Рохбари автопарк

Душанбе
Санаи ҷойгиршавӣ: 21.07.2026 16:29 ID эълон: 16751593
  • Таҷриба: аз 3 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ул.Айни 64
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Дистрбуция
Ҷойгиршавӣ: Душанбе

ҶОЙИ КОРИИ ХОЛӢ — РОҲБАРИ АВТОПАРК

Мо барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ роҳбари автопаркро ҷустуҷӯ менамоем.

Вазифаҳо:

- Идора намудани автопарки корхона (нақлиёти боркаш, сабукрав ва техникаи борбардори анборӣ);

- Ташкили саривақтии хизматрасонии техникӣ, таъмир ва баровардани техника ба хатсайр;

- Назорати масрафи сӯзишворӣ ва маводи молиданӣ, пешбурди варақаҳои роҳ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ;

- Идора намудани ҳайати ронандагон, назорати интизом ва ҷадвали корӣ;

- Таъмини риояи меъёрҳои санитарии нақлиёт барои интиқоли маҳсулоти хӯрокворӣ.

Талабот:

- Маълумоти техникии соҳавӣ (олӣ ё миёнаи махсус);

- Таҷрибаи корӣ ба ҳайси роҳбари автопарк ё сармеханик на камтар аз 3 сол;

- Донистани сохтори техникаи боркаш ва қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бор;

- Малакаи кор бо барномаҳои мониторинги GPS ва низоми назорати сӯзишворӣ;

- Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва идоракунӣ.

Шароитҳои кор:

- Ба кор қабул намудан тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Маоши устувор (ҳаҷм дар рафти суҳбати корӣ муайян карда мешавад);

- Ҷадвали корӣ: 6/1, аз соати 08:00 то 17:00;

- Кор дар ҳудуди корхонаи нав ва муосир.

Тарзи муроҷиат:

- Номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электрони ирсол намоянд.

Мавзӯи нома: «Роҳбари автопарк».

Эълонҳои монанд

  • Сардори шуъбаи логистика ва анбор
    Мо дар ҷустуҷӯи: сардори шуъбаи логистика ва анбор Вазифаҳои асосӣ: • ташкил ва идоракунии фаъолияти анбори маҳсулоти тайёр; • назорати қабул, нигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ ва боркунии маҳсулот; • таъмини дурусти ҷойгиркунӣ ва нигоҳдории маҳсулот дар анбор; • назорати бақияи маҳсулот ва гузаронидани инвентаризатсия; • ташкил ва назорати саривақтии интиқоли маҳсулот ба мизоҷон; • банақшагирии масирҳои расонидани бор ва назорати кори нақлиёт; • ҳамоҳангсозии кори ронандагон ва кормандони анбор; • назорати ҳуҷҷатҳои вобаста ба қабул, барориш ва интиқоли маҳсулот; • омода намудани ҳисоботҳои зарурӣ оид ба фаъолияти анбор ва логистика; • таҳия ва татбиқи роҳҳои беҳтар намудани равандҳои корӣ. Талабот: • маълумоти олӣ (логистика, иқтисод, менеҷмент ё самти вобаста); • таҷрибаи корӣ дар соҳаи логистика, анбор ё тақсимоти маҳсулот на кам аз 3 сол; • таҷрибаи идоракунии кормандон; • донистани принсипҳои ташкили кори анбор ва равандҳои логистикӣ; • малакаи кор бо ҳуҷҷатҳои анборӣ ва ҳисоботҳо; • қобилияти банақшагирӣ ва назорати равандҳои корӣ; • масъулиятшиносӣ, интизомнокӣ ва қобилияти қабули қарорҳои мустақил; • таҷриба дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ дорад. Шароити корӣ: • кори доимӣ дар ширкати рушдёбанда; • графики корӣ: аз соати 08:00 то 17:00; • муҳити хуби корӣ ва дастаи касбӣ; • маоши муносиб вобаста ба таҷриба ва малака; • имконияти рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ. Довталабони ҳавасманд метавонанд резюме (cv)-и худро ба суроғаи электронии зерин ирсол намоянд: E-mail: business_hr_1@mail.ru дар мавзӯи мактуб лутфан вазифаи интихобшударо нишон диҳед: «сардори шуъбаи логистика ва анбор».
    HR, 22.07.2026 17:09, Душанбе
    Ҷои кор » Роҳбарон
  • Роҳбари департаменти маркетинг
    Бренди қавӣ созед. Ба рушди Бонк таъсир расонед. Ба дастаи ICB ҳамроҳ шавед!Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) барои идораи марказии худ дар шаҳри Душанбе Роҳбари департаменти маркетинг-ро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.Мо роҳбареро меҷӯем, ки эҷодкор, ташаббускор, дорои тафаккури стратегӣ ва ҳамеша бо тамоюлҳои нави маркетинг ҳамқадам бошад. Агар шумо метавонед идеяҳои навро ба натиҷаҳои воқеӣ табдил диҳед ва дастаи худро илҳом бахшед, мо шуморо интизорем.Ӯҳдадориҳо:• Таҳия ва татбиқи стратегияи маркетингии Бонк;• Рушд ва таҳкими бренди Бонк;• Банақшагирӣ ва назорати буҷети маркетинг;• Омода, ҳамоҳанг ва назорат намудани иҷрои нақшаи маркетинг;• Ташкил ва амалисозии маъракаҳои таблиғотӣ ва пешбурди маҳсулоту хизматрасониҳои бонкӣ;• Рушди маркетинги рақамӣ ва таҳлили самаранокии фаъолияти маркетингӣ;• Таҳлили бозор, рақибон ва талаботи мизоҷон;• Роҳбарӣ ба ҳайати кормандони департаменти маркетинг ва рушди онҳо;• Пешниҳод ва татбиқи идеяҳо ва лоиҳаҳои нави маркетингӣ.Талабот:• Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи маркетинг, идоракунии бизнес ё самтҳои марбут;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи маркетинг на камтар аз 5–7 сол, афзалият дар бахши бонкӣ;• Таҷрибаи амалӣ дар таҳияи стратегияҳои маркетингӣ ва ребрендинг;• Дониши маркетинги рақамӣ, таҳлили маркетинг ва идоракунии бренд;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;• Тафаккури эҷодкорона, ташаббускорӣ ва қобилияти пешниҳоди ғояҳои нав;• Огоҳӣ аз тамоюлҳои муосири маркетинг ва омодагӣ барои татбиқи онҳо;• Тафаккури стратегӣ ва системавӣ;• Малакаҳои баланди роҳбарӣ, муошират ва ташкилкунӣ;• Ҳавасмандӣ барои омӯзиш ва рушди касбӣ.Мо пешниҳод менамоем:• Кор дар идораи марказии Бонк дар шаҳри Душанбе;• Имконияти роҳбарӣ ба лоиҳаҳои муҳими маркетингӣ;• Имкониятҳои омӯзиш ва рушди касбӣ;• Муҳити муосири корӣ ва дастаи касбӣ;• Имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ;• Реҷаи корӣ: Душанбе – Ҷумъа, аз соати 08:00 то 17:00.📩 Резюмеи худро ирсол намоед: hr@icb.tj
    Инвестиционно-Кредитный банк, 15.07.2026 11:20, Душанбе
    Ҷои кор » Роҳбарон
  • Директор дар самти истеҳсолот
    Ширкати мо ба ҷустуҷуи директори ботаҷриба ва роҳбари касби даъват менамояд. Вазифаҳои асоси: -Идоракунии умумии фаъолияти ширкат -Таҳия ва татбиқи стратегияҳои рушди тиҷорат -Назорати равандҳои молияви ва амалиёти -Баланд бардоштани самаранокии кор ва даромадноки -Муносибат бо шарикон, мизоҷон ва мақомоти давлати -Идоракунии кормандон ва ташкили кори даста Талабот: -Маълумоти оли дар соҳаи иқтисод ё молия -Таҷрибаи кори дар вазифаи роҳбарикунанда на кам аз 5 сол -Қобилияти қабули қарорҳои стратеги ва идоракуни -Малакаҳои баланди роҳбари ва муошират. Суроға: н.Фирдавси, кучаи Қаҳҳоров 12 (ориентир мясокомбинат, южный) Тел: 938 60 84 50
    ТТТ, 05.07.2026 19:54, Душанбе
    Ҷои кор » Роҳбарон
  • Мутахассис оид ба назорати сифат
    Чойи кории холӣ — мутахассис оид ба назорати сифат Мо барои ҳамроҳ шудан ба дастаи худ мутахассис оид ба назорати сифатро ҷустуҷӯ менамоем. Вазифаҳо: - назорати сифати ашёи хом, маводи бастабандӣ ва маҳсулоти тайёр дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолот; - гузаронидани таҳлилҳои физикӣ-кимиёвӣ ва органолептикӣ (мазза, ранг ва бӯй)-и нӯшокиҳо ва афшураҳо; - назорати риояи меъёрҳои санитарӣ ва гигиенӣ дар сехҳои истеҳсолӣ; - санҷиши дурустии пуркунӣ, маҳкамкунӣ ва тамғагузории маҳсулот (санаи истеҳсол, муҳлати истифода); - пешбурди журналҳои лабораторӣ, тартиб додани шиносномаҳои сифат ва ҳуҷҷатҳои техникӣ. Талабот: - маълумоти олӣ ё миёнаи махсус (дар соҳаҳои химия, биология, технология ё саноати хӯрокворӣ); - таҷрибаи корӣ дар лаборатория ё бахши назорати сифат на камтар аз 2 сол (таҷрибаи кор дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бартарӣ дорад); - донистани стандартҳои сифат ва усулҳои гузаронидани таҳлилҳои асосӣ (кислотнокӣ, brix/миқдори қанд, газнокӣ); - бодиққатӣ ба ҷузъиёт, дақиқкорӣ, масъулиятшиносӣ ва ростқавлӣ; - доштани дафтарчаи тиббӣ ё омодагӣ барои гирифтани он. Шароитҳои кор: - ба кор қабул намудан тибқи кодекси меҳнати ҷумҳурии тоҷикистон; - маоши устувор ва пардохти саривақтии он; - ҷадвали корӣ: 6/1, аз соати 08:00 то 17:00; - лабораторияи муҷаҳҳаз ва шароити хуби кор. Тарзи муроҷиат: - номзадҳои ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электрони ирсол намоянд. Мавзӯи нома: «мутахассис оид ба назорати сифат».
    HR, 21.07.2026 17:18, Душанбе
    Ҷои кор » Истеҳсолот, энергетика
  • Директори Тиҷоратӣ
    Директори тиҷоратӣ (Соҳаи FMCG) Ширкат: истеҳсолкунандаи маҳсулоти гӯштӣ (ҳасиб) ва маҳсулоти нимтайёри гӯштии яхкардашуда (тушбера, ғелак, котлет ва ғайра Макон: Душанбе Таҷрибаи корӣ: на камтар аз 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунанда (FMCG) Мо дар ҷустуҷӯи роҳбари стратегӣ ва пуртаҷриба ҳастем, ки масъулияти рушди фурӯш, таҳияи стратегияи тиҷоратӣ ва идоракунии тамоми равандҳои тиҷоратии ширкатро ба зимма мегирад. Ҳадафи асосии ин вазифа — афзоиши ҳиссаи бозор ва баланд бардоштани даромаднокии брендҳои ширкат мебошад. Масъулиятҳои асосӣ: Стратегия ва банақшагирӣ: Таҳия ва татбиқи стратегияи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати тиҷоратии ширкат. Идоракунии фурӯш: Назорат ва оптимизатсияи каналҳои фурӯш Идоракунии молиявӣ: Назорати P&L (фоида ва зарар), иҷрои нақшаҳои фурӯш ва идоракунии буҷети тиҷоратӣ. Маркетинг: Ҳамкорӣ бо шӯъбаи маркетинг барои гузаронидани аксияҳо ва баланд бардоштани шинохти бренд. Музокирот: Гузаронидани музокироти сатҳи баланд бо шарикони калидӣ ва шабакаҳои савдо. Идоракунии даста: Роҳбарӣ, ҳавасмандгардонӣ ва таълими кормандони шӯъбаи фурӯш. Талабот ба номзад: Маълумот: Маълумоти олии иқтисодӣ, идоракунӣ ё маркетинг (MBA афзалият дорад). Таҷриба: Таҷрибаи бомуваффақияти корӣ дар соҳаи FMCG (на камтар аз 1 сол дар вазифаи Директори фурӯш ё Директори тиҷоратӣ). Донишҳо: Донистани амиқи бозори FMCG, принсипҳои дистрибюторӣ ва логистика. Маҳорат: Қобилияти баланди таҳлилӣ, фикрронии стратегӣ ва маҳорати олии музокирот. Забондонӣ: Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (англисӣ афзалият дорад). Мо пешниҳод мекунем: Маоши баланд ва рақобатпазир + бонуси KPI
    Бовар савдо, 10.07.2026 15:54, Душанбе
    Ҷои кор » Роҳбарон
  • Ёрдамчии Роҳбари рушди тиҷорат / Assistant to the CBDO
    Вазифа: Ёрдамчии Роҳбари рушди тиҷоратВазифаҳои асосӣ:• Ҳамоҳангсозии кор байни воҳидҳои сохторӣ ва шарикон• Ҷамъоварӣ ва омода намудани ҳисоботҳо, маълумоти таҳлилӣ ва презентатсияҳо• Назорати иҷрои саривақтии супоришҳо• Ташкили вохӯриҳоТалабот:• Маълумоти олӣ• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (ҳатмӣ)• Донистани Microsoft Excel ва PowerPoint• Суръати баланди чоп кардан дар Microsoft Word• Қобилияти омода кардани ҳисоботҳо ва презентатсияҳо• Ташкилотчигӣ ва масъулиятшиносӣМо пешниҳод мекунем:• Музди меҳнати рақобатпазир• Бонусҳо вобаста ба натиҷаи кор• Пардохти алоқаи мобилӣ• Омӯзиш ва рушди касбӣ• Муҳити кории касбӣ дар ташкилоти байналмилалӣТанҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.________________________________________Vacancy: Assistant to the Chief Business Development OfficerKey Responsibilities:• Coordinate work between structural units and business partners• Collect and prepare reports, analytical materials, and presentations• Monitor timely execution of assigned tasks• Organize and schedule meetingsRequirements:• Higher education• Fluency in Tajik, Russian, and English (mandatory)• Proficiency in Microsoft Excel and PowerPoint• High typing speed in Microsoft Word• Ability to prepare reports and presentations• Strong organizational and responsibility skillsWe Offer:• Competitive salary• Performance-based bonuses• Mobile communication allowance• Training and professional development opportunities• Professional working environment in an international organizationOnly candidates who meet the requirements will be invited for an interview.
    ЛОЛС МОЛИЯ, Дирӯз 15:22, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Оператори хатти истеҳсолӣ
    Мо дар ҷустуҷӯи Оператори хатти истеҳсолӣ ҳастем!- Корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳо барои ишғоли вазифаи Оператори хатти истеҳсолӣ корманд қабул менамояд.Вазифаҳо:- Омода намудан, ба кор даровардан ва назорати фаъолияти хатти истеҳсолӣ;- Назорати сифати маҳсулот ва бастабандӣ;- Назорати риояи параметрҳои технологӣ;- Гузаронидани тозакунии санитарии таҷҳизот;- Пешбурди ҳуҷҷатгузории истеҳсолӣ;- Риояи стандартҳои сифат ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ.Талабот:- Маълумоти миёнаи махсус, техникӣ ё олӣ;- Таҷрибаи корӣ ба ҳайси оператор на камтар аз 1 сол;- Таҷрибаи кор дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ё хатҳои пуркунии нӯшокиҳо бартарӣ дорад;- Масъулиятшиносӣ, бодиққатӣ ва интизомнокӣ;- Дониши ибтидоии механика, қоидаҳои санитарӣ, HACCP ва GMP;- Донистани барномаҳои компютерӣ (Excel, Word, 1С).Мо пешниҳод мекунем:- Ба кори расмӣ қабул намудан;- Омӯзиш ва такмили ихтисос;- Имконияти рушди касбӣ ва болоравии мансаб;- Кор дар ширкати устувор ва рушдёбанда.- Синну сол: 25–45 сола (афзалият дорад).- Барои иштирок дар озмун, лутфан резюмеи худро ба почтаи электронии business_hr_1@mail.ru ирсол намоед.- Дар мавзӯи мактуб номи вазифаро «Оператори хатти истеҳсолӣ» нишон диҳед.
    HR, 22.07.2026 11:44, Душанбе
    Ҷои кор » Истеҳсолот, энергетика


  • Шартномавӣ
    HR

    Дар сайт аз июл, 2026

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Тасдиқи ҳуҷҷатҳоро гузаред
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust