Корманди амалиётӣ
ҶДММ ТАҚХ OXUS яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои тиҷорат, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна медиҳад. OXUS Group инчунин дигар филиалҳо дорад, ки дар Қирғизистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд.
ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС” дар Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон, вилоятҳои Суғд, инчунин дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойҳои холӣ даъват менамояд
Вазифаи ишғолкунанда: Корманди амалиётӣ (1 нафар)
Ҷои фаъолият: шаҳри Кӯлоб
Вазифаҳои асоси:
• Санҷидани муштариён дар мавриди қарздор будан ё набудан тавассути барномаи қарзи ва ба воситаи табодули рӯйхатҳо бо дигар НХМ-и Тоҷикистон.
• Барои ба ҳисоб гирифтани маълумот дар низоми барномаи қарзи ва назорат кардани сифати иттилооти воридшаванда масъул мебошад;
• Ба қайд гирифтани аризаҳои воридшаванда барои қарзгирӣ дар барномаи қарзи;
• Ба қайд гирифтани маълумоти омории муштариён дар барномаи қарзи;
• Ба қайд гирифтани қарори Кумитаи қарзӣ оид ба муштариёни алоҳида дар барномаи қарзи;
• Фаъолкунии қарз дар барномаи қарзи;
• Ворид кардани маълумот дар бораи пардохти қарз дар барномаи қарзи;
• Баъди додани қарз мавриди санҷиш қарор додани ҳуҷҷатгузории қарзии муштарӣ дар робита ба мавҷудияти хатову нодурустиҳо;
• Масъул будан барои ҳифзу нигаҳдошти ҳуҷҷатгузории қарзи мавҷуда дар робита ба муштариён;
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти оли;
• Махорати иртиботии хуб. Бо забонхои точики ва руси харф задан;
• Малакаи кор бо кормпютер ва барномахои MS Office (Word, Excel);
• Тачрибаи кори дар дигар ташкилотҳо дастгири карда мешавад.
Шароити хуби кори:
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Сари вақт гирифтани музди меҳнат;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
• Имконияти болоравии мансабӣ.
Ба занҳо афзалият дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби мурочиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд:
шаҳри Кӯлоб, куч. Х. Назаров 4 (назди “Деҳқон бозор”)
Ё ин ки бо почтаи электронии зерин бо нишон додани - «Корманди амалиёти» дар мавзуи мактуб равон намоед kulyab.administration@oxus-tj.org ё ozoda.abbosova@oxus-tj.org
Муҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то 21 июни соли 2026.
Рақами телефон: (992) 988 35 28 62
Довталабоне, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ мебошанд, барои ҷалби минбаъда даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust