Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон Балхи
ҶДММ ТАҚХ OXUS яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои тиҷорат, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна медиҳад. OXUS Group инчунин дигар филиалҳо дорад, ки дар Қирғизистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд.
ҶДММ ТАҚХ OXUS, ки дар зиёда аз 35 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда, довталабонро барои ишғоли ҷойҳои холӣ даъват менамояд.
Вазифаи ишғолкунанда:Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон (1 нафар)
Ҷои фаъолият: ноҳияи Ҷ. Балхи
Вазифаҳои асоси:
• Машварат додан ба мизоҷони эҳтимолӣ ва фаъол дар бораи маҳсулотҳои қарзии Ташкилот, муайян кардани талаботи мизоҷон ва пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ, ки ба талаботҳои эълоншуда ҷавобгу мебошанд;
• Муайянкунии шахсияти мизоҷон аз рӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;
• Мусоидат ба мизоҷон дар пуркунии варақаҳои лозимӣ;
• Пур кардании аризаи электронӣ ва ворид кардани маълумоти зарурӣ дар бораи қарзгирандагон;
• Дар рафти хизматрасонӣ ба мизоҷон маълумотҳои гирифта шударо дуруст ва бехато ворид намудан;
• Чоп кардан ва нигоҳ доштани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо зарур мебошанд;
• Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо;
• Гузаронидани расмиёти фаҳмондадиҳӣ ва имзогузории шартномаҳо ҳангоми додани қарз;
Шароити хуби кори:
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Сари вақт гирифтани музди меҳнатӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
Ба афзалият дода мешавад.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби мурочиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд:
нохияи Ҷ. Балхӣ (Руми), шахраки С.Исоев, кучаи Айни, хонаи 16, хуҷраи 2,
Ё ин ки бо почтаи электронии зерин бо нишон додани - « Мутахассиси Қарздиҳӣ » дар мавзуи мактуб равон намоед
kurgantube.administration@oxus-tj.org ё recruitment@oxus-tj.org
Муҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то 13 августи соли 2026.
Рақами телефон: (992) 918 23 06 85
Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust