Посбон дар ш.Бохтар

Бохтар (Курғон-Теппа)
Санаи ҷойгиршавӣ: Дирӯз 11:37 ID эълон: 16722194
  • Таҷриба: аз 3 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: FURUZ
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Микрокредитная депозитная организация
Ҷойгиршавӣ: Бохтар (Курғон-Теппа)

Ташкилоти Амонатии Қарзи Хурд «ФУРУЗ» яке аз ташкилотҳои пешсафи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2006 инҷониб ба рушди соҳибкории хурду миёна ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ мусоидат менамояд.

Имрӯз ФУРУЗ зиёда аз 270 нафар корманди касбӣ ва 15 марказҳои хизматрасониро муттаҳид намуда, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами идоракунӣ ва технологияҳои муосир ба мизоҷони худ хизматрасониҳои босифат пешниҳод мекунад. Муассисон ва сармоягузорони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.

Вазифаи кор:

• Дар вақти навбатдории худ нигоҳдории ҳамаи бинои идора ва молу мулки Ташкилотро таъмин намояд.

• Пеш аз он, ки коргарон идораро тарк мекунанд, Посбон бояд боварии комил ҳосил намояд, ки дар ҳамаи утокҳо қувваи барқ, чароғҳо, компютерҳо, гармкунакҳо хомуш ва ҳамаи дарҳо маҳкам шуданд.

• Дар вақти навбатдории худ (рӯзона ё шабона) бояд объектҳои нигоҳдоштаро мунтазам гашта боварӣ ҳосил намояд, ки ҳамааш хуб ва безараррасонӣ аст.

• Ба идора бо худ овардани ягон рафиқ ва истеъмоли нушокии спиртӣ ва маводҳои нашъадор қатъиян манъ аст.

• Баъди ба охир расидани вақти кориаш, Посбон бояд ҳамаи объектҳои нигоҳдоштаро, супорад.

Талабот:

• Маълумоти миёна

• Ҳолати хуби ҷисмонӣ

• Дар коллектив кор карда тавонистан.

Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридораи Ташкилоти қарзии “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.

Телефон барои маълумот: 7272, 988 35 08 48.

Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.

Эълонҳои монанд

  • Намояндаи фуруш дар ш.Бохтар
    Ба ширкати хурокворӣ дар ш.Бохтар, дар асоси доимӣ, намояндаи фуруш лозим. Барои маълумоти бештар, ба рақамҳои 900445288 занг занед.
    F.S., 26.06.2026 20:58, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Тиҷорат, савдои чакана
  • Директори филиал дар ш.Бохтар
    ӮҲДАДОРИҲОИ АСОСӢ: • Назорат ва роҳбарӣ мекунад ба иҷрои нақшаҳои стратегӣ ва амалиётӣ, аз ҷумла таъмини бозгардони қарзҳо ва пардохти фоизҳо, коҳиши сандуқи зери хавф, афзоиши мизоҷон ва сандуқҳои қарзӣ ва амонатӣ, ҳамчунин зиёдшавии амалиётҳои интиқоли маблағ ва ивази асъор;• Ҳамчун роҳбар дар ташкил ва нигоҳдории дастаи касбӣ тибқи сиёсату дастурамалҳои ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА» фаъолият мекунад, тағйиротро ба аъзои даста сари вақт мерасонад ва гардиши кадрҳоро дар сатҳи қобили қабул нигоҳ медорад;• Назорати фаъолияти кормандони филиалро ба мақсади таъмин намудани самаранокӣ анҷом медиҳад. Ҳангоми қабул, баҳогузорӣ ва рушди кормандон стандартҳои ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА»-ро риоя мекунад. Қарорҳои марбут ба қабулу озодкунӣ ё таъйинотро тибқи Дастурамал ва бо иҷозати Раёсат амалӣ месозад;• Ба омӯзиш ниёз доштани кормандони филиалро муайян менамояд; • Ба андозаи зарурат дар рафти банақшагирии стратегӣ ва банақшагирии ҳарсолаи амалиётии ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА» фаъолона иштирок менамояд;• Ҳисоботҳои молиявии филиалро омӯхта, дар онҳо моддаҳои асосии даромаднокӣ ва соҳаҳои имконпазири хавфнокро алоҳида қайд мекунад;• Барои қавӣ гардонидани рӯҳи дастаҷамъӣ дар коллектив ва ҳисси садоқат ба мароми ташкилот, бо дигар филиалҳои минтақа ва шӯъбаҳои Идораи марказӣ муносибатҳои хубу дустонаро пайгирӣ мекунад.ИХТИСОСИ МАТЛУБ:• Таҷрибаи на кам аз 2-солаи корӣ дар бонк ё ташкилоти маблағгузории хурд;• Маълмуоти олӣ дар соҳаи молия ё иқтисодиёт;• Донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ. Донистани забони англисӣ ҳамчун афзалият пазируфта мешавад;• Донистани барномаҳои компютерӣ: Word, Excel ва ғайра;• Малакаҳои аълодараҷаи муошират ва маҳорати дар даста / коллектив кор кардан;• Таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунанда;• Дақиқӣ ва пурдиққатӣ ҳангоми иҷрои кор;• Софдилӣ, ташаббускорӣ, маҳорати мустақилона кор кардан;• Маҳорати идоракунии кадрҳо:• Маҳорати баҳогузорӣ кардан ва ба кор гирифтани кормандони нав, ҳавасманд гардонидани онҳо, таълимдиҳӣ ва инкишоф додани кормандон.________________________________________Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. ________________________________________Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 07 июли соли 2026 ба суроғаи ш. Душанбе, кӯч. Ҷ. Расулов 9, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (44) 600 23 23Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
    ФИНКА Таджикистан, 23.06.2026 16:09, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    Furuz Furuz

    Дар сайт аз сен, 2020

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Тасдиқи ҳуҷҷатҳоро гузаред
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust