Мушовири ҳуқуқии калон
ҶДММ «ТАКОМ» - оператори ватании алоқаи мобилӣ, ки таҳти бренди ZET – Mobile фаъолият намуда, барои мизоҷони худ хизматрасонии алоқаи муосир, аз ҷумла телефонияи мобилӣ, собит ва интернет, ҳамчунин қарорҳои инноватсиониро барои бизнес ва ҳаёти ҳаррузаи мизоҷони худ пешниҳод менамояд, номзадҳои арзандаро барои ишғоли вазифаи МУШОВИРИ ҲУҚУҚИИ КАЛОН баррасӣ менамояд!
Вазифаҳои асосӣ:
Таҳияи лоихахои шартномахо, созишномахо ва дигар ҳуҷҷатҳои Чамъият;
Экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳо, мувофика намудани лоихахои хуччатхо (аз он чумла дар системаҳои электрони);
Пешниходи машваратхо / шарҳ тибки Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Барраси ва омода намудани мактубхо, иддаохо, аризахо, шикоятхо ва дигар хуччатхо вобаста ба масъалахои гуногун, аз он чумла суди;
Химояи манфиатхои Чамъият дар судхо ва дигар макомоти давлати;
Дастгирии хукуки хангоми омода намудани хуччатхо дар нотариус ва дигар макомотхо;
Дигар супоришхои хизмати вобаста ба вазифаи ишголнамуда.
Талаботҳои асосӣ:
↗Маълумоти олӣ – Ҳуқуқшинос;
↗Таҷрибаи корӣ на кам аз 3 сол дар ин соҳа;
↗Дараҷаи баланди этикети корӣ;
↗Малакаҳои хуби равобит;
↗Масъулияти баланд ва малакаи муташаккилӣ;
↗Омодагӣ ба қабули дониши нав ва омӯзиш;
↗Истифодабарандаи хуби компютери шахсӣ ва системаҳои муосири иттилоотӣ;
↗Донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (малакаҳои хуби шифоҳӣ ва хаттӣ);
↗Донистани забони англисӣ – бартарият дорад;
↗Донистани қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бартарияти мо:
Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;
Офиси замонавӣ дар маркази ш.Душанбе (МТ «Созидание»);
Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2;
Музди меҳнати рақобатпазир;
Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;
Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ.
Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 15 июли соли 2026 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).
Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “Мушовири ҳуқуқии калон” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад.
Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust