Отдел кадр

Ваҳдат
Санаи ҷойгиршавӣ: Имрӯз 15:53 ID эълон: 16829611
  • Таҷриба: Дилхоҳ
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: г. Ваҳдат
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Производство
Ҷойгиршавӣ: Ваҳдат

📢 Ба кор даъват мекунем!

Вазифа: Мутахассиси шуъбаи кадрҳо (HR)

Ба дастаи мо як ҷавондухтари фаъол аз 18 то 30-сола лозим аст. Агар таҷриба надошта бошад ҳам, муҳим нест — мо худамон ӯро пурра омӯзиш медиҳем.

Талабот:

- Синну сол: 20–35 сол

- Қобилияти зуд аз худ кардани дониш

- Муоширати хуб ва сухани равшан

- Масъулиятшинос ва боинтизом

- Истифодаи оддии компютер (Word, Excel) бартарӣ дорад

- Хоҳиши рушд ва омӯзиш

Вазифаҳо:

- Қабули номзадҳо ва гузаронидани мусоҳиба

- Омода кардани ҳуҷҷатҳои кормандон

- Назорати ҳозиршавӣ ва интизоми кормандон

- Иштирок дар қабул ва мутобиқсозии кормандони нав

- Иҷрои дигар вазифаҳои шуъбаи кадрҳо

Мо пешниҳод мекунем:

- Омӯзиши пурра аз рӯзи аввал

- Муҳити хуби корӣ

- Имконияти рушд ва пешрафти касбӣ

- Маоши мувофиқ (ҳангоми мусоҳиба муайян карда мешавад)

📞 Барои маълумоти бештар ва фиристодани резюме бо мо дар тамос шавед.

Эълонҳои монанд

  • Рекрутер
    🔥 ВАКАНСИЯ: РЕКРУТЕР (FMCG) Ширкати рушдёбандаи мо дар соҳаи FMCG барои пурқувват намудани дастаи худ Рекрутери фаъол ва касбӣ ҷустуҷӯ менамояд. Агар шумо дар ёфтани истеъдодҳо маҳорат дошта бошед ва мехоҳед дар муҳити динамикӣ фаъолият кунед — ин имконият барои шумост! Вазифаҳои асосӣ: 🔹 Ҷустуҷӯ ва ҷалби номзадҳои беҳтарин барои вазифаҳои гуногун 🔹 Гузаронидани мусоҳиба ва арзёбии номзадҳо 🔹 Идоракунии пурраи раванди рекрутинг 🔹 Ҳамкорӣ бо роҳбарони шӯъбаҳо барои муайян кардани талаботи кадрӣ 🔹 Пешбурди базаи номзадҳо ва ҳисоботдиҳӣ Талабот: ✔ Таҷрибаи корӣ дар рекрутинг (афзалият дар FMCG) ✔ Малакаҳои хуби муошират ва гуфтушунид ✔ Қобилияти кор бо якчанд вакансия ҳамзамон ✔ Масъулиятнокӣ ва натиҷа-ориентированность ✔ Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ Мо пешниҳод мекунем: ✨ Маоши рақобатпазир ✨ Муҳити кори касбӣ ва динамикӣ ✨ Имконияти рушди касбӣ ✨ Кор дар ширкати муваффақ ва рушдёбанда 📩 Резюмеи худро ирсол намоед: Telegram / WhatsApp / Email 📞 Рақами тамос:555508001 🚀 Ба дастаи мо ҳамроҳ шавед ва қисми рушди бренди қавӣ гардед!
    Бовар Савдо, 24.07.2026 08:01, Душанбе
    Ҷои кор » Шӯъбаи кадрҳо
  • HR менеджер
    📢 ВАКАНСИЯ: HR МЕНЕҶЕР Ширкат барои васеъ намудани дастаи худ HR менеҷер (мутахассиси кадрҳо) ҷустуҷӯ мекунад. 🔹 Вазифаҳо: • Ҷустуҷӯ ва интихоби кормандони нав • Гузаронидани мусоҳибаҳо • Ташкили ҳуҷҷатҳои кадрӣ • Кӯмак дар мутобиқшавии кормандони нав • Назорати интизоми корӣ 🔹 Талабот: • Таҷриба дар соҳаи HR ё идоракунии кадрҳо • Қобилияти хуби муошират • Масъулиятнокӣ ва ташаббускорӣ • Донистани компютер (Word, Excel) Таҷрибаи корӣ дар соҳаи FMCG афзалият дорад 🔹 Мо пешниҳод мекунем: • Маоши рақобатпазир • Муҳити хуби корӣ • Имконияти рушд ва пешрафт 📍 Ҷойи кор: Душанбе 📞 Телефон: 555508001 📩 Резюме фиристед:
    Бовар Савдо, 24.07.2026 08:02, Душанбе
    Ҷои кор » Шӯъбаи кадрҳо
  • Котиба коргузор
    Корхонаи муштараки "Артел Авесто Электроникс" довталабони боистеъдодро ба вазифаи Котиба/коргузор (Ёвари роҳбар) даъват менамояд!Талабот ба довталаб:Таҳсилот: Олии нопурра ё олӣ.Забондонӣ: Донистани хуби забони тоҷикӣ ва русӣ.Маҳорати техникӣ: Кор бо компютер (MS Office: Word, Excel) ва таҷҳизоти коргоҳ (принтер, сканер).Хислатҳои шахсӣ: Масъулиятшиносӣ, хушмуомилагӣ, сари вақт ҳозир шудан ба кор ва риояи сирри корӣ.Таҷрибаи корӣ: Аз 1 сол боло (барои довталабони лаёқатманди бетаҷриба низ имконият ҳаст).Шароитҳои корӣ:Реҷаи корӣ: Аз соати 09:00 то 18:00 6 рӯз дар як ҳафта.Маош: дар вақти суҳбат гуфта мешавад. Барои тамос: Хоҳишмандон метавонанд тарҷумаи ҳоли худро (Резюме/CV) ба почтаи электронии мо hr.artel.avesto@gmail.com ва ё ба рақамҳои +992988768822 WhatsApp ва Telegram фиристанд
    Мухаммад, 14.07.2026 11:09, Душанбе
    Ҷои кор » Шӯъбаи кадрҳо
  • Коромӯзи шуъбаи қарзи филиал дар н. Рудаки
    Самтҳои асосии фаъолият:• Ҷустуҷӯи мизоҷони эҳтимолӣ ва пешбурди хизматрасониҳои бонкӣТалаботҳо• маълумоти олӣ (иқтисодӣ афзалият дорад);• истифодабари муваффақи MS Office;• донистани низоми бонкӣ;• донистани забонҳои тоҷикӣ (донистани забони русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ афзалият дорад). Сифатҳои шахсӣ:• бодиққат/покизакор будан;• поквиҷдон ва пухтакор будан;• доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;• доштани маҳорати бо зудӣ қабул намудани маълумотҳои ҳаҷман калон. Шартҳо/имкониятҳо:• барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;• рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2.• омӯзиши корпоративӣ;• имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан дар дохили бонк.Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани Коромӯзи шуъбаи қарзӣ филиал дар н. Рудакӣ ирсол намоед, ё ин ки анкетаро дар филиал пур карда супоред.Эзоҳ: ба суҳбат танҳо ҳамон довталабоне даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд.
    Спитамен Банк, 27.07.2026 13:59, Рӯдакӣ
    Ҷои кор » Шӯъбаи кадрҳо
  • Роҳбари департаменти маркетинг
    Бренди қавӣ созед. Ба рушди Бонк таъсир расонед. Ба дастаи ICB ҳамроҳ шавед!Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) барои идораи марказии худ дар шаҳри Душанбе Роҳбари департаменти маркетинг-ро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.Мо роҳбареро меҷӯем, ки эҷодкор, ташаббускор, дорои тафаккури стратегӣ ва ҳамеша бо тамоюлҳои нави маркетинг ҳамқадам бошад. Агар шумо метавонед идеяҳои навро ба натиҷаҳои воқеӣ табдил диҳед ва дастаи худро илҳом бахшед, мо шуморо интизорем.Ӯҳдадориҳо:• Таҳия ва татбиқи стратегияи маркетингии Бонк;• Рушд ва таҳкими бренди Бонк;• Банақшагирӣ ва назорати буҷети маркетинг;• Омода, ҳамоҳанг ва назорат намудани иҷрои нақшаи маркетинг;• Ташкил ва амалисозии маъракаҳои таблиғотӣ ва пешбурди маҳсулоту хизматрасониҳои бонкӣ;• Рушди маркетинги рақамӣ ва таҳлили самаранокии фаъолияти маркетингӣ;• Таҳлили бозор, рақибон ва талаботи мизоҷон;• Роҳбарӣ ба ҳайати кормандони департаменти маркетинг ва рушди онҳо;• Пешниҳод ва татбиқи идеяҳо ва лоиҳаҳои нави маркетингӣ.Талабот:• Маълумоти олии касбӣ дар соҳаи маркетинг, идоракунии бизнес ё самтҳои марбут;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи маркетинг на камтар аз 5–7 сол, афзалият дар бахши бонкӣ;• Таҷрибаи амалӣ дар таҳияи стратегияҳои маркетингӣ ва ребрендинг;• Дониши маркетинги рақамӣ, таҳлили маркетинг ва идоракунии бренд;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;• Тафаккури эҷодкорона, ташаббускорӣ ва қобилияти пешниҳоди ғояҳои нав;• Огоҳӣ аз тамоюлҳои муосири маркетинг ва омодагӣ барои татбиқи онҳо;• Тафаккури стратегӣ ва системавӣ;• Малакаҳои баланди роҳбарӣ, муошират ва ташкилкунӣ;• Ҳавасмандӣ барои омӯзиш ва рушди касбӣ.Мо пешниҳод менамоем:• Кор дар идораи марказии Бонк дар шаҳри Душанбе;• Имконияти роҳбарӣ ба лоиҳаҳои муҳими маркетингӣ;• Имкониятҳои омӯзиш ва рушди касбӣ;• Муҳити муосири корӣ ва дастаи касбӣ;• Имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ;• Реҷаи корӣ: Душанбе – Ҷумъа, аз соати 08:00 то 17:00.📩 Резюмеи худро ирсол намоед: hr@icb.tj
    Инвестиционно-Кредитный банк, 15.07.2026 11:20, Душанбе
    Ҷои кор » Роҳбарон
  • Ёрдамчии сардори шуъбаи кадрҳо
    Ширкати истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ барои пурра намудани ҳайати кормандони худ номзадҳоро ба вазифаи Ёрдамчии сардори шуъбаи кадрҳо ба кор даъват менамояд. Вазифаҳои асосӣ: * Омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои кадрӣ; * Ташаккул ва нигоҳдории парвандаҳои шахсии кормандон; * Кӯмак дар таҳияи фармонҳо оид ба қабул, интиқол ва озод намудани кормандон; * Бақайдгирӣ ва бойгонӣ намудани ҳуҷҷатҳо; * Пешбурди ҳуҷҷатгузории дохилии шуъбаи кадрҳо; * Иҷрои супоришҳои хизматии сардори шуъбаи кадрҳо; * Кӯмак дар раванди ҷалб ва интихоби кормандони нав. Талабот ба номзад: * Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус (самти ҳуқуқ, идоракунии захираҳои инсонӣ ё иқтисодӣ бартарӣ дорад); * Донистани асосҳои қонунгузории меҳнат; * Малакаи хуби кор бо компютер (MS Word, Excel); * Масъулиятшиносӣ, бодиққатӣ ва муоширати хуб; * Таҷрибаи корӣ дар соҳаи кадрҳо бартарӣ ҳисобида мешавад.
    Наҷибулло, 10.07.2026 10:22, Душанбе
    Ҷои кор » Шӯъбаи кадрҳо
  • Офис-менеҷер
    📢 ВАКАНСИЯ: ОФИС-МЕНЕҶЕР Ширкати «Амал», яке аз ширкатҳои пешсаф дар соҳаи фурӯши дарҳои премиум ва ламинат, барои пурзӯр намудани дастаи худ Офис-менеҷер қабул менамояд. Вазифаҳои асосӣ: ✅ Қабул ва истиқболи мизоҷон дар офис; ✅ Посух додан ба зангҳои телефонӣ ва паёмҳо; ✅ Тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва нигоҳдории онҳо; ✅ Ҳамоҳангсозии корҳои ҳаррӯзаи офис; ✅ Кӯмак ба менеҷерони фурӯш ва роҳбарият дар иҷрои вазифаҳо; ✅ Назорат ва нигоҳдории тартибу низоми офис. Талабот: ✔️ Муоширати хуб ва муносибати хуш бо мизоҷон; ✔️ Масъулиятшиносӣ, интизом ва дақиқкорӣ; ✔️ Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; ✔️ Малакаи хуби истифодаи компютер (Word, Excel ва интернет); ✔️ Таҷрибаи корӣ бартарӣ дорад, вале ҳатмӣ нест. Мо пешниҳод мекунем: 💰 Маоши рақобатпазир; 📚 Омӯзиши ройгон аз ҷониби ширкат; 📈 Имконияти рушд ва пешрафти касбӣ; 🤝 Муҳити дӯстона ва бароҳати корӣ; 🏢 Ҷои кори доимӣ дар ширкати боэътимод. Агар шумо шахси масъулиятшинос, хушмуомила ва фаъол бошед, моро ҳамроҳӣ намоед! 📩 Барои гирифтани маълумоти бештар ва ирсоли резюме бо мо дар тамос шавед.
    Диловар, 15.07.2026 12:34, Душанбе
    Ҷои кор » Кормандони маъмурӣ


  • Шартномавӣ
    Murad

    Дар сайт аз дек, 2017

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Тасдиқи ҳуҷҷатҳоро гузаред
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust