Мутахассис оид ба маблаггузори
- Таҷриба: Бе таҷриба
- Ном ё суроғаи ширкат/корхона: Шохтемур 59
- Реҷаи кор: Рузона
- Самти фаъолияти ширкат/корхона: Банк
Вазифа: Мутахассиси маблағгузории исломӣ дар марказҳои савдо (фурӯши техника)
Макон: Марказҳои савдои калони шаҳр (Техносила, Волна, Ашан ва ғайра)
Шакли кор: Рӯзи кории пурра
Дар бораи ширкат:ҶСП «Ҳумо Банк» — яке аз панҷгонаи беҳтарин ташкилотҳои бонкии кишвар ва қисми холдинги байналмилалии Gojo & Company (Ҷопон) мебошад. Мо аввалин бонке ҳастем, ки дар марказҳои савдои кишвар маҳсулоти электроника ва техникаи рӯзгорро комилан тибқи принсипҳои Шариат (Равзанаи бонкии исломӣ) бо шартҳои муайян ва дастрас пешниҳод мекунем!
Вазифаҳои шумо:
- Машварат додани мизоҷон дар марказҳои савдо оид ба маҳсулоти молиявии исломӣ (Муробаҳа);
- Кӯмак ба мизоҷон дар интихоб ва харидории техника ва телефонҳо бо шарти насия (рассрочка);
- Қабули ҳуҷҷатҳо ва бақайдгирии шартномаҳо тавассути планшет ё компютер;
- Нигоҳ доштани муносибатҳои хуб бо фурӯшандагони маркази савдо.
Талаботи мо:
- Маҳорати хуби муошират ва қобилияти пайдо кардани забон бо мизоҷон;
- Хоҳиши омӯхтани принсипҳои бонкдории исломӣ (мо худамон ройгон меомӯзонем!);
- Кор бо компютер ё смартфон дар сатҳи корбар;
- Масъулиятшиносӣ ва озодаги;
- Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони ӯзбекӣ бартарӣ дорад).
Шароити мо:
- Музди меҳнати устувор: маоши собит + бонусҳои хуб барои ҳар як фурӯш (муоширати хуб = даромади баланд);
- Кор дар марказҳои савдои муосир ва гарм (дар дохили бино);
- Омӯзиши ройгон ва касбӣ аз ҷониби коршиносони бонкдории исломӣ;
- Имконияти хуби рушди мансабӣ дар сохтори Хумо Банк;
- Бақайдгирии расмии меҳнатӣ ва бастаи иҷтимоӣ.
Барои пур кардани анкета ба офиси Равзанаи Исломии Хумо дар чоррохаи спартак мурочиат кунед
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust