Тренер
Филиали ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардӯстонаи Good Neighbors (GNT) дар Ҷумҳурии ТоҷикистонТРЕНЕРОН барои гузаронидани омӯзиши «Омода намудани тренерон» (Training of Trainers – ToT). Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо: Аз 02.06.2026 то 23.06.2026Таҷрибаи корӣ (гузаронидани тадкикот): На кам аз се солҶойгиршавӣ: ш. ДушанбеНавъи шартнома: Шартномаи хидматрасонӣ кӯтоҳмуддатGood Neighbors созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Good Neighbors дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors (GNT) дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. Good Neighbors (GNT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд. Good Neighbors барои он вуҷуд дорад, ки ҷаҳонро ба макони бегуруснагӣ табдил диҳад, дар он ҷое ки мардум бо ҳам мувофик зиндагӣ мекунанд. Good Neighbors ба ҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг, мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва эътиқод эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд.Дар мувофиқа бо ҳадафҳои мо, Good Neighbor боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст.Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор ва сӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон ва шарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзиши ҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисоб меравад. Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо банди мазкурро пурра дарк намудаанд ва мувофики он амал мекунанд, лутфан ба https://www.goodneighbors.org/who/account нигаред.Эълон оид ба ҷалби ТРЕНЕРОН барои гузаронидани омӯзиши «Омода намудани тренерон» (Training of Trainers – ToT) дар самти кишоварзии рақамӣТашкилоти ғайритиҷоратӣ ва байналмилалии башардӯстонаи Good Neighbor дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (GNT) дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифодаи технологияҳои рақамии кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷирҳои арзиши маҳсулот» тренерони соҳибтаҷрибаро барои гузаронидани омӯзиши «Омода намудани тренерон» (Training of Trainers – ToT) ҷалб менамояд.Пас аз таҳия ва тасдиқи барномаи таълимӣ, тренерони интихобшуда вазифадор хоҳанд буд, ки омӯзишҳоро тибқи модули тасдиқшуда баргузор намуда, дониш ва малакаҳои заруриро ба фасилитаторҳо, интиқол диҳанд. Мавзӯъҳои асосии омӯзиш:• Саводнокии рақамӣ;• Платформаҳои рақамии бозорӣ;• Асбобҳо ва хизматрасониҳои иттилооти иқлимӣ;• Барномаҳои машваратии кишоварзӣ;• Истифодаи бехатар ва самараноки асбобҳои рақамӣ, аз ҷумла истифодаи бехатари интернет.Вазифаҳо ва уҳдадориҳои асосӣТренерони интихобшуда вазифадор хоҳанд буд:• Омӯзиши сераӯзаро барои фасилитаторҳо тибқи нақша ва ҷадвали тасдиқшуда баргузор намоянд;• Машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро бо истифода аз усулҳои интерактивии омӯзишӣ гузаронанд;• Ба иштирокчиён дониш ва малакаҳои заруриро оид ба истифодаи технологияҳо ва воситаҳои рақамии кишоварзӣ интиқол диҳанд;• Истифодаи платформаҳои рақамии бозорӣ, хизматрасониҳои иттилооти иқлимӣ ва барномаҳои машваратии рақамиро ба таври амалӣ намоиш диҳанд;• Иштирокчиёнро барои истифодаи бехатар ва самараноки интернет ва воситаҳои рақамӣ омода намоянд;• Муҳити мусоиди омӯзиширо таъмин намуда, иштироки фаъоли ҳамаи шунавандагонро ҳавасманд гардонанд;• Арзёбии сатҳи дониш ва малакаҳои иштирокчиёнро пеш аз омӯзиш ва баъд аз анҷоми он гузаронанд;• Тавсияҳо ва машваратҳои заруриро барои такмили фаъолияти минбаъдаи фасилитаторҳо пешниҳод намоянд;• Рӯйхати иштирокчиён, натиҷаҳои арзёбӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба омӯзишро тартиб диҳанд;• Ҳисоботи мухтасар оид ба раванди омӯзиш, натиҷаҳо, мушкилот ва тавсияҳоро ба ташкилот пешниҳод намоянд;• Бо ҳайати лоиҳа ва намояндагони ташкилот барои таъмини сифати омӯзиш ҳамкории зич намоянд.Самтҳои асосии омӯзиш• Усулҳои самараноки гузаронидани омӯзишҳо оид ба малакаҳои рақамӣ;• Истифодаи платформаҳои бозорӣ, иттилооти иқлимӣ ва хизматрасониҳои машваратӣ мувофиқи модули тасдиқшуда;• Методологияҳои омӯзиши калонсолон ва усулҳои фасилитатсия.Натиҷаҳои интизоршаванда• Баланд бардоштани малакҳои фасилитаторҳо ва омода намудани онҳо барои омӯзонидани деҳқонон ва ҷавонон дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа;• Пешниҳоди ҳисоботи омӯзишӣ ва натиҷаҳои арзёбӣ;• Таъмини истифодаи ягонаи модули таълимӣ дар тамоми минтақаҳои татбиқи лоиҳа.Талабот ба довталаб• Маълумоти олӣ дар соҳаҳои маориф, технологияҳои иттилоотӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот ё дигар самтҳои марбут;• На камтар аз 5 сол таҷрибаи гузаронидани омӯзишҳо ва барномаҳои баланд бардоштани иқтидор;• Таҷрибаи гузаронидани омӯзиши «Омода намудани тренерон» (Training of Trainers – ToT).• Дониши хуб оид ба саводнокии рақамӣ ва технологияҳои рақамӣ;• Таҷрибаи кор бо деҳқонон, ҷавонон ё кормандони хизматрасониҳои машваратии кишоварзӣ бартарӣ ҳисобида мешавад;• Донистани методологияҳои омӯзиши калонсолон;• Маҳорати баланди муошират, фасилитатсия ва омодасозии ҳисоботҳо;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ мебошад (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад).Давомнокӣ ва шартҳои кор• Давомнокии кор: тибқи нақшаи лоиҳа (кӯтоҳмуддат);• Шакли ҷалб: шартномавӣ;• Ҷойи иҷрои кор: Ҷумҳурии Тоҷикистон Маълумоти иловагиро дар бораи ҷойи кории холӣ ТАНҲО ҳангоми мусоҳиба гирифтан мумкин аст.РЕЗЮМЕ ва ё ШАКЛИ АНКЕТАИ “GOOD NEIGHBORS” (анкетаи ташкилотро пурсед ё ба ташкилот муроҷиат намоед – суроға дар зер нишон дода шудааст) ва ба суроғаи электронии зерин фиристед: gnt.humanresources@gmail.com ва arina.nam@goodneighbors.org ва gnt.info@goodneighbors.org Суроғаи ташкилот: ш.Душанбе, кӯч. Г. Завқибекова 34/3 (назди театри лухтак, Стадиони «Спартак», Боғи бачагона).Маълумоти иловагиро оид ба ташкилот метавонед дар сомонаҳои зерин пайдо намоед: www.goodneighbors.org www.goodneighbors.tj https://www.facebook.com/gntajikistan/ https://www.instagram.com/goodneighbors_tj/https://www.linkedin.com/company/15834558/
Good Neighbors Tajikistan,
03.06.2026 20:12,
Душанбе
Ҷои кор »
Маориф, фарҳанг, санъат