Сардори Шуъбаи қарзӣ
Тавсифи вазифа
• назорати фаъолияти Шӯъбаи қарзӣ;
• назорати таҳия ва иҷрои нақшаи кории кормандони Шӯъбаи қарзӣ (дар ҳолати зарурӣ ворид намудани тағйирот ба нақшаҳои корӣ);
• банақшагирӣ, ташкил ва иштирок дар ҷаласаҳои Кумитаи қарзии филиал;
• гузаронидани мониторинги банақшагирифтаи қарзҳои додашуда, инчунин банақшагирӣ ва ташкили санҷиши ногаҳонии қарзҳои додашуда;
• дар гузаронидани таҳлили иқтисодию молиявӣ ва арзёбии гарав тибқи «Низомнома дар бораи ваколат барои гузаронидани таҳлили иҷтимоию молиявии тиҷорати қарзгирандагон»;
• назорати татбиқи нақшаҳои рушди сандуқи қарзӣ аз ҷониби зердастон;
• идоракунии сифати сандуқи қарзӣ, таҳия ва татбиқи нақшаи корӣ нисбати қарзҳои мушкилситон мувофиқи Низомномаи Бонк;
• гузаронидани ҷаласаҳои нақшавӣ ва ғайринавбатии Шӯъбаи қарзӣ;
• омодасозии ҳисоботи ҳармоҳа оид ба фаъолияти Шӯъбаи қарзӣ ва пешниҳоди ҳисобот ба директори филиал;
• ташкил ва нигоҳ доштани муҳити мусоиди корӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар ташаккули рӯҳияи даставӣ дар дохили сохтор;
• иҷрои дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби директори филиал вогузор карда мешаванд.
Талабот
• собиқаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ на кам аз 3 сол;
• донистани заминаи меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи қарздиҳӣ;
• доштани малакаи кофӣ барои гузаронидани таҳлили молиявии фаъолияти қарзгирандагони эҳтимолии Бонк;
• малакаи гузаронидани омӯзиш барои кормандони соҳаи қарздиҳӣ;
• донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ ҳисобида мешавад);
• донистани барномаҳои компютерӣ (MS Office: Word, Excel, PowerPoint ва Outlook).
Эзоҳ: Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи вазифаи мазкур ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Шароити кор ва сатҳи музди меҳнат ба таври инфиродӣ баррасӣ карда мешаванд.
Лутфан, резюме (CV)-и худро бо забони тоҷикӣ ё русӣ то 30 августи соли 2026 ба суроғаи электронии info@capitaltrust.tj ирсол намоед.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust