақсади дарёфткунии саривақтии корношоямӣ;• Дарёфткунии хатогиҳои истифодабарандагон ва таъминоти дастгоҳии низоми иттилоотӣ, барқарорсозии коршоямии таҷҳизот;• Баррасӣ ва мувофиқаи ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ-конструкторӣ оиди таҷдиди таҷҳизот;• Иштирок дар воридкунӣ ва хизматрасонии барномаҳои нави таъминотӣ ва заминаҳои иттилоотӣ;• Огоҳкунии роҳбари бевосита оиди ҳолатҳои сӯистеъмоли таҷҳизоти низоми иттилоотӣ ва чораҳои қабулшуда;2.2. Таъмини коршоямии Шабакаи маҳалии ҳисоббарорӣ (ШМҲ):• Маъмурикунонии шабакаи маҳалии ҳисоббарорӣ;• Гузаронидани хатҳои физикӣ байни унсурҳои шабакаҳои иттилоотӣ.• Гузаронидани озмоиш ва таъмири хурд (“дар маҳал”)-и хатҳои ноқилии шабакаи маҳалии компютерӣ;• Ҳалли масъалаҳои хизматрасонии техникии дарёфткунии корношоямии шабакаи шабакавӣ, инчунин барқарорсозии коршоямии низомҳо ҳангоми корношоямӣ ва аз кор баромадани таҷҳизоти шабакавӣ;• Ба роҳ мондани корҳо оиди таъмини мушкилоти бо интернет вобастабуда.• Таъмини бефосилаи интернет барои кормандон;• Омодакунии пешниҳод оиди таҷдид ва харидории таҷҳизоти шабакавӣ.2.3. Назорат аз болои коршоямии таъминоти барномавӣ:• Низоми амалиётиро дар серверҳо сохтор мекунад, инчунин вазъияти кории таъминоти барномавии серверҳо нигоҳ медорад;• Насби таъминоти барномавӣ ба серверҳо ва истгоҳҳои кориро назорат мекунад;• Фаъолияти бефосилаи низомро таъмин мекунад ва чораҳои фавриро нисбати корношоямии дар рафти кор ба вуҷуд омадаро таъмин мекунад;• Вайроншавии кори серверҳоро бартараф мекунад;• Корношоямии истифодабарандагон ва таъминоти барномавии шабакавиро дарёфт мекунад ва коршоямии низомро барқарор месозад;• Ба истифодабарандагон/кормандон дар низоми иттилоотии ташкилот кор карданро меомӯзад;• Оиди бехатарии шабакавӣ (ҳифзи дастрасии иҷозатдоданашуда ба иттилоотӣ, дидан ё тағйир додани файлҳои низомӣ ва маълумот), инчунин бехатарии ҳамкории байнишабакавӣ чораҳо меандешад;• Ба роҳбари бевоситаи худ дар бораи ҳолатҳои сӯистеъмоли шабака ва чораҳои андешидашуда маълумот медиҳад;• Дафтари маълумоти шабакавӣ, ҳуҷҷатгузории дигари техникиро мебарад.• Таҳия намудани пешниҳод оиди ташаккули нақшаҳои рушди дурнамо пешниҳодҳоро таҳия менамояд;2.4. Бехатарӣ:• Саривақт нусхабардорӣ ва нигоҳдории маълумотро амалӣ мекунад.• Таҷдиди низоми зиддивирусӣ (замина, иҷозатнома);• Иҷрои тафтиши мунтазами мавҷудияти вирусҳои компютерӣ дар низом;• Байқайдгирии истифодабарандагон, таъин кардани идентификаторҳо ва рамзкалимаҳо. Мувофиқа кардани рӯйхати истифодабарандагон ва ҳуқуқҳои онҳо барои дастрасӣ бо роҳбари бевосита;• Бехатарии корро дар низом таъмин мекунад;• Нигоҳдории ҳуҷҷатҳоро дар рафти кор, нигоҳдории маълумот, заминаи иттилоотиро таъмин менамояд;• Муқарраркунии маҳдудият барои истифодабарандагон тибқи: Истифодаи истгоҳи корӣ ё сервер;Вақт;Дараҷаи истифодаи захираҳо;
Администратор,
04.06.2026 15:59,
Хуҷанд
Шартномавӣ
Таҳиягари Backend - GoLang
Вазифаҳо ва масъулиятҳои асосӣ:• Тарҳрезӣ, эҷод ва татбиқи замимаҳои пуштибонӣ ва хидматрасониҳои хурд дар Golang• Таҳия ва нигоҳ доштани API-ҳои RESTful ва gRPC барои ҳамкорӣ бо дигар хидматҳо ва мизоҷон• Рефакторинг, рафъи монеаҳо ва оптимизатсияи дархостҳои SQL/NoSQL• Таҳлил ва оптимизатсияи коди мавҷуда барои беҳтар кардани кор• Иштирок дар тарҳрезии микросервисҳо ва меъмории системаҳои тақсимшуда• Якҷоякунӣ бо пойгоҳи додаҳои гуногун (PostgreSQL, MySQL, MongoDB ва ғайра)• Бартараф кардани хатогиҳо ва мушкилот дар барномаҳо• Муошират бо таҳиягарони фронтенд, муҳандисони таҳиякунанда ва дигар аъзоёни даста барои татбиқи қарорҳои мураккаб• Ҳуҷҷатгузорӣ кардани код ва равандҳо• Таъмини бехатарӣ ва мониторингТахассус ва малакаҳои зарурӣ:• Маълумоти олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ• Таҷриба бо GoLang зиёда аз 1 сол• Фаҳмидани принсипҳои барномасозии ба объект нигаронидашуда (OOП) ва намунаҳои тарҳрезӣ• Таҷриба бо системаҳои идоракунии версияҳо (Git)• Таҷриба бо PostgreSQL, MySQL• Таҷриба бо протоколи AMQP• Фаҳмидани принсипҳои REST, gRPC• Таҷриба дар системаҳои тақсимшуда ва дарки масъалаҳои миқёспазирӣ ва таҳаммулпазирии хатогиҳо• Таҷриба дар таҳияи борбардорӣ як плюс хоҳад буд• Қобилияти қабули қарорҳои меъморӣ, истифодаи намунаҳои тарҳрезӣ• Қобилияти тақсим ва баҳодиҳии вазифаҳо• Қобилияти фаҳмидани рамзи одамони дигар• Хоҳиши омӯхтани чизҳои нав, ҳалли масъалаҳои ҷолиб ва рушд дар соҳаи барномасозӣДовталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба hr@icb.tj ирсол намоянд.
Инвестиционно-Кредитный банк,
09.06.2026 16:38,
Душанбе
Шартномавӣ
Лид-менеджер
Мо киро меҷӯем Ба мо коргари фаъол, хушмуомила ва масъулиятнок лозим аст, ки бо мизоҷон телефонӣ кор карда тавонад. Шумо намефурӯшед — шумо танҳо муштарии воқеиро ҷудо мекунед. ⸻ Вазифаҳо • Занг задан ба мизоҷоне, ки дархост мондаанд • Пурсидани саволҳои тайёр (скрипт дода мешавад) • Муайян кардани: • бюджет • район • вақти харид • мақсади харид • Сабт кардани маълумот дар CRM • Супурдани мизоҷи тайёр ба менеджери фурӯш ❗ Ягон фурӯши маҷбурӣ нест ❗ Ягон гаштугузор нест ❗ Танҳо телефон ва базаи тайёр ⸻ Талабот • Аз 18 то 28сола • Забони тоҷикӣ равон (русӣ бартарӣ) • Боварӣ ҳангоми гап задан • Масъулиятнок ва интизомнок • Таҷриба шарт нест — омӯзиш медиҳем ⸻ Мо пешниҳод мекунем • Маош + бонус аз ҳар муштарии тайёр • Скрипт ва омӯзиши пурра • Ҷойи кори бароҳат • Рушд то менеджери фурӯш • Кор дар соҳаи элитаи амволи ғайриманқул
Imkon Tower,
30.05.2026 10:13,
Душанбе
Шартномавӣ
Шартномавӣ
×
You need to pass document verification to proceed
Take a photo of document
Scan your face by camera
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Your document verification is now being processed.
This usually takes up to 60 minutes.
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
This account is verified by E-mongolia
Verify your account by E-Mongolia
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust